ПЕРЛ БАК – адиби амрикоиву чинӣ
Перл Бак – номест, ки на танҳо барои Амрико, балки барои адабиёти ҷаҳонии асри 20 ошност. Вай аввалин нависандаи зане шуд, ки дар соли 1938 барои трилогияи чинӣ ҷоизаи Нобел дар бахши адабиётро ба даст овард. Ин трилогия мунаққидон ва ҳамқаламони Бакро ба ҳайрат овард ва хонандагони чиниро чунон шигифтзада кард, ки онҳо бо асолати хоси шарқӣ аз амрикоӣ донистани вай худдорӣ карда, ба ӯ номи чинии Сай Ренҷуро лоиқ донистанд. Беҳтарин далел арзёбии Перл Бак аз ин қадршиносии чиниҳост, ки охири умр хост дар санги мазораш номи чинии ӯро ҳаккокӣ кунанд, на исми амрикоии ӯро.
Перл Бак 26 июни соли 1892 дар Ҳиллсборои иёлати Вирҷинияи ИМА таваллуд шудааст. Пас аз чанд моҳ волидони ӯ, ки мубаллиғони мазҳабӣ буданд, ба Чин рафтанд. Пас аз таҳсил дар интернати Шанхай вай ба Вирҷиния рафт ва дар соли 1914 Коллеҷи Рандолф Мейконро хатм кард. Баъдтар дар донишгоҳҳои Корнел (1926) ва Йел (1933) дараҷаи магистри санъатро гирифтааст.
Соли 1917 Перл бо як мубаллиғи мазҳабии амрикоӣ издивоҷ кард. Вай мехост, ки ба волидони кӯдакони ақлашон норасо кӯмак расонад, китоби «”Кӯдак”-ро навишт, ки ба камол нарасидааст»
Аввалин романи нашршудаи Перл Бак «”Боди шарқӣ, боди ғарбӣ” (1930) муноқишаи тамаддунҳои Шарқ ва Ғарб бахшида шудааст. Пас аз он романи «Earth» (1931), ба ҷоизаи Пулитсер (1932) сазовор шуд, нашр гардид. Ин роман дар бораи муборизаи деҳқони аз камбизоатӣ харобшуда барои ба даст оварданир қитъаи замини аздастрафтаи худ нақл мекунад. Пас аз ин трилогияи тарҷумаиҳолии волидони Перл Бак «Exdannie» (1936) ва «Angel-Warter» (1936), ки соли 1944 таҳти унвони умумии «Рӯҳ ва ҷисм » нашр шудаанд, пайдо шуданд. Соли 1938 нависанда барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт шуд. Соли 1983 Хадамоти Почтаи ИМА дар силсилаи «Big American» мӯҳри панҷ сентӣ бо портрети Перл Бак баровард.
Бузургтарин маҷмӯаи бойгонии ҳуҷҷатҳо ва асноди Перл Бак, ки аз соли 1931 ҷамъоварӣ шудааст, дар Маркази байналмилалии Перл Бак нигоҳ дошта мешавад.
Романҳои Перл Бак бо сабаби содагии услуб ва тарғиби арзишҳои анъанавӣ, инчунин қобилияти «барои расидан ба ҳама гуна аудитория дар байни омма маъмул буданд. Худи нависанда ҳеҷ гоҳ байни жанрҳои «ххурду бузург” фарқ намегузошт ва бовар надошт, ки роман танҳо барои чанд нафари интихобшуда пешбинӣ шудааст. Ӯ дар маҷмӯъ беш аз 70 китоб (аз ҷумла китобҳои кӯдакона, маҷмӯаҳои ҳикояҳо ва публитсистика) нашр кардааст.
Пас аз он соли 1931 романи «Замин» рўйи чоп омад, ки қариб ба 30 забон тарҷума шуда, ба навор гирифта, ба саҳна гузошта шуд. Якҷоя бо романи «Писарон», ки соли 1932 навишта шудааст ва романи «Хонаи вайрона», ки соли 1935 навишта шудааст, трилогияи «Макон – Замин»-ро ташкил медиҳад.
Романи «Модар», ки соли 1934 навишта шуда буд, образи зани оддии деҳқонеро, ки қувваи нодири рўҳонӣ дорад, офаридааст. Зиндагии ӯ аз меҳнати бепоён, нигоҳубину тарбияи фарзандон, бартараф кардани мушкилоту нобасомониҳои оилавӣ иборат аст.
Дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон Бак мавқеи мустаҳками зиддифашистӣ ишғол карда, қувваи зиёдеро ба рўзноманигорӣ сарф мекард.
Бак дар романи худ «Тухми аждаҳо», ки соли 1941 навишта шуда буд, муқобилияти далеронаи халқи Чинро ба таҷовузи Япония тасвир мекунад. Дар китоби «Суҳбат дар бораи Россия бо Маша Скотт», ки соли 1945 навишта шудааст, Бак ба ҳамфикрӣ байни халқҳои Амрико ва шўравӣ даъват мекунад.
Пас аз ҷанг, Бак як қатор романҳои ҳаррӯзаи равониро дар асоси маводҳои амрикоӣ эҷод кард: “Портрети як издивоҷ” (1945), “Зани бад” (1947), “Хешовандон” (1949) ва ғайра.
Нависанда соли 1953 китоби «Одаме, ки Чинро тағйир дод», ба ҳаёти Сун Ятсен бахшида шудааст, нашр кард. Перу Бак инчунин дорои китобҳо барои кӯдакон, якчанд ҷилд ҳикояҳо, песаҳо ва асрҳои тарҷумаиҳолии падар ва модараш мебошад.
Бак дар солхои охири ҳаёти худ баробарҳуқуқии сиёҳпўстонро ба муқобили мустамликадорӣ муҳофизат карда, аз хавфи ҷанги ядроӣ огоҳ мекард. Романи «Ба субҳ амр деҳ», ки соли 1959 ба табъ расида буд ва якчанд ҳикояҳое, ки маҷмуаи «Зани якум»-ро ташкил медоданд, ба ҳамин мавзуъҳо бахшида шудаанд.
Таҷрибаи бои ҳаётии ў, махсусан дар Чин, фаъолияти адабию ҷамъиятӣ, вохўриҳо бо бисёр ҳамзамонони машҳур дар ёддоштҳои ў «Чанд олами ман», ки соли 1954 ба табъ расида буд, тасвир ёфтааст.
“Насими Мағриб”, “Хоки хун”, “Писарон”, “Модар”, “Хонаҳои қисматшуда”, “Ин дили пурғурур”, “Меҳанпараст”, “Худоёни дигар”, “Насли аждаҳо”, “Шарҳи як арӯсӣ”, “Мардони Худо”, “Номае аз Пекин”, “Шайтон ҳаргиз намехобид” аз ҷумлаи романҳои машҳури ӯ мебошанд.
Перл Бак 6 марти соли 1973, замоне, ки 80 сол дошт дар иёлати Вермонти ИМА аз олам даргузашт.
Таҳияи Фархунда ҶӮРАЗОДА, таҷрибаомӯзи Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои Китобхонаи миллӣ.