25 ҳазору 609 нусха адабиёти нав дар шаш моҳи соли 2024

КитобДар  шашмоҳаи аввали соли 2024 ба  фонди  Муассисаи давлатии “Китобхонаи  миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон 25609 нусха  адабиёт ворид  гардид. Аз он ҷумла: китобҳо 22932 нусха, маҷаллаҳо1893, диссертатсияҳо 321 авторефератҳо  321, нашрияҳои давомноки илмӣ – 102 нусха  ба қайд гирифта шуда, ба шуъбаҳои дахлдор равона карда шуданд.

Инчунин захираи мубодилавии эҳтиётӣ 1029 нусха, сарчашмаҳои гуногун 669, адабиёти  туҳфашуда аз шахсони  алоҳида 220105 нусхаро ташкил дод, ки ба ҳар яки он баргаҳо аз рўи сол, алифбо ва ҷои нашр навишта, дар феҳристи шуъба ҷо ба ҷо карда шуда, ба бахшҳои дахлдор равон карда шуд.

Аз сафоратхона ва ташкилоти хориҷӣ 303 нусха китоб ворид шуд. Ҳамчунин 364 нусха маҷаллаҳои обунавии ватанӣ ва 115 нусха маҷаллаҳои хориҷӣ ва 725 адад  маҷаллаҳои  ҳатмӣ  ба қайд гирифта шуд. Ба 23716 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ (часпонидани штрих-код) сурат гирифт.

Тибқи мактубу дархостҳои вазорату муассиса ва мақомоти қудратӣ  дар соли ҷорӣ ба миқдори муайяни 22 ҳазору 892 нусха китоб аз ҳисоби китобҳои бисёрнусхаӣ, ки аз аҳолӣ тақдим шудааст, ройгон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар фиристода шуд.

Дар тўли шаш моҳи соли 2024 аз ҳисоби китобҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришуда 3602 нусха китоб коркард шуда, ба фонди асосӣ ва фондҳои ёридиҳандаи Китобхона супорида шуданд.

Ҳамчунин дар ин давра кормандони шуъба 69 китоби тозаворид, 4 маълумот дар бораи воридоти нусхаҳои ройгони ҳуҷҷатҳо ва 3 мавод дар бораи китобҳои туҳфашуда ва 2 мақола дар бораи фаъолияти шуъбаро омода намуда, ба воситаи сомонаи интернетии Китобхона муаррифӣ намуданд.

То  1-уми июли соли 2024 фонди хизматии Китобхонаи миллӣ дорои 3 миллиону 476 ҳазору 994  нусха китоб ва дигар маводи чопӣ мебошад.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.