Бахтуҷамол Карамхудоев. Дар бораи ӯ чӣ медонем?

Карамхудоев-БахтулҷамолКарамхудоев Бахтулҷамол (12.2.1919, Хоруғ- 12.11.1990, ҳамон ҷо), ҳунарпешаи театр, коргардон. Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон (1962). Пас аз хатми Техникуми педагогии ш. Хоруғ (1936) муддате дар мактаби ҳафтсолаи ба номи С.М. Кирови ш. Хоруғ (ҳоло мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи С. Аноятшоев) кор кардааст. Ҳамзамон узви дастаи ҳаваскорони санъати он буд.

Соли 1940 ба ансамбли рақсу суруди Помир шуда, дар нахустин Даҳаи санъати тоҷик дар ш. Маскав (1941) иштирок кард. Ҳунарпешаи театр (1941-61), ҳамзамон коргардон (1944-61), саркоргардони Театри мусиқӣ-драмавии ш. Хоруғ ба номи А. Рўдакӣ (ҳоло Театри мусиқӣ-мазҳакавии ш. Хоруғ ба номи М. Назаров; 1961-74).

Карамхудоев аввал чун раққоси соҳибистеъдод, баъдан ҳамчун ҳунарпешаи бомаҳорат шуҳрат пайдор кард. Нақшҳои иҷрокардаи Карамхудоев: Сганарел («Табиби зўракӣ»-и Ж. Молйер, 1941), Муллорўзӣ («Найранги Майсара»-и Ҳ. Ҳакимзода, 1943), Шмага («Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Островский, 1946), Хушвақт («Тошбек ва Гулқурбон»-и М. Миршакар, 1947), Кочкарев («Зангирӣ»-и Н. Гогол, 1953) ва ғайра. Дар драмаҳои «Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло (1970), «Телеграмма ба Ленин»-и Ғ. Абдулло ва А. Атобоев (1976), «Соати бурҷи Кремл»-и Н. Погодин (1977) нақши В.И. Ленинро иҷро кардааст.

Карамхудоев дар саҳнаи театри ш. Хоруғ 45 нақш офаридааст. Беш аз 40 пйеса («Фарҳод дар Норак»-и С. Саидмуродов (1969), «Суруди кўҳсор»-и Ғ. Абдулло (1969), «Гули сиёҳ»-и С. Ҷамол ва ғайра)-ро дар саҳнаи театри мазкур гузоштааст. Карамхудоев дар баробари коргардонӣ зиёда аз 50 рақси миллиро низ таҳия кардааст.

Гурминҷ  Завқибеков аз ҷумлаи шогирдони ў буд. Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ» (1950), Байрақи Сурхи Меҳнат (1957), медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1965) сарфароз гардидааст.

 

Бозчоп аз Энсиклопедия миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 471.

Таҳияи Шаҳноза Садирзода, корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.