Қадри зар заргар бидонад. Мастона Эргашева дар шинохти Дӯстмурод Алиев
Фарзанди барўманди миллати тоҷик, овозхони маҳбуби халқ, Дўстмурод Алиевро аз давраҳои донишҷўияш мешиносам. (Худо раҳматаш кунад) Соли 1969 ман ба факултаи санъат, шўъбаи актёрии донишкадаи педагогии ба номи Қандил Ҷўраев (баъд Институти давлатии санъати Тоҷикистон) дохил шудам.
Дўстмурод бошад соли 1970 ба факултаи маданӣ – равшаннамоӣ, шўъбаи мусиқӣ ва суруд дохил шуда буд. Ҳамон солҳо дар Тоҷикконсерт дастаҳои ҳунарӣ амал мекарданд, ки директораш Наримон Эргашов буд. Аз мо донишҷўёни ҳунарманд низ як дастаи ҳунарӣ ташкил карданд, ки ба он Мирзоватан Миров, Файзали Ҳасанов, Ҳалим Сангин, худи ман, Дўстмурод Алиев ва чанде дигарон шомил будем.
Мо бо барномаҳои пурмазмуну гуногуни мусиқӣ ба сафарҳои ҳунарӣ баромада, дар назди заҳматкащони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баромад мекардем. Вақте аввалин бор овози маҳину ширину диапозони баланддоштаи ўро шунидам, мафтуни овози ширадораш гаштам. Овози ўро бо забони мусиқӣ «тенори лирикӣ» мегўянд. Бисёр бачаи шўху зебопараст буд. Дар ҳама баромадҳояш мухлисонаш зиёд мешуданд. Ба маҳораташ аҳсанҳо мегуфтанд. Бо қарсакҳои пурмавҷу давомдор ўро такроран ба саҳна мехонданд. Бузургии Дўстмурод дар он буд, ки ниҳоят хоксор ва бе кина буд. Аз ҳамин лиҳоз ҳамаи ҳамкурсон, ҳамкорон ва пиру барно ўро дўст медоштанд…
Дар давраҳои донишҷўи моро бисёр ба тўйҳо таклиф мекарданд. Дар ҳамаи баромадҳояш ўро хуб мепазируфтанд, ба маҳораташ қарсак мезаданду аҳсанаш мехонданд.
Хулоса ин марди ҳунар ба мусиқии Тоҷикистони азизамон навовариҳои зиёде кардааст, ки солиёни дароз барои ин миллати куҳанбунёд хизмат хоҳад кард. Ба муаллифи китоб додарам Сафар арзи сипос мекунам, ки хотираи ин марди наҷибро абадӣ гардондааст.
Бе рўи ту Файзобод, он мулки рафоқат нест,
Бе рўи ту Файзобод – он мушки шафоқат нест.
Аз Чашмаю аз Кўҳе, эй Дўст, туро ҷўям,
Дар шодиву андуҳе, эй Дўст, туро ҷўям.
Равонат шод бод, Дўстмуроди Алӣ!
Ҳунармандӣ халқии Тоҷикистон Мастона Эгашева.
Аз китоби “Ашкборон”-и Сафар Розиқов таҳияи Фирўза Таурова, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.