Карим Девона кӣ буд?
Карим Девона – шоири тоҷик соли 1878 дар деҳаи Қурраки Ҳисор ба дунё омадааст. Номи аслиаш Абдукарими Қурбон мебошад. Деҳкадаи Ҷуррак (замони Шуравӣ н. Даҳанакиик, баъдтар Ғозималик) дар даврони Аморати Бухоро тобеи амлокдорӣ ё (ноҳия)-и Қалъаи Ғозималики вилояти Ҳисор буд.
Карим Девона шуғли деҳқонию бофандагӣ дошт ва аз донишу адаб бархурдор буд. Бо аҳли фазли замонааш – Абдурасули Қубодиёнӣ, Толиби Афсонагӯй, Муллобобо, Муллоҳомид ва Муллоҷӯраи Ҳисорӣ ҳунармандони маърифатпешаи Қаротоғ Тағоймуроди Танбӯрии Хиҷил, Мирзонӯъмон Каҷбанди Мафтун иртиботи дӯстӣ дошта, дар маҳфилҳои адабиашон иштирок мекард. Ба шаҳрҳои Деҳнав, Тирмиз, Шаҳрисабз, Самарқанд, Бухоро, Кӯқанд, Тошканд, Боку сафарҳо карда, бо теъдоде аз равшанфикрони ин шаҳрҳо робитаи дӯстӣ барқарор намудааст.
Карим Девона ҳамчун шоири муборизу озодихоҳи мардум эътироф гардида, ашъораш воқеаҳои таърихии замонашро таҷассум кардаанд. Ӯ барои ашъори иҷтимоӣ, ки носозгориҳои давронро интиқод менамуд, борҳо ба таъқиби ҳокимони вақт дучор ва зиндонӣ шуд. Мири Ҳисор ҳукми қатли ӯро эълон кард, аммо зилзилаи Қаротоғ (1907) ба иҷрои ин ҳукм монеъ шуд: мир зилзиларо ғазаби Худо дониста, шоирро аз зиндон озод кард. Карим Девона тахаллуси “девона”-ро барои гароиш ба ирфону тасаввуф интихоб карда буд. Аз тарафи дигар, ӯ бо ин тахаллус худро ҳамчун девона ба намоиш гузошта, носозгориҳои замона ва ноадолатиҳои ҳукуматдоронро дар қолиби танзу ҳаҷв интиқод мекард:
Ман наям девона, номамро “Карим” бинҳодаанд,
Лек аз дасти замона мекунам девонагӣ.
Карим Девона бо гумони ғолиб босавод ва аз адабиёти классикии форс-тоҷик баҳравар буд, бо сиёқи дарвешон содаву гоҳе ҳам омиёна суруд мегуфт. Мавзӯи ашъорашро шодию ғам, зиндагии ишқнавозу табиати зебо, ки бо эҳсоси шоирона гуфта шуданд, ташкил мекунад. Ҳамчунин афроди гуногун ба мисли амиру ҳоким, миршаб, қозӣ, амини бозор ва ҳатто деҳқононеро, ки ба мансабдорон чоплусӣ мекарданд, бо ҳаҷви тунд танқид кардааст (шеърҳои “Ба шоҳ”, “Надорам”, “Магар гуноҳ аст?”, “Ҳокимони мулк ҳастанд фосиқу аҳли зино”; “Эй Худоё, золимон гарданд гирифтори бало!”, “Шайху муллою сипоҳ ин мулкро карданд хароб”,”Шаҳаншоҳе, ки лоиқ нест номаш, мурданаш матлаб”, “Қасам билло, раису миру қозӣ мурданибоб аст”, “Мезананд девонаро”, “Дар вафоти Абдулмаҷид”, “Баҳс ба Муҳаммадалибои Ашқар”, “Шӯриён бозор шуд”, “Тӯйи калон дар Ҷӯррак”) ва ғайра. Карим Девона барои раҳоӣ ёфтан аз ҷабру зулму найранги зимомдорон мардумро ба ҳимояи ҳаққу ҳуқуқи хеш даъват карда, роҳи озодиашонро дар мубориза бар зидди зулму истибдод медонист (шеъри “Қатл дар Душанбе”):
Аз миёни халқ Аҳмадҷон ба овози баланд
Гуфт: “ То кай бар сари мо ҳукмрон аст дору банд?!
Эй рафиқон, як шавед! Бо ҳамдигар билиттифоқ,
Чӯбу санг оред бар фарқи сари мири иноқ”!…
Ин шуниду халқ шуд андар ҳуҷум,
Сангборон шуд ба фарқи аҳли шум.
Карим Девона воқеан дар сафи навандешони замони худ буд ва ин сифатҳо ба туфайли робитаҳои ӯ бо равшанфикрону маорифпарварони замонаш ва мусофиратҳо ба марказҳои аз лиҳози тамаддун пешрафта ва аз таъсири шӯришҳои пайдарпайи мардумӣ бар зидди истибдодгарон (солҳои 1907-17) рушд карданд.
Пиромуни зиндагиву осори Карим Девона адиб ва донишманди тоҷик Ҳ. Назаров пажӯҳиш кардааст. Донишмандон И.Брагинский, Н.Маъсумӣ, З.Раҷабов дар боби вижагиҳои назми ӯ нақду баррасӣ кардаанд.
Карим Девона бо забони ӯзбекӣ низ ашъор сурудааст. Карим Девона – шоири тоҷик соли 1918 вафот кардааст.
Бозчоп аз Энсиклопедия милли тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 515-516.
Муаллиф: Ҳ. Файзбахш.
Таҳияи Муҳаббат Киром
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ