Кишваршиносӣ. Корбанг (ё Корпанҷ)
Дар бораи ҷои тавоҷуди ин шаҳри Хуттал Ал-Истахрӣ навиштааст: «Корбанг болотар аз гузаргоҳи Орҳан(г) дар назди дарёи Ҷарёб дар дурии тақрибан як фарсах ҷой дорад”. Ибни Ҳавқал низ айни ҳамин ҷумларо такрор карда ба ҷои Ҷарёб “Харбоб”гуфтааст.
Пеш аз он ки маҳалли тавоҷуди Корбангро муайян намоем, аввал маконеро ба номи Арҳанг муайян кардан лозим меояд. Арҳанг шаҳре будааст машҳур дар соҳили чапи рӯди Панҷ дар ҷои шаҳри имрӯзаи Имомсоҳиби Афғонистон ҷой дошт. Арҳанг дар дурии тақрибан 17 км аз дарёи Панҷ воқеъ гашта,харобаҳои ин шаҳр дар ҷанубу шарқи шаҳри Имомсоҳиб мавҷуданд. Арҳанг дар замони ҳукмронии Султон Ҳусайн Мирзо тағйири ном кард.Султони мазкур баъд аз таъмири равзаи Алӣ ибни Аби Толиб дар мазори Шариф ба таъмири мазори Имомсоҳиб пардохт, зеро хабаре буд,ки гӯё сари имом Ҳусайн дар ин ҷо дафн карда шудааст. Баъд аз итмоми сохтмони мазор номи Арханг оҳиста-оҳиста аз байн рафт ва Имомсоҳиб ҷои онро гирифт.
Аз ноҳияи Панҷ, ки дар замони истилои муғул Солисарой ном дошт, ба сӯи Арҳанг гузаре буд,ки мардум ба воситаи ин гузар ба он сӯю ин сӯи дарё равуо мекарданд.(Ҳоло номи он гузар Кулӯхгузар мебошад).Агар ин гузаргоҳи Арҳанг қад-қади дарёи Панҷ ба боло ба сӯи машриқ ҳаракат кунем, дар соҳили чапи ин рӯд чандин харобаҳоеро,ки дар таркиби худ номи қалъаро доранд,то Дашти Арчӣ мушоҳида хоҳем кард. Дар масофаи тақрибан як фарсах аз гузаргоҳи мазкур дар наздикии соҳили чапи Панҷ қалъае бо номи қалъаи Саттор ва болотар аз он Хотунқалъа мавҷуданд. Мутаасифона ин қалъаҳою харобаҳо ҳоло омӯхта нашудаанд. Аз ҳамин сабаб аниқ гуфта намешавад, ки дар ҷои кадоме аз ин харобаҳо шаҳри Корбанг қарор дошт-шояд дар ҷои қалъаи Саттор.
Дар соҳили чапи дарёи Панҷ қад-қади дарё аз гузаргоҳи Арҳанг сар карда ба гузаргоҳи шарқ роҳе мерафт,ки он то ба харобаҳои Ойхонум-резишгоҳи Кӯкча ба Панҷ рафта мерасид.Ин роҳ аз гузаргоҳи мазкур имрӯз аз байни харобаҳою қалъаҳои зерин: қалъаи Саттор, Хотунқалъа, Сувқалъа, Шаҳравон, Тӯпхона, (Хоҷа гирдоб), Қафлотун гузашта баъд ба Ойхонум мерасид.
Аз ҳама муҳимаш қайд кардани он аст, ки шаҳри Корбанг дар он сӯи рӯди Панҷ, яъне дар соҳили чапи он ҷой дошта ва ҷузъи қаламрави Хатлон буд.Чи тавре ки ҳоло хоҳем дид, Корбанг ин шаҳри ягонаи Хатлон нест, ки дар соҳили чапи Панҷ воқеъ гардида буд.
Аз китоби “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз”-и Ғолиб Ғоибов, ки соли 2006 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ