Карлсен Магнус – бузургтарин шатранҷбози олам. Дар бораи ӯ чӣ медонем?

Магнус Карлсен
Карлсен Магнус 30-юми ноябри соли 1990 дар шаҳри Тёнсберг ба дунё омадааст. Шатранҷбози норвегӣ, яке аз ҷавонтарин гроссмейстерони байналмилалӣ (2004) мебошад.

16 – умин каҳрамони ҷаҳон оид ба шатранҷ (аз 2013). Чемпиони Норвегия (2006), Қаҳрамони мутлақи ҷаҳон аз рӯи 3 дараҷа: аз соли 2013 қаҳрамони ҷаҳон оид ба шатранҷи классикӣ, 2014 – 2016 қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи намуди бозии тезҷараён (рапид), солҳои 2009, 2014 – 2015 ва 2017 – 2018 қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи намуди шатранҷи барқоссо (блитс).

Ғолиби мусобиқаи муддаиёни қаҳрамони ҷаҳон (2013), чор карат беҳтарин шоҳмотбози сол дар ҷаҳон. Барандаи ҷоизаи «Оскар» дар шатранҷ (солҳои 2009, 2010, 2011, 2012).

Соли 2010 (дар синни 18-солагӣ) ҷавонтарин бозингар дар таърихи шатранҷ шуда, дар сафи аввали рейтинги Федератсияи байналмилалии шатранҷ (FIDE) қарор гирифт.

Карлсен дар варақаи рейтинги FIDE (2013) ба дараҷаи 2861 роҳ ёфт. Рейтинги Карлсен аз ҳама боло – 2872 дараҷа аст (аз 2013), ки дар шатранҷи ҷаҳон беназир шумурда мешавад.

Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 539.

Муаллиф: О. Шакурзода.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова.
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.