Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3 – уми июл
Соли 1683 дар Апем, наздикии Уинчестер шоири англис Эдуард Юнг ба дунё омад. Вай яке аз шоирони даврони эҳсосотгароӣ (сентиментализм) ба шумор мерафт.
Эдуард Юнг бо достони динӣ-дидактикии иборат аз ҳафт китоб бо номи “Шикоят ва ё мулоҳизаҳои шабона дар бораи ҳаёт, марг ва абадият” (The Complaint, or Night Thoughts on Life, Death, and Immortality, 1742—1745) машҳур шуд. Достонро ӯ аз таассуроташ аз марги ҳамсараш навишт.
Соли 1767 дар Норвегия аввалин шумораи рӯзномаи Adresseavisen чоп шуд, ки то ба имрӯз нашр мешавад. Ин як нашрияи минтақавӣ буда, ҳафтае 6 маротиба, ғайр аз рӯзи якшанбе дар шаҳри Тронхейм чоп мешавад. Асосгузори ин рӯзнома шахсе бо номи Мартинус Линд Ниссен буд. Баъди марги Ниссен сарварии нашрия ба Матиас Конрад Петерсон расид, ки ӯро яке аз поягузорони журналистикаи радикалӣ дар Норвегия медонанд.
Adresseavisen аввалин нашрияи кишвари Норвегия мебошад, ки соли 1967 аз технологияи компютерӣ истифода намуд.
Гунаи электронии он аз соли 1996 дастрас аст.
Соли 1871 дар Нюпорт шоир ва нависандаи аҳли Уэлс Уилям Ҳенри Дэйвис (англ. William Henry Davies) таваллуд шуд. Сарфи назар аз он ки як бахши муҳими ҳаёти худро дар Британияи Кабир ва ИМА дар оворагардиҳо сипарӣ кард, вале тавонист чун як шоири маъруфи замонаш шинохта шавад. Мавзуи асосии ашъораш мусибату бадбахтиҳои ҳаёт, инсонгарӣ ва васфи табиат аст. Вай ҳамчунин лавҳаҳое ҳам аз дидору мулоқотҳояш бо одамони аз назари худаш ғайриодӣ, ки гоҳу ногоҳ дар ҷараёни аз шаҳре ба шаҳри дигар рафтан шинос мешуд, навиштааст.
Соли 1883 дар шаҳри Прага нависандаи олмонии чех Франс Кафка зода шуд. Кафка 3 июли соли 1883 дар Ҷумҳурии Чех ба дунё омадааст.
Бо вуҷуди дўстдори адабиёт буданаш, аксари навиштаҳои Кафка пас аз маргаш нашр шудаанд. Аксари асарҳои нависанда ба забони олмонӣ эҷод гардидаанд. Дар насри ў ҳароси нависанда аз олами беруна, изтироб ва номуайянӣ инъикос ёфтааст. Ҳамин тавр, дар «Мактуб ба падар» ифодаи муносибати Франс бо падараш инъикос ёфтааст, ки хеле барвақт бо якдигар ногап буданд.
Нависанда дар ҳаёти худ якчанд бор ошиқ шуда буд, вале боре ҳам оиладор нашудааст.
Кафка ниҳоят одами дардманд буд, вале кўшиш мекард, ки ба тамоми бемориҳои худ муқовимат кунад. Дар соли 1917 Кафка ба бемории вазнин (хунравии шуш) мубтало шуд, ки дар натиҷа нависанда гирифтори бемории сил гардид ва бар асари он ҳангоми табобат вафот кард.
Соли 1888 дар Бан Тре дар синни 66-солагӣ шоири ветнамӣ Нгуен Дин Тйеу вафот кард. Ӯ бештар бо назарҳои миллигароёна ва зиддиистеъмории худ машҳур аст.
Машҳуртарин достони вай “Люк Ван Тиен” ном дорад, ки соли 1964, то таҷовузи фаронсавиҳо навишта шудааст ва он ба забони фаронсавӣ низ тарҷума ва чоп шудааст. Ҳамчунин ин достон аввалин асари бузургҳаҷме буд, ки аз забони ветнамӣ тарҷума ва дар Аврупо нашр шуд.
Достони дигари ӯ “Хотираи ҷанговарони ҳалокшуда дар наздикии Канзуок” мебошад, ки дар бораи муборизони халқӣ баҳри дифоъ аз марзу буми ин кишвар нақл мекунад.
Шеърҳои ӯ “Даъват ба нобудсозии мушҳо”, “Хотираи ҷанговароне, ки дар муҳорибаҳо дар шаш вилоят ҳалок шуданд” низ машҳуранд.
Соли 1937 шоир, эссенавис ва мунаққиди адабии серб Милован Данойлич ба дунё омад. Вай аз ҷумлаи дӯстони Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва борҳо аз ин кишвари паҳновар дидан ба амал оварда буд. Муддати бист соли охир бо шоири рус Иосиф Бродский дӯстӣ доштаву ашъори ӯро ба сербӣ тарҷума кардааст.
Моҳи ноябри соли 2022 дар синни 85-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1977 дар шаҳри Москав дар синни 86-солагӣ нависанда, намоишноманавис, тарҷумон ва омӯзгори Шӯравӣ Александр Волков вафот кард. Вай 14 июни соли 1891 дар шаҳри Уст-Каменогорск таваллуд шуда буд.
Дар синни 12-солагӣ аввалин романи худро навишт. Аз соли 1916 асарҳои ӯ рӯи чопро диданд. Солҳои 1920 пйесаҳои ӯ дар чандин театрҳои музофотӣ ба саҳна гузошта шуданд. Аз охири солҳои 1930 шуҳрати нависандагии ӯ боло рафт.
Китобҳои ӯ бо забонҳои зиёди дунё тарҷума ва нашр шудаанд ва бино ба оморҳои расмӣ бештар аз 25 миллион нусха китоби ӯ чоп ва ба фурӯш рафтааст.
Повесту романҳои “Соҳири шаҳри зумурадгун”, “Ду бародар”, “Меъморон”, “Сафар ба ҳазораи сеюм”, “Оворагардӣ” маҳсули қалами ӯ мебошанд.
Соли 2011 Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд аз олам гузашт. Вай 14 декабри соли 1941 дар деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ таваллуд шуда буд.
Соли 1973 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо баҳои аъло хатм кардааст. То соли 1976, муовини директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, баъдан мудири шуъбаи рӯзномаи «Бадахшони Советӣ», солҳои 1985-1992 раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоят будааст.
Солҳои 1992-2005 дар сохтори Ҳукумати вилоят кор карда, вазифаҳои мутахассиси пешбари комиҷроияи вилоят, котиби иттилоотии раиси вилоят, ҷонишини мудири шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси ВМКБ-ро ба ҷой овардааст.
То нафақа баромадан сармуҳаррири моҳномаи «Фурӯғи маърифат»-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва муаллими калони он будааст.
Муассиси маҳфили «Адибони ҷавон»-и вилоят буд. Соли 1994 дар заминаи ҳамин маҳфили адабӣ шуъбаи Бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъсис ёфт.
Муаллифи китобҳои манзуму мансури хонданист, ки муҳимтарини онҳо «Бомдод» (1982), «Зартеғ» (1985), «Шоҳи тирандоз» (1991), «Гули андеша» (1995), «Шоҳроҳи Ваҳдат» (1999), «Поси хотир» (2000), «Шерозаи ваҳдат» (2003), «Об, Замин ва одамон» (2003), «Нома дар барги ҳавас» (2011) мебошанд.
Ширин Бунёд, дар баробари офаридани асарҳои баландғоя, вазифаҳои зиёди ҷамъиятӣ, аз қабили узви Садорат ва раиси Бахши Бадахшони Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, раиси бахши вилоятии Бунёди сулҳи Тоҷикистон, узви Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, узви Комиссияи вилоятӣ оид ба танзими расму оинҳои мардумӣ ва амсоли онҳоро бар уҳда дошт.
Хидматҳои арзандааш бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», ордени «Дӯстӣ», медали юбилейии «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қадр шудаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон. Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 2020 дар шаҳри Москав дар синни 98-солагӣ нависандаи тахайюлнависи Шӯравӣ, муаллифи китобҳо барои наврасон Евгений Войскунский аз олам гузашт. Вай ширкаткунандани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дорандаи ордену медалҳои ҷангӣ буд.
9 апрели соли 1922 дар шаҳри Боку дар хонаводаи духтури дорусоз Лев Соломонович Войскунский таваллуд шуда буд. Баъди хатми мактаби миёна ба шаҳри Ленинград рафт, то ба таҳсилаш идома диҳад. Ба факултаи санъатшиносии Академияи бадеӣ дохил гардид.
Соли 1940 ба сафи артиш даъват шуд ва бо оғози ҷанг дар хати ҷабҳа фиристода шуд. Ҷангро дар Флоти Балтика ба поён бурд, хабарнигори рӯзномаи “Огневой щит” буд.
“Дӯсти мо Пушкарёв”, “Баҳр ва соҳил”, “Кронштадт” (роман), “Олами танг” (роман), “Хобҳои духтарона” (роман), “Манзумаи халиҷи Фин”, “Ним асри муҳаббат” (романи хотиравӣ), “Ҷангномаи Балтика, ки дар хотираҳо зинда аст” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 2022 дар Ҳонконг дар синни 87-солагӣ нависандаи тахайюлнависи аҳли Чин Ни Куан вафот кард. Вай соли 1935 дар Шонҳой ба дунё омад ва соли 1957 пинҳонӣ вориди Ҳонконг шуд.
“Зани сияҳпӯш дарвозаҳои дӯзахро мешиканад”, “Мушти ромнашуданӣ”, “Ҷанговари оҳанӣ”, “Муштзани нобино”, “Гурба зидди калламушҳо”, “Тӯтии хунхор”, “Камонвари далер” номгӯи баъзе аз асарҳои ӯ мебошанд.
Вай ҳамроҳи устоди ҳунарҳои размии чинӣ ва ҳунарманди машҳури синамо Брюс Ли, размкор, ҳунарпеша ва коргардони филмҳо Ҷет Ли ҳамкорӣ кардааст.
Муаллифи наздик ба 140 роман аз силсилаи Wisely дар бораи одамоне мебошад, ки дар рӯзгору зиндагӣ дар ҳар шароите бо махлуқҳои аҷоиб ва одамони сайёраҳои дигар вомехӯранд.
Таҳияи Б.Шафеъ