Ҳамкорамон Сайрам
Феҳрист. Зери ин мафҳум чӣ қадар корҳое ба анҷом намерасанд. Феҳристи асосӣ, яъне феҳристи генералие, ки дар шуъбаи коркарди адабиёт аст, соли 1933 таъсис ёфта, то ҳол арзи вуҷуд дорад. Бе феҳрист, бахусус феҳристи алифбоӣ кори китобхонаро тассавур кардан номумкин аст.
Ҳар як китобе, ки ба шуъба ворид мешавад, сараввал аз рўи алифбо ҷудо карда мешавад, сипас аз қуттичаҳои феҳрист аз рўи номи муаллиф, номи китоб, шаҳр ва соли интишор ҷобаҷо карда мешавад, ки дархосткунанда аз рӯи ҳамин китоби хостаи худро ҷустуҷӯ ва пайдо мекунад. Агар китоб такроран воридшуда бошад, рақами китоб дар баргаи феҳрист гузаронида мешавад.
Кор дар феҳрист худ як маҳорат, дониши хуб, таҳаммул ва зеҳни тези кормандро тақозо менамояд. Яке аз кормандони ин гўшаи асосии шуъба Сайрам Шарифова мебошанд, ки бо як завқу дилбастагии хосе иҷрои вазифа дорад. Сайрам Шарифова хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ мебошад.
Ӯ аз соли 2012 дар ин боргоҳи маърифа кор мекунад ва ҳоло чун як корманди ҳирфаиву заҳматкаш шинохта шудааст. Таҷрибаи кории 12-сола барояш ин имконро фароҳам оварда, ки ба ҷавонон мураббӣ бошад ва онҳоро маҳорати касбӣ омӯзад. Ҳоло ӯ муовини сардори ҳамин шуъба аст. Вазифае, ки бар душ дорад, хеле нозук ва дар навбати худ душвор ҳам ҳаст. Ҳар як адабиёти воридшударо ба алифбо ҷудо намуда, аз қуттиҳои феҳрист аз рўи номи муаллиф ё номи китоб ҷустуҷӯ менамояд, ки ин як маҳорат, сабру таҳамул ва дониши хоси кормандро талаб менамояд.
Сайрам аз уҳдаи корӣ худ бо сарбаландӣ мебарояд. Ҳар як хонанда ва мизоҷе, ки ба феҳрист муроҷиат менамояд, аз хидматрасони ва муомилаи хубу рафтори ин зани ҳалиму меҳрубон бо як ризоияти махсус аз ин даргоҳ берун мешавад.
Сарчашмаи муҳаббат ба хонанда дар китобхона дӯст доштани касби худ аст. Дарвоқеъ, агар инсон шефтаи касб бошад ва пайваста барои такмили маҳроати касбӣ бикӯшад, коргоҳо мисли хонаи худ азизу мукаррам бидонад, меҳр пайдо мекунад ва ин меҳро метавонад бо дигарон қисмат кунад.
Андешаи шахсии ман ин аст, ки мо бояд талош кунем сафи чунин кормандон зиёд гардаду соҳаи китобдорӣ пеш равад. Вақте ба кори Сайрам ба диққат назар меандозем, маҳз амалӣ шудани ҳамин орзуро мебинем. Касоне мисли ӯ тавони онро доранд, ки пайравони хешро зиёд кунанд.
Ёд дорам, рӯзе дар суҳбат бо ҳамкорон иброз дошт, ки барои корманди хуби соҳаи китобдорӣ шудан, дониши баланд ва таҳамули беинтиҳо зарур аст. Зеро китоб ганҷинаест, ки барои кушодани он донистани калиди рамзӣ шарт нест, соҳиби ин ганҷина нафаре мебошад, ки сабру таҳамул ва завқи баланди донишандӯзӣ дошта бошад.
Мо низ ҳамкорамон Сайрамро барои ҳамин заҳматписандиву хоксорӣ дӯст медорему эҳтиромаш мекунем. Умед ҳам дорем, ки пайравони ӯ ва даҳҳо ӯ барин бонувон дар Китобхонаи миллӣ меафзоянд ва ин худ сабаби пешрафт дар кори китобдориву китобхона мешавад.
Раҷабмоҳ САФАРОВА,
мутахассиси пешбари
шуъбаи коркарди адабиёт.