Бо бачаҳо. Сотим Улуғзода. Порча аз повести “Субҳи ҷавонии мо”
Падарам то синни чиҳилсолагиаш полвон (паҳлвон) будаст. Вай қадбаланд, қоматаш рост, ришаш сип – сиёҳ, пўсти рўяш сиёҳтоб, нигоҳи чашмонаш тези андак қаҳролуд буд. Дастони сахти пурқувват дошт. Поҳои бисёр калонашро бе шитоб вазнин – вазнин монда роҳ мерафт. Вай гўштингириро кайҳо партофта бошад ҳам, аммо ба ивази он ба ману бародарам Азизхон аз полвониҳои пештараи худ ҳикояҳо мекард. Ва ҳар даъфа дар охири ҳикояташ ба ифтихор:
Пушти падаратон ба замин расидагӣ не! – гуфта мемонд.
Мо ҳикояти ўро дар бораи гўштин гирифтанаш бо Амон ном полвони машҳури шоёнӣ бо шавқи махсусе гўш мекардем. Назар ба гуфти падарам, гарчанде вай пеш аз Амон якчанд полвонҳои номиро ғалтонда ва лақаби «полвон» ба номаш илова шуда бошад ҳам, лекин худашро танҳо баъди зўрозмоӣ карданаш бо Амон, полвони ҳақиқӣ ҳисоб мекардагӣ шудааст.
Онҳо бо ҳам дар ватани Амон – дар деҳаи Шоён гўштин гирифтаанд. Амон даҳ – понздаҳ сол боз дар маъракаҳои гўштингирӣ иштирок карда, ҳоло аз ҳеҷ кас мағлуб нашуда будааст. Падарам ба синну сол аз вай ҳашт ё даҳ сол хурд будааст.
Дар Шоён як бой дар тўи хатнаи писараш маъракаи гўштингирӣ барпо карда, аз гирду атроф полвонҳоро даъват менамояд. Падари манҳам дар он ҷо ҳозир мешавад. Дар майдон аз ҳазор кас зиёдтар одам гирд омада, бомҳо, дару деворҳо, болои дарахтон ҳам аз тамошобинҳо пур мешавад. Амон ду полвонро ба осонӣ меғалтонад, он гоҳ падари ман миёнашро баста майдон мебарояд. Шоёнӣ полвони ҷавони густох ва мағрурро бо илтифот ва эҳтироми рўякӣ намоишкорона пешвоз гирифта, вохўрдӣ мекунад. Тамошобинон тамасхуромез механданд. То падарам миёнбанди холии ҳарифро ба дасташ печонидан ҳариф дам меистад. Вақте ки мубориза сар мешавад, шоёниён ҳар дам ба ҳамқишлоқии худ бо овози баланд изҳори хайрхоҳӣ ва ҳаводорӣ карда меистанд.
– Мо миёни ҳамдигарамонро маҳкам гирифта, чанд муддат майдонро чарх задем, – ҳикоя мекард падарам. – Ҳар дуямон гардан ба гардан мемолидем, гардани Амон худи гардани барзагов барин ғафс ва сахт буд, сари синааш мисли як харсанг ба ман фишор меовард. Вай се бор маро ба сари синааш бардошта ба замин заданӣ шуд, лекин ман ҳар даъфа поямро ба замин тиргаккарда, худамро нигоҳ медоштам ва ба замин намеғалтидам. Ман ҳам Амонро як- ду бор бардоштанӣ шудам, аммо қади вай, ки аз қади ман саҳл баланд буд, пойҳои дарозашро базўр аз замин мекандам. Маротибаи сеюм ба бардошта тавонистанам чашмам нарасида монд. Ҳама шоёниҳо тарафи ҳамқишлоқиёнашон гирифта ғалоғула мекарданд, «печонда парто, Амонбой! Бардошта зан! Ба вай зўратро нишон дода мон, ки дигар калонгирӣ накунад!» гуфта шавқун меандохтанд. Аммо ба ман ягон кас ҳам тарафдорӣ намекард, ягон чиз гуфта диламро намебардошт.
Падарам зўри миёни Амонро дурустакак озмуданй шуда, вайро бо тамоми қувваташ фушурда, ба тарафи худ кашидааст, шиками Амон пеш баромада, қоматаш рост шудааст: падарам фикр карадааст, ки миёни ў чандон бақувват нест. Дар ин дам Амон ҳам падарамро сахт бағал карда, як бор бардошта, лекин гўё, ки дармонаш хушк шуда ва ҳарифро на фақат барои ғалтондан, балки барои дар ҳаво нигоҳ доштан ҳам зўраш нарасида монда бошад, ўро боз дарҳол ба замин фуровардаст. Аз дили падарам гузаштааст, ки Амон дар ҳақиқат ҳам монда шуд. Лекин ҳаракатҳои Амон ҳама ҳила будааст: вай бардурўғ худро монда шудагӣ барин нишон додаст, то ки қувваи худашро сарфа ва дармони ҳарифро хушк кунад.
Ҳамин тавр карда, мо як ним соат гўштин гирифтем, – мегуфт падарам, – баъд Амон миёнбанди холишудаамро боз як бор ба дасташ печонда, маро чунон фушурд, ки қариб миёнам шиканад. Дасташ даст набуд, оҳан буд. Дар дилам гуфтам, ки «ана акнун гўштингирии ҳақиқӣ сар шуд!» Вай маро гаштаю баргашта се – чор бор, дам ба ронаш, дам ба сари синааш бардошта, чаппа карда ба замин заданӣ шуд, ман бошам, то тавонистам чаққониро ба кор мебурдам, тоб мехўрдам, поямро тиргак мекардам, ки нағалтам. Оқибат монда шудам. Дар дилам мегуфтам, ки агар вай маро боз як бор дурустакак бардошта занад, тоб оварда наметавонам – меғалтам, аммо вай ҳам, мазмун, монда шуда буд, ки дигар маро набардошт. Мо боз аз миёни ҳамдигарамон даст наканда, рў- рўи майдон гаштан гирифтем. Ман як- ду бор ҳаракат кардам, ки ўро бардорам, аммо натавонистам: хонасалот вазнашро андохта, пойҳояшро сахт ба замин зер карда меистод. Дидам, ки намешавад, пайташро ёфта, ронамро ба таги шикамаш монда, вайро чапагардон карданӣ шудам, аммо боз ҳам нашуд, – вай нағалтид. Шоёниҳо якзайл шавқун андохта ба Амон ҳаводорӣ мекарданд. Ман «ягон кас ба ман ҳам ҳаводорй мекарда бошад- мӣ?» гуфта ҳамин қадар гўш меандохтам, аммо ҳеҷ кас номи маро намегирифт.
Ҳама мехостанд, ки Амон зўр барояд. Ман худамро ғариб медидам: хориам меомад: дилам ба ғалтиданам гувоҳӣ медод, аз ҳамин сабаб дастам торафт камқувват, ҳавсалаам пир шудан гирифт. Аз аламам гиря карданам меомад. Ба худ мегуфтам, ки «кошкӣ ягон кас ба ман ҳам як чиз гуфта диламро бардошта мемонд!». Дар ҳамин дам нохост аз байни тамошобинон овози шинос ба гўшам расид: «Писарам, ман дар ҳамин ҷо! Натарс, ту аз Амон зўртарӣ». Ё пирам! Гуфта, бардошта зан!».
Падарам нигоҳ карда, бобоямро мебинад, ки риши сафедаш то сари сина, дар дасташ асо, аз байни одамҳо ба худ роҳ кушода, ба пеши сафи онҳо баромада истодааст. «Дилатро маҳкам дор, писарам!- мегўяд боз бобоям ба падарам. – Туро меғалтондагӣ полвон ҳоло набаромадааст». Бо дидани падараш ва шунидани овози ў падарам руҳбаланд шуда, бозувонаш қувваи нав гирифтаанд. Амон гўё инро ҳис карда, ба вай гуфтааст: – Биё ҷудо мешавем, Умархон! Баробарӣ, На ту, на ман.
– Не, ё ту маро меғалтонӣ, ё ман туро! – ҷавоб додаст падарам ва тамоми қувваташро ҷамъ карда «ё мадад!» гўён наъра кашида, Амонро ба рони росташ бардоштааст. Полвони шоёнӣ бе он ҳам худаш бисёр вазнин будааст ва ба болои ин боз мехостааст, ки ҳарифашро бо гаронии бадани худ пахш кунад, бинобар ин ба падарам бисёр зўр омад, рагҳои гарданаш баромада, қариб мондааст, ки канда шавад. Одатан полвонҳо баъди ҳарифро ба рони рост бардоштан ўро тарафи чапи худ партофта ғалтонданӣ мешавад, падарам ҳам чунин вонамуд кардааст, ки Амонро бо ҳамин тарзӣ одӣ ба тарафи чап партофтан мехоҳад ва тайёрию чашмдошти Амон ҳам ба ҳамин будааст, аммо падарам ба ногоҳ як тоб хўрда, ба тарафи рост, дурусттараш ба қафои худ гардонда задаст. Амон, ки мунтазири ин набудааст, чапагардон шуда ба замин фурў ғалтиданашро худаш ҳам нафаҳмида мондааст. Ин усул, – мегуфт падарам, – хавфнок аст, зеро мумкин аст, ки худи кас ғалтида дар таги ҳариф монад ва ин усулро ҳамон касе ба кор мебарад, ки қадаш аз ҳариф баландтар ва вазнаш ҳам зиёдтар бошад. Аммо ба падарам, бо вуҷуди қадаш аз Амон пасттар ва вазнаш ҳам камтар будан, дар он дам ғайр аз таваккал чораи дигар намонда будааст.
– Ҳамин ки Амон ғалтид, – нақл мекард падарам, – ман ўро чунон сахт ба замин пахш кардам, ки ҳеҷ маҷоли ҷунбиданаш набуд. Халқ талотўб карда ғавғо бардошт, одамҳо фарёдкунон ким – чиҳо мегуфтанд, аммо ба гўши ман ҳеҷ чиз намедаромад. Ман рафта бобоятонро оғўш кардам ва худамро дошта натавониста гиря карда фиристодам. Бобоятон пуштамро молида гуфтанд:
– Қувваи тан кифоя не, писарам, дилро ба қувват доштан лозим!
Ба мукофоти ғалаба падарамро ҷома ва тўппии нав пўшонда, ба миёнаш миёнбанди шоҳӣ бастаанд…
Ин порча аз повести “Субҳи ҷавонии мо” аз китоби “Тазкираи адабиёти бачаҳо”, ки соли 2019 чоп шудааст, иқтибос шуд.
Бачаҳои азиз метавонанд ин китобро дар шакли комил дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолиа кунанд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.