Тоҷикон аз нигоҳи Александр Шишов
Китоби “Тоҷикон” – и А. П. Шишов яке аз нахустин китоби мардумшиносӣ роҷеъ ба тоҷикон ба шумор меравад. Мардумшноси шаҳири рус дар 21 бахш роҷеъ ба рӯзгори тоҷикон маълумот медиҳад. Нахуст доир ба ҷуғрофияи паҳншавии тоҷикон дар Осиёи Миёна ва сипас дар ҳудуди Афғонистон гузориш додааст. Муҳаққиқ бештар дар бораи тоҷикони кӯҳсор сухан ронда, кам будани иттилоот дар бораи тоҷикони кӯҳистонро монеи шинохта шудани ин қавми азим мешуморад. Ӯ тоҷиконро мардуми бумӣ ва ориёитабор медонад.
Инчунин иқлиму муҳити зиндагии тоҷикон, сипас набототу гиёҳҳои минтақаро тавсиф мекунад. Ба шаҳри Хуҷанд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, гузару маҳаллаҳои аслии онро низ зикр мекунад ва масҷиду мадрасаҳои онро ном мебарад.
Дар очерки муфассали таърихӣ пажӯҳишгар А. П. Шишов марҳилаҳои асосии таърихи тоҷиконро нишон дода, хусусан таърихи қадимаи онро бар пояи сарчашмаҳои куҳани форсӣ, арабӣ, юнонӣ ва румӣ баён мекунад. Ӯ байни мафҳумҳои тоҷик ва ғалча сайр карда, ин ду вожаро ҳамчун номҳое, ки дар он замон машҳур будаанд, тафсир кардааст. Мардумшиноси рус теъдоди тоҷикон дар аввали асри ХХ – ро наздики 2 миллион медонад. Ӯ ба симои зоҳирии тоҷикони кӯҳсор таваҷҷуҳ карда, зебогии занони Дарвозу Қаротегинро қайд мекунад, ки ин фикри ӯ бо ахбори дигар муаррихону мардумшиносон монандӣ дорад.
Дар китоб роҷеъ ба зисту зиндагонӣ, манзилу кошона, хӯроку пӯшоки тоҷикон ҳам сухан рафта, шароити иқлимиро омили асосӣ дар таъйини маданияти модӣ меномад. Аз ғизоҳои маъмул ширбиринҷ, мастова, суманак, манту ва ғайраро тазаккур додааст.
Сипас кишоварзӣ, боғдорӣ ва номгӯи зироату меваҳои маҳаллаҳои тоҷикнишин қисмати кӯҳистон ба тафсил дарҷ шудааст. Инчунин дар хусуси ҳайвонҳои аҳливу ваҳшӣ ва шикору дигар саргармиҳои мардуми тоҷик сухан меравад.
Хислату ҷаҳонбинии тоҷиконро низ муаллиф баён доштааст. Оромиву тамкин, одобу муомилаи некӯ, хушгуфторӣ ва дигар хусусиятҳои тоҷиконро шарҳ дода, ахлоқи тоҷиконро нисбат ба ҳамсоягони истилогари онҳо меситояд.
А. П. Шишов ба муҳаққиқи дигари рус А. Меддендорф такя карда навиштааст, ки дар дунё халқе ба монанди тоҷикон заҷр накашида, бар хилофи тамоми истилову кушторҳо зинда мондааст. Дар қисматҳои поёнии китоб роҷеъ ба дину ойин ва навъҳои ҷинояту ҷазо дар байни ин мардумро низ тазаккур додааст. Тибби мардумӣ, вазъи занон ва тарбияи атфолу муҳити маънавии онҳо қисмати хотимавии ин асарро ташкил медиҳад. Дар поёни асар инчунин дар хусуси бемориҳову ҷашну сурҳои мардум низ маълумот дода мешавад.
Ҳамин тавр, китоби “Тоҷикон” – и А. П. Шишов яке аз нахустин осори таҳқиқотӣ роҷеъ ба мардумшиносии халқи мо буда, то ин дам ду бор бо забони аслӣ ва як бор бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст. Ошноӣ бо ин китоб имкон медиҳад, ки хонанда дар хусуси таъриху фарҳанг ва мардумшиносии тоҷикон маълумоти заруриро пайдо кунад.
Китоби “Тоҷикон”-и А.Шишовро Китобхонаи миллӣ соли 2015 дар тарҷумаи Ислом Юсуфӣ аз силсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) чоп карда буд.
Фархунда Қурбонова,
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”