Номаҳои Соҳиб Табаров чоп мешавад
Донишманди маъруф, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи ордени «Дӯстии халқҳо», Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ Аламхон Кӯчаров дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод, ки ба истиқболи 100-солагии устод Соҳиб Табаров тасмим гирифта шудааст номаҳои олими намоён, ки бахши муҳими осори аз ӯ боқимондаро ташкил медиҳад, гирдоварӣ ва чоп кунанд.
Чун намуна устод Кучаров як номаи устод Соҳиб Шуҳратиевич Табаров муроҷиат ба китобдорони кишварро дар саҳифа кошта, ки ҳоло онро айнан бознашр мекунем.
БА КИТОБХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМ.
Китобхонаҳои Тоҷикистон ҳоло ҳам аз даҳҳо газета ва журналҳои давраи тореволютсиягӣ ва солҳои 1917-1960 маҳруманд. Бе он газета ва журналҳо таърихи халқи тоҷик, таърихи адабиёти тоҷик, таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ мактаби тоҷик, таърихи маданияти тоҷикро мукаммал ва пурра ба вуҷуд овардан мумкин нест.
Ҳазор бор хоҳиш дорам: ба китобхонаҳои машҳури Ленинград, Москва, Тошкент, Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Ашқобод, Боку, Тиблиси, Симферопол, Қазон, Уфа, Оренбург, Киев, Фрунзе, Алма-Ата ва ғайра библиографҳои босаводтарин, дилсӯзтарин ва илмпарвартаринро фиристед, то ки ксеропопияи ин газета ва журналҳоро ба Душанбе оранд.
Журнали “Оина”, газетаи “Асхабад”, газетаи “Осиё”, газетаи “Биржевие ведомости”, газетаи “Барба пролетариата”, газетаи “Бухорои Шариф”, журнали “Бюлетен САГУ”, газетаи “Вақт”, газетаи “Волна”, газетаи “Вперед”, журнали “За партию”, газетаи “Зарафшон”, газетаи “Иршод”, журнал “Красная летопис Туркистана”, газетаи “Новая Фергана”, журнал “Восток”, журнал “Новый Васток”, газетаи “Новый Самарканд”, газетаи “Русский Самарканд”, газетаи “Русский Туркистан”, газетаи “Садои Туркистон”, газетаи “Самарқанд” (русӣ ва ӯзбекӣ), газетаи “Средне-Азиатская жизнь”, газетаи “Средняя Азия”, газетаи “Стен”, газетаи “Тараққӣ”, газетаи “Тарҷумон”, газетаи “Ташкентский курьер”, газетаи “Ташкентский листок”, газетаи “Туҷҷор”, газетаи “Турон”, газетаи “Туркистан”, “Туркестанская туземная газета”, газетаи “Туркестанские ведемости”, газетаи “Туркестанский курьер”, журнали “Туркменоведение”, газетаи “Улуғ Туркистан”, газетаи “Улфат”, газетаи “Фарғона”, газетаи “Ҳаёт”, газетаи “Хуршед”, газетаи “Шӯҳрат”, газетаи «Юлдуз», газетаи “Ҳаблулматин”, газетаи “Парвариш”, газетаи “Чеҳранамо”, журнали “Мулло Насриддин”, газетаи “Учқун”, журнали “Тонг”, газетаи “Қутулуш”, журнали “Шӯълаи инқилоб”, журнали “Революционный Восток”, газетаи “Известия Турксика”, газетаи “Известия Бухсика”, газетаи “Бухоро ахбороти”, журнали “Мулло Мушфиқӣ”, журнали “Ширинкор”, газетаи “Қуёш”, газетаи “Шӯро” ва даҳҳо дигарон.
Инҳоро албатта ҷамъ овардан лозим аст, зеро таърихи халқҳои ситамдидаи мо маҳз дар ҳамин газетаю журналҳо гирд оварда шудаанд.
Инчунин банда медонам, ки боз садҳо чунин газетаю журнал ва асарҳое ҳастанд, ки таърихро айнан нишон медиҳанд: “Ҳабл-ул-матин” – Калката, “Тарҷимон”- Боғчасарой, “Парвариш” – Миср, “Вақт” – Оренбург, “Чеҳранамо”- Миср, “Самарқанд”- Самарқанд, “Навбаҳор” – Машҳад, “Оина”, “Револютсия “Восток”-30-м, “Туркестаеская правда” 20-22-м, “Правда Востока” 20-30-м, “Красная казарма” Туркфронт 20-м, “Жизнь натсиональностей, “Маориф ва уқутучӣ”, “Бухоро ахбороти”, “Тӯс”, “Сироҷ-ул-ахбор”, маҷаллаи “Сирот-ул-мустақим”, “Туҷҷор”, “Калтак”, “Ширинкор”, Мулло Мушфиқӣ , “БАС”, “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Бигиз”, “Қуёш”, “Иҷтиҳод”, “Сабоҳ”, “Барқ”, “Шӯро”, “Октябр”, “Байрақи меҳнат”, “Ҳақиқати Ӯзбекистон”, “Роҳи колхозчӣ”, “Дониш – Биниш”, “Роҳбари Дониш”, “Тонг”, “”Бо роҳи Ленин”, ”Васияти Ленин”, “Ҳуррият”….
Мақсад, ташкил кардани маҳфилҳои хониш дар байни мардум, барои ин ақаллан се илмро донанд.
Дониш аз ҷавонон: Талаби қатъӣ дар донистани на камтар аз се забон. Бояд бикӯшем, ки ҷавонони мо ақаллан се забонро ба пуррагӣ донанд. Ана, дар он ҳангом миллати тоҷик, илми тоҷик, маданияти тоҷик, маорифи тоҷик оламшумул мешавад.
Банда-ку реҳлат ба он дунё дорам, вале аз ҳама вазифадорон ва соҳибилмони имрӯза хоҳиш ва талаб дорам, ки фикри имрӯзи худро накунанду фикри ояндаи миллати азизамонро кунанд ва ҷавононро илм омӯзанд, илми асилу комил ва росту дуруст.
Бо камоли хоҳиш Соҳиб Табаров