Пажӯҳиши нави профессор Саидмурод Хоҷазод дар бораи радио ва телевизион

Доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ ба ин назар аст, ки дар солҳои охир таваҷҷуҳи муҳаққиқони соҳаи рӯноманигорӣ ба воситаҳои ахбори омма ва масъалаҳои марбут ба он зиёд гардида, ҳосили заҳмати онҳо дар шакли мақолаву китобҳои гуногун манзури ҳамкасбону муштариён мегардад.

Профессор Мурод Муродӣ ин нуқтаи назарро дар сарсуханаш ба китоби нави профессор Саидмуроди Хоҷазод, яке аз муҳаққиқони пухтакори радио ва телевизион иброз доштааст. Ин китоб бо номи “Ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон” ба тозагӣ рӯи чоп дидааст.

Мурод Муроди дар идомаи саруханаш менависад, ки китоби нави доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазода «Ташаккули низоми навӣ шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон» ҳосили ҷустуҷӯву омӯзишҳоест, ки аз манбаъҳои гуногун, хоса Бойгонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, адабиёти илмиву таълимӣ, ҷузваҳои намоишҳо, матолиби нашрияҳои даврӣ ва гузоришҳои солонаи Кумитаи мазкур дастрас, коркард ва таҳия гардидааст.

Саидмуроди Хоҷазод рӯзноманигори касбии радио аст. Ӯ Дар баробари рӯзноманигорӣ ба пажӯҳиши илмӣ машғул гардида, доир ба таърихи радио ва телевизиони тоҷик ва вижагиҳои кори он аввал рисолаи номзадӣ ва баъдтар рисолаи доктори дифоъ намуд. Ҳосили пажуҳишҳояш дар чанд китоб инъикос гардида, аз ҷониби муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва муҳасилини журналистшаванда хуб пазируфта шуданд. Имрӯз ҳам дар раванди таълими рӯзноманигорӣ ва ҳам дар корҳои таҳқиқотӣ аз котибаҳои ӯ ба таври васеъ истифода мекунанд.

Пажӯҳиши навбатӣ, ки мавсуф ба анҷом расонида, дастраси мо намудааст, ташаккули низоми воситаҳои электронии ахбори омма, бахусус шабакаҳои телевизиониро дарбар мегирад. Муаллиф бо истифода аз манбеи гуногун кӯшидааст, ки бори нахуст марҳила ва давраҳои ташаккули низоми телевизиониро ҳамчун воситаи электронии ахбори омма баррасӣ намуда, доир ба телевизионҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, ғайриҳукуматӣ, шабакаи интернет ва ниҳодҳои зертобеи ВЭАО пажӯҳиши дорои маълумоти муътамад таҳия намояд.

Ҳарчанд маълумотҳо дар бораи шабакаҳои телевизионӣ, интернет ва ниҳодҳои зертобеи Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи муҳтаво, ҳаҷм ва низом гуногунанд, аммо дар маҷмуъ, дар бораи таърихи таъсиси телевизионҳо, шароиту имконоти фаъолияти онҳо, барномаҳои асосӣ, мавзӯъҳои инъикосшаванда, истифода қолабҳои жанрӣ ва амсоли инҳо иттилои муфид ва судманд медиҳанд.

Китоби профессор Саидмуроди Хоҷазод “Ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.