Ҳаргиз озоре нест
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тамаддунофари Мовароуннаҳру Хуросон, аз ҷумла тоҷикон соҳибони ҷилд – ҷилд китобҳои нодире будаанд, ки он китобҳо ҳоло ҳам дар олам байни дигар миллатҳо қадру манзалати худро гум накардаанд. Барои исботи гуфтаҳоямон метавон асарҳои нодири олимону шоиронамон, аз қабили Шайхураис Ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Абурайҳон Берунӣ ва Саъдию Ҳофизу дигар шахсиятҳои нотакрору баруманди миллатро ном бурд, ки асарҳову китобҳои ин абармардони фозилу донишманд то замони мо расидаанд ва бо гузашти садсолаҳо ҳамоно дар хидмати халқу миллатҳои олам барои тарбияи башар қарор доранд.
Маҳз ҳамин навиштаҳои донишмандону файласуфони ватанӣ рушангари он аст, ки қавми тоҷик аз азал китобдусту илмҷӯ ба ҳисоб мерафтанд. Мебояд каме ишора кард, ки маҳз ҳамин китобу мутолиаҳои зиёд буд, ки дар дунё олимони моро масалан Синоро табиби моҳир, Рӯдакиро Одамушшуаро, Беруниро бузургтарин олими энсиклопедист, Саъдиро муалли ахлоқ ва Хайёмро файласуфу рубоигӯ мешиносанду эътирофашон мекунанд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи ин боиси ифтихори миллат тоҷик аст. Месазад, ки мо низ худи номи ин ашхосонро ва асарҳои таълифнамудаашонро ба некӣ ёд оварему посашон дорем.
Воқеан ҳам китоб ин ганҷинаи бебаҳост, рушангари қалбҳост, таскинбахши авзои рӯҳист, дӯсти мушфиқу беозор ва донишманди асили умр мебошад. Аз ин рӯ, бояд ба қадри ин махзани илму адаб бирасем. Барои ба қадри он расидан бояд чӣ корро ба анҷом расонем? Яъне сараввал дӯстдори китоб бошем, дар ҷомеа ҷойгоҳу мавқеи китобро аз бархе нафарони қалбакию хасакӣ, ки худро дар забон дӯст мехонанду дар асл агар нигарем ба ҷузъ кинаву адоват нисбатамон чизе нишон дода наметавонанд, онро боло донему доимо ҳифз намоем. Зеро такрор ҳам шавад, зарурем, то қайд намоем, ки мардуми мо аз қадим китобдӯсту китобпараст буданд. Барои тақвияти қайдҳоям зарур донистам, ин мисраҳои ҷовидонаро, ки садсолаҳо вирди забони хосу ом аст, мисол орам:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкардаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Аз ин мазмуни шеър метавон бардошт кард, ки дар ҷаҳон хуштар зи китоб ёри вафодору ғамгусоре нест. Яъне вақте шахс дар гӯшаи танҳоие ҳам бошад, китоб ӯро ҳеҷ вақт танҳо намегузораду ва ҳамеша дар ғаму шодияш дар барат меистад. То ҳаде ба инсон наздик буда метавонад, ки агар мо китобдӯстдору аҳли мутолиа бошем, он ба мо садҳо роҳат дода ва ҳаргиз озор намедиҳад. Фаромӯш набояд кард, ки яке аз дӯстонамон ба шумор меравад, ки тафоввуташ дар он аст, гарчанде забони гӯйё надошта бошад, вале анису меҳрубон аст. Ҳамчунин метавон гуфт, ки китобу китобхонӣ донишро меафзояду савияи илмро боло мебарад. Шахси китобхон ба ҳеҷ ваҷҳ хусуси ягон мавзую масъала дар намемонад, зеро тариқи беш аз пеш мутолиаи китобҳои мухталиф, ӯ аллакай маълумоти саҳеҳе ба худ мегирад ва аз ин рӯ ба ҳар суоле, ки бо ӯ рӯ ба рӯ мешавад дилпурона ҷавоб гардонда метавонад. Аз ин рӯ, афроди китобхон аксарияташон нафарони дурандешу пурдон, боақлу заковат, оқилу доно ва босабру таҳаммулпазир мебошанд. Як хусусияти муфиди китоб ин аст, ки барои хубу беҳтар сохтани нутқи инсон, боло бурдани савияи дониш ва бою ғанӣ гардонидани фонди луғавӣ кумак мекунад.
Имрӯзҳо шукронаи сулҳу суботи кишвар менамоем, ки дар даврони истиқлоли кишвар аз пешрафтҳои техникӣ бештард бархӯрдор шудем. Аммо ҷойи нигаронист, ки ба қавли гурӯҳе аз одамон шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет рӯз то рӯз ҷойи китобҳои коғазиро гирифта истодааст. Лекин шахсан худи мо ба ин андеша розӣ буда наметавонем, зеро ба аншешаи мо китоб дар замонҳои оянда низ чун як василаи басо муҳими иттилоотӣ боқӣ мемонад. Чунки он лаззате, ки ҳангоми хондан китоби коғазӣ медиҳад, ягон китоби электронӣ дода наметавонад. Хонданаш ҳаловатбахш, бе сарфаи барқ, дар куҳу биёбон, хонаю коргоҳ нишаста боҳузур мутолиа менамоед.
Хуллас, китобу китобхониро сидқан дӯст доштану онро азизу муқаддас донистан ин ба манфиати мост. Мебояд ҳар фард дар манзилаш ба ҳадди имкон як утоқ ё ҷевони рафи китобҳои гуногунро дошта бошад. Зеро насле, ки дар он хона ба воя мерасад, аз дидани китобҳо меҳре, шавқе дар ӯ пайдо мешаваду пас рӯ меоварад ба китобхонӣ. Дар ин кор бояд зикр кард, ки кӯшиши волидайн нақши калон мебозад. Фарзандонро аз хурдӣ дар қалбашон азиз доштани китобро ва ба мутолиа машғул шуданро бояд омӯзонанд, то ин ки насли мо вақти қимматашонро ба корҳои нолозим сарф насозанду баръакс ба мутолиаи китобҳои мухталиф гузаронанд. Зеро аз ин дар оянда баҳравар мегарданд. Дар ин маврид китобро мисли гавҳараки чашмамон эҳтиёт кунему қадрашро донем ва аз дӯстони нонию забонӣ даст кашему китобро дӯсти ягонаю бовафои зиндагии хеш қабул намоем. Чунки китобхонӣ моро росткорӣ, ростқавлӣ, покию покизагӣ ва адолату муҳаббати воқеиро меомӯзад. Боқӣ қазоват аз худи шумост хонандагони азиз.
РУХШОНА Каримова,
муовини сардори шуъбаи
адабиёти хориҷии
Китобхонаи миллӣ