Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ”. НАНИМАНЧА
5
Дар Ревдод ҷомашўйзанаке буд, Наниманча ном духтаре дошт, ки хона ба хона гашта пўшоки чиркин меғундошт ва баъди шустан онро ба соҳибонашон оварда медод. Вай ҳафдаҳро пур карда, ба ҳаждаҳ қадам монда бошад ҳам, ҳанўз шавҳар накарда буд, ҳол он ки духтарони чордаҳ- понздаҳсоларо ба воя расида медонистанд ва ба шавҳар медоданд. Наниманча худаш шавҳар кардан намехост, зеро аз якка мондани модари пири дардмандаш андеша дошт ва модараш ҳам аз ҳамин тарсида духтарашро маҷбур намекард. Занак барвақт бева монда, дар чилсолагӣ аз меҳнату машаққати зиндагӣ пир гашта буд ва ҳам тез-тез бемор мешуд. Ду дафъа ду сағирро ёфта хонадомод карданӣ шуд, лекин духтарак онҳоро рад кард.
Агар хостгоре мебаромаду розӣ мешуд, ки модарарўси ояндаашро ба хонаи худ бараду пояд, Наниманча шояд ҳоло шавҳардор мебуд, аммо чунин хостгоре ҳанўз набаромада буд. Духтарак ба чеҳра он қадар зебо набошад ҳам, дилкаш буд, пайкари рехтаи мавзуне дошт. Мардон ба вай бо чашми ҳавас менигаристанд, ҷавонон гап мепартофтанд, аммо Наниманча аз ҷумлаи духтароне буд, ки мақоли «Даст расону ба бало мон» дар ҳаққи онҳо гуфта шудааст. Вай ба болои чаққонию боғайратӣ шаттоҳ ҳам буд, бало буд бо забони тундаш ба як гап ду гап мегардонду ба кулўхандоз санг меандохт. Дар хонаводаи ғарибиашон мард набуд, лекин ба ҷои мард Наниманча бас буд, ки кори ду ҷавонмардро мекард.
Модару духтар пўшоки Ревахшиён ва Вирканро ҳам мешустанд.
6
Рўзе аз рўзҳо пўшоки шустаи онҳоро ба ҷои Наниманча модараш овард.
Ҳангоме, ки занаки нимҷон ва хастаҳол бўхчаи вазнинро ба замин гузошта, аз даруни он пўшоки падару писарро мебаровард. Ревахшиён ба вай раҳмаш омад ва пурсид:
– Чаро бўхчаро худат бардошта гаштаӣ, духтарат куҷост? Занак ҷавоб надода ба замин нигарист, оби ба чашмони чўкидаи камнураш омадаро бо нўги сарпечи даридааш пок кард.
– Чӣ хабар? Магар ба Наниманча ҳодисае рўй дод? – ба хавотир афтод пирамарди раҳмдил.
– Ҳодиса гуфтию мондӣ! – ҷавоб дод занак ва давоми суханашро бо душворӣ ба забон ронд: – Ин гапро ба кас гуфта намешавад, лекин ба ту мегўям, ту одами бохирадӣ, рози касонро ифшо намекунӣ… Духтарам дуҷон шудааст. – Зан дар ин ҷо боз гирист.- Шармандаам ман, додар. Ба мурданам сад бор розиам, лекин аҷал ҳам ба ман механдаду маро намегирад…
– Аз кӣ? Аз кадом зиногари нокас бошад?
– Ман чӣ донам? Вай намегўяд. «Напурс, айб ба худам» мегўяду дигар гап намезанад.Ҳомилагиаш маълум. Шарм карда аз хона намебарояд…
Ревахшиён андешаманд сар ба зер афканду дигар пурсуков накард: ба музди ҷомашўӣ ним ғалбер ҷав бароварда дода, занакро гуселонд.
Рози ғамангези занак дили пирамардро сиёҳ кард. Ва ин на фақат аз роҳи раҳмдилӣ буд,балки ваҷҳи дигаре ҳам дошт. Чанде пеш Виркан аз падараш хоста буд, ки Наниманчаро ба зании ў хостгорӣ кунад. Гуфта буд: «Модарашро ҳам ба хона меорам, модару духтар хизмати рўзгори туро ҳам мекунанд». Аммо Ревахшиён ин гапро ҳатто шунидан нахост, қатъиян рад кард. Вай аз хешии ҷомашўйзанаки дарбадар ор мекард. Ҳоло пирамард аз хаёли он ки бо рад кардани хоҳиши писараш аз ғайри ихтиёри худ як дараҷа сабабгори бадбахтии духтарак ва модари ў шудааст, азияти виҷдон мекашид.
Виркан аз шикор баргашт.
Ревахшиён розро ба дилаш ғунҷонда натавониста ба вай гуфт:
– Ҷомашўйзанак омада буд, гирёну нолон. Духтараш аз кадом як зиногари нокас обистан шудааст.
Виркан якбора дар ҷои нишастааш безобита шуд, чашмонашро калонтар кушода, сўи падараш хамида пурсид:
– Обистан?
– Оре,- аз безобита шудани писараш тааҷуб карда ҷавоб дод Ревахшиён.
Виркан бархост, хотипарешон қадаме чанд дар рўи ҳавлӣ гашт, лаби ҷуй сари ду по нишаста даст шуст, боз хест, мурғони сайдкардаашро аз ҷое ки гузошта буд, бидуни зарурат бардошта ба ҷои дигар гузошт: сипас баргашта назди падараш нишасту гуфт:
– Ман…падари кўдакаш манам…
– Ту? – пирамард ба шунида бовар кардан намехост.
– Оре, ман…
– Ту чӣ кор кардӣ, лаънатӣ? – шўрид Ревахшиён.- Агар ин роз ошкор шавад, туро ба дор мекашанд, ўро сангсор мекунанд.
– Ором бош, падар. Наниманчаро ба занӣ мегирам. Акнун ту не гуфта наметавонӣ. Кайҳост, ки дўсташ медорам.
Ревахшиён якбора дам фурў баст, ҳеҷ нагуфт.
Фасли харбузапазӣ буд. Виркан аз полизча,ки падараш дар ҳаётаи пушти боми хона кошта буд, ду харбузаи калонро канда оварда ба хўрҷин андохт, боз ду нони тобагӣ ва чорто мурғи титав, ки он рўз сайд карда буд, дутояшро андохт ва хўрҷинро ба китфаш гирифта бадар рафт…
7
Воқеа чаҳор ним моҳ пеш рўй дода буд…
Дар хонавода агар ҷавонмарди муҷарраде бошад, солиму нирўманд ва ба он хонавода духтаре рафту омад дошта бошад, қадрасу дилкаш, – оқибаташ чӣ мешавад? Мумкин аст бахайр шавад ва мумкин аст нашавд, вале он чӣ бо Виркану Наниманча воқеъ гардид, ҳамчунин аз мумкинот буд…
Ҷомашўйзанак пўшоки Ёдихишетаку Вирканро ҳам мешуст. Пўшоки шустаро ба соҳибонашон одатан Наниманча оварда медод.
Ҳар бор ки духтарак меомад, Виркан, чунон ки одати ҷавонон аст, ба вай шўхона суханони хушомадомез мепарронд. Наниманча қаҳр мекард, итоб мекард, ба суханони ў ҷовобҳои газанда мегардонд. Аҷаб ин ки Виркан аз қаҳру итоби ў, ҳатто аз дашномҳояш на фақат намеранҷид, балки хушаш меомад.
Магар ин аломати он нест, ки ў дар дилаш ба Наниманча меҳре ва майле эҳсос мекунад? Ва духтарак чи тавр инро ҳис мекунад?
Қаҳру итобҳо кам-кам ба сурх шуданҳои ниҳониву нигоҳҳои шармомез бадал шуданд.
Як дафъа Виркан аз падараш пинҳонӣ Наниманчаро дар паси дари берун поида истода, ногаҳон дар бағал кашиду аз лабу рўяш бўсид. Духтар рўи ўро ханҷол кард ва гурбавор тоб хўрда худро аз бағали ў раҳониду гурехт. Дар аснои гурез яке ба қафо нигариста гуфт: «Дигар ба остонаат қадам намемонам! Даратро пушти сарам бинад!» Аммо ин паймон, зоҳиран, ба зудӣ фаромўш шуда буд: Наниманча баъди ду ҳафта боз дар ҳавлии Ревахшиён падидор гашт.
Ба абрўвонаш усма молида ва дар мобайни онҳо холи сабз ниҳода буд. Одатан куртаи карбосии на он қадар покиза ба тан медошт, вале ин дафъа гўё ки ба ид баромада ё худ ба тўйхона омада бошад, пероҳани озодаи кабудранг ва камзўлчаи сурхи беостин пўшида омада буд, камзулча ба танаш таранг часпида миёни борик ва қомати мавзуни ўро аёнтар месохт. Ба сараш тоқичаи гулдўзии лолагун дошт. Зеби андоми ўро фақат кафши кўҳнаи даридаву гардолудаш халалдор мекард.
Виркан ба шарфаи пои ў аз хона баромада буд, Наниманча ба вай нигоҳ накарда ба тарафи суфае, ки Ревахшиён дар он нишаста буд, равон шуд. Вақте ки хиромон аз назди Виркан мегузашт, бўи турши ҷурғот ба машоми ҷавон расид: духтарак он рўз бо ҷурғот сару рўй шуста буд. Гесувони қиргуни дар пушташ ёзида монанди чашмони сиёҳи ҷилодори банур буданд. Виркан, албатта, маънии ин арзи ҷамолу худнамоии соддалавҳонаро зуд фаҳмид. Дилаш гум зад. Вай ин бор ҳам дар назди дари берун духтаракро поида, вақти баромаданаш ногаҳон дар бағал кашиду ҳарисона бўсае чанд аз лабонаш рабуд. Муқобилати духтар чандон боқувват набуд. Ҳамоғўшии онҳо хомўшона гузашт, на ин сухане гуфт ва на он калимае бар забон ронд. Дар воқеъ сухан чӣ даркор? Забони дил гўётар аст. Хуни аз шарм ба чеҳра давида ва як-ду нигоҳи барқвор ба рўи Виркан тофта малоҳати ҷозибадори духтарро дар назари ў даҳчанд карда буданд.
Акнун Виркан рўзҳо ва ҳафтаҳоро бо хаёли Наниманча мегузаронд. Ҳар гоҳ ки «Рахши пасин»-ашро савор шуда бо камону тирдон ба шикор мерафт, дар дашту дараҳо ба хаёли ў суруд мехонд, ё вақти аз Киштути Панҷрўдак ангишт меовард, дар болои шутур худ ба худ замзама мекард.
8
Як пагоҳ аз сари дастархони ношто Ревахшиён аз хонадор кардани писараш сухан ба миён овард. Ў хоҳарзодааш Махшераро ба зании Виркан муносиб дида буд. Хоҳар ва язнаи солхўрдаву аёлманди ў ба масофаи се фарсах аз Ревдод дар деҳе аз деҳоти кўҳсори Шавдар мезистанд.Ревахшиён худ чанде пеш ба манзили онҳо рафта, бе он ки ризояти писарро бигирад, маслиҳати издивоҷи Виркану Махшераро «пазонда» омада буд. Виркан ҳам ба тариқи «сукут аломати ризост» раъй дода буд.
Пирамард мегуфт,ки Виркан бояд ангиштро барои фурўш ҳарчӣ бисёртар кашонаду пулашро барои тўи арўсӣ сарфа кунад.
– Махшераро намегирам, – якбора аз ў ҳмачун бачаи арозкарда рў тофта гуфт Виркан.
– Намегирӣ? – Ревахшиён бо ҳайрат ба тарафи ў хам шуд. – Чаро намегирӣ?
– Як дасти ў шаш ангушт дорад, – ваҷҳ овард Виркан. – Ман шунида будам, ки зани шашангуштдор бехосият мешудааст.
Духтари аммаи ў воқеан дар дасти росташ ба паҳлўи ангушти хурд ангушти шашум дошт. Виркан то ин вақт аз бехосиятии он даҳон накушода буд. Акнун ин ба вай баҳонаи дилхоҳ шуд.
Ревахшиён бо қаҳру тамасхур баҳонаи ўро рад кард. Аз ончи дар умри дарозаш дида буду медонист, мисолҳо оварда исбот кард, ки ҳар кас ангушти шашум ва ё монанди он зиёдатиҳои тани одамиро бехосият гўяд, нодон ва аблаҳ аст.
Аммо Виркан аз қавлаш нагашт:
– Ўро намехоҳам,- гуфт ва якбора парда аз рўи рози худ бардошта илова кард: – Наниманчаро хостгорӣ кун.
Ревахшиён пораи чапотии ба даҳон бурдаашро гашта ба дастархон гузошт. Чинҳои ҷабини пиронаи ў ҷафстару ғафстар шуданд. Бо ҳайрату шубҳаву ғазаб ба рўи Виркан чашм дўхт. Вай аз писараш ин суханро ҳаргиз чашм надошт.
– Наниманча?.Ҳавасат ба ҳамон гадойдухтар рафт? Медидам-а, ҳар бор ки меомад, ўро бо чашмат хўрам мегуфтӣ. Бесабаб набудааст!
Виркан хомўш буд, ба таънаи падараш ҷавоб намедод, то ки ғазаби ў боз бештар ҷўш назанад.
– Ман хешии гадоёни дарбадарро намехоҳам!- суханашро давом дода раъйи қатъии худро изҳор кард пирамард. – Ор мекунам. Чӣ, ту мехоҳӣ маро дар пеши мардум шармсор кунӣ? Магар намегўянд, ки Ревахшиён ба писараш аз ҷои баобрўтар зан наёфта, ўро ба духтари гадойзане хонадор кард?
– Гадой не. Ризқашонро аз дастранҷи худ меёбанд.- Виркан ба падараш бо мулоимат танҳо ҳамин қадар ҷавоб гуфта тавонист. – Ҳар чӣ бошад, бо падару модари Махшера паймон кардаем, ман паймонро намешиканам. – Ревахшиён инро гуфта бархост ва досашро гирифта сўи боғча равон шуд..
Як рўзи баҳор Виркан барои хабар гирифтан аз шутуронаш роҳи даштро пеш гирифт. Ду шутури ў дар дашт ба шутурон ва галаи аспони як нафар деҳқони самарқандӣ мечариданд, галабони ў Ромтиш ном ошнои Виркан буд, ки ба шутурони вай ҳам нигоҳ мекард.
Дар яке аз тангкўчаи канори деҳа Виркан нохост ба Наниманча дучор омад. Духтар бухчае ба даст аз дари як ҳавлӣ баромада буд. Рўзи офтобии баҳорон буд, ҳаво аз ҳамагуна ғуборҳо пок, дар осмони лоҷувардии ҳамчун обгина мусаффо лаккаи абре пайдо нест. Аз паси деворҳои ду бари тангкўча сарҳои гулпўши дарахтони олуча, зардолу, шафтолу ҷилва мекардан ва бўи диловези шукуфаҳо ба машом мерасид. Аз боғу дарахтзорон чаҳ-чаҳи шодонаи гунҷишкҳо, қу-қуи кафтару мусичаҳо баланд буд.
– Хуш бош, Нанӣ! – аз ин тасодуфи дилхоҳ хурраму хушҳол салом дод Виркан ба духтар.
Наниманча ҷавоб надод, гузашта рафтанӣ шуд, Виркани савор пеши роҳи ўро дошт.
– Ҳанўз ҳам аз ман қаҳрӣ ҳастӣ?
Наниманча ба замин нигарист.
– Хайр, ман гунаҳкорам, – узр хост Виркан, – тавба кардам. – Сипас бо овози меҳромез изофа кард:- Аммо гуноҳи ту ҳам ҳаст…
Духтар сар боло карда сўи ў теғи нигоҳ кашид.
– Гуноҳи ту ин ки зебо ҳастӣ, – гуфт Виркан.
Наниманча тоб хўрда рўяшро тарафи дигар гардонд, ба Виркан чунин намуд, ки дар чеҳраи ў табассуме дурахшид.
– Якбора ба хонаи мо ҳам даро, пўшоки шустанӣ ҳаст, гирифта бар. Хуб? – гуфт Виркан. – Падарам дар хона, – изофа кард ў, аммо дурўғ гуфт, падараш он пагоҳ ба Шавдар рафта буд.
– Медароӣ? – пурсид ў.
Наниманча ба вай нигоҳ накарда ба тангкўчаи дигар хамида аз назар ғоиб гашт, пас ҷавон асп ронда, аз роҳи дигар ба хонаашон шитофт.
9
Дар ҳавлӣ аспашро дар пеши собот ба яккамех басту рў- рўи ҳавлӣ ба гардиш даромад. Хотираш мушавваш буд. Наниманчаро ба даъват кардан даъват карду ба хонаи хилват, лекин аз ҳилаи нисбат ба ў ба кор бурдааш дилаш ғаш буд. Аслан, худаш ҳам намедонист барои чӣ ўро даъват кард. «Боз чаро дурўғ гуфтам –а! – ботинан надомат мекард ў.- Биёяду фиреби маро фаҳмад, чи мегўям?Ранҷида маро дуруғгўй, фиребгар номида бадар раваду дигар ба хонаи мо наёяд ҳам аҷаб не. Беҳтар мешуд, ки ҳозир наояд…»
Аммо ба зудӣ дари берун ғиҷиррос зада боз шуду Наниманча намудор гашт.
Виркан саросема шуд, аблаҳона табассум карда гуфт:
– Омадӣ?… Ман… вай …ба хона аз ту пештар расидам… Падарам ба куҷое баромадааст. Бўхчаатро мон, шишта камакак дам гир.
Наниманча ба лаби суфа нишаст. Бо назари шубҳа ба Виркан нигарист.
«Бовар накардагӣ барин,- аз дил гузаронд Виркан.- Фаҳмид магар?» Ҷавони ошиқ ҳис кард,ки сурх шуда истодааст. Осори саргумиаш, бадасту по шуданаш аён буд.
– Зудтар биёр!- гуфт Наниманча.
Виркан нафаҳмид:
– Чиро?
– Пўшоки чиркин.
– Ҳа…пўшок…Ҳозир…Ман ҳозир…
Виркан тарафи хона равон шуда, ногоҳ аз пушти сараш қоҳ-қоҳ хандидани Наниманчаро шунид. Истода қафо нигарист. Бо ҳамон табассуми аблаҳонанамо пурсид:
– Чӣ механдӣ?
– Ба афту башараи ту механдам, – аз қаҳқаҳа боз наистода гуфт Наниманча.
– Ба башараи ман чӣ шуддааст? – Виркан беихтиёр кафи даст ба рўй молид.
– Башараат ба фиребгариатгувоҳӣ дода истодааст.
– Аҷаб!.. Чӣ хел фиреб? Ту чиҳо мегўӣ, Нанӣ?
– Аммо бе гувоҳии башараат ҳам ман фиреби туро дониста будам. Дар сари кўча ба як нафар ҳамгузаратон дучор шудам, пурсид: «Куҷо меравӣ?» Гуфтам: «Ба хонаи Ревахшиён». Гуфт: «Дар хонаи ў касе нест,худаш ин пагоҳ ба Шавдар ва писараш ба дашт рафтанд». Бо вуҷуди ин омадам, ки шояд мардак саҳв карда бошад. Ту ба ман гуфта будӣ, ки падарат дар хона аст, чаро дурўғ гуфтӣ? Худат ба дашт мерафтӣ, чаро аз роҳ гаштӣ?
Виркан ҷавобе наёфт, ҷуз ин ки ҳамаи воқеаро ба шўхӣ гардонад. Хандида гуфт:
– Ҳазл кардам, Нанӣ. Аз гуноҳам гузар.
– Ҳазл? Барои чӣ?
Виркан андак сукут карду қарор дод, ки мақсадашро рўирост гўяду монад:
– Хостам,ки боре бо ту якка ба якка бошам. Ана ҳамин. Табассуме, ки ҳанўз дар чеҳраи Наниманча бозӣ мекард, якбора хомўш гашт.Ў бархоста бўхчаашро бардошт ва ба сўи дари берун равон шуд.
Се- чор қадам рафта буд,ки ногоҳ дари берун сахт такон хўрд ва сипас сахт-сахт кўфта шуд. Овози баланди зане ба гўш расид:
– Кӣ ҳаст дар хона? Виркан! Ҳастӣ ё не?
Виркан оҳиста ба Наниманча гуфт:
– Ҳамсояамон. Ту ба хона даро, ман ўро аз дар мегардонам.
Наниманча ноилоҷ худро ба даруни хона гирифт. Виркан рафта тамбаи дарро бардошт. Ҳамсоязанаки миёнсол сабаде дар даст ворид шуд:
– Падарат орди ҷаворӣ дода буд, ки нон пухта биёрам. Инак овардам. Ту дар хона танҳоӣ? Бигиру дар гармиаш бихўр, ки нони ҷаворӣ дар гармиаш бамазза аст. Пиёзнок пухтам.
– Миннатдорам, хола. Хуш бош.- Виркан сабади нонро гирифта занакро гусел карду боз дарро тамба зад.
Ба хона даромада, бо тани худ даҳони дарро пўшонд ва бо ин тарз монеи баромадани Наниманча шуда, ба ў, ки дар паҳлўи дар рост истода буд, гуфт:
– Акнун биншин, нони гарм мехўрем. Охир ту меҳмонӣ.
– Ў сабадро ба замин гузошт.
– Не, ман меравам, роҳ бидеҳ,- тақал кард Наниманча.
– Нанӣ, як дам биншин,- хоҳиши илтимоскорона кард Виркан.– Маро меранҷонӣ. Натарс,ман ба ту даст намерасонам. Дар кўча мардумон гашту гузор доранд, медонанд, ки ман дар хона танҳоям, баромадани туро бинанд, аҷаб не гапу калоча кунанд.
Зоҳиран, ин ваҷҳи охирин ба Наниманча асоснок намуд, ки суст шуд.Он гоҳ Виркан бўхчаи ўро аз дасташ гирифта ба тоқча гузошт ва худашро қариб ба зўрӣ ба фарши намадпўш нишонд. Дари хонаро нимроғ пўшида монд. Хонаи хурдакак ва шифти паст, ки дасти одами миёнақад ба он мерасид, тирезаву дарича надошт, рўшноӣ ба он фақат аз дар медаромад: ҳоло шаммае рўшноии аз дар тобанда онро фақат нимравшан мекарду бас. Виркан аз мехи чўбини девор дастархонро гирифта ба рўи намад ёзонд, чандто нони ҷавориро ба он гузошт ва пора кард. Сандуқчаи дар тоқча истодаро кушода аз вай ба лаъличаи сафолин мавизу ангур ва тутмавиз андохта ба пеши меҳмон ниҳод.Ҳама ҷунбишу тараддуди ў аз ғайри ихтиёри худаш бошитоб буд. Ба хилофи таомул, дар рўбарўи меҳмон нанишаст, дар паҳлўяш нишаст.Боз таоруф кард:
– Марҳамат, бихўр. Шарм накун, насибаат будааст.
Наниманча таоруфи Вирканро пазируфта бошад ҳам, парешонхотир ва беқарор буд:
– Виркан, бигзор ман равам. Мабод ки ногоҳ ягон кас биёяду бинад…
– Ҳеҷ кас намеояд, хавотир накаш. Падарам пагоҳ меояд.
– Охир, модарам ҳам нигарон…
Виркан лаҳзае чанд сукут карду баъд нохост бо як қадар дуруштӣ гуфт:
– Нанӣ! Дилтанг мабош ва маро ҳам ба танг наёр. Ман мизбонам, ҳар вақт ки рухсат додам, меравӣ. – Сипас бо овози нармтар изофа кард: – Ба ман нигар, Нанӣ, бидон, ки ман ҳеҷ духтареро хуш накарда будам, туро хуш кардам. Зебо ҳастӣ, Нанӣ, ба дилам нишастӣ. – Инро гуфта вай бо як даст аз китфи лоғараки майдаустухони духтар оғўш карду аз лабонаш бўсаи гарм рабуд. Дар лаҳзаи дигар ўро сабук бардошта ба зонуяш нишонд. Наниманча муқобилат накард ва балки ёрои муқобилат кардан надошт. Духтари нахустин бор ба бўсу канор афтодаро хуш-хуш ҳаяҷони қалб ва изтироби хотир фаро гирифта буд.
…Вай бемаҷолу бесадо ба ҷавон таслим шуд.Фақат он гоҳ ки дарди сабуке ҳис кард, садои нолишмонанде бароварду халос…
10
Нимвайрона кулбаи шустагарзанак дар канори деҳа ба лаби ҷилдиробаи сой воқеъ буд. Занак дар як гўшаи ҳавлича рўи суфа ба сояи дарахти зардолу нишаста буду чарх мересид. Наниманча пўшоки шусташударо ба арғамчине, ки аз дарахти зардолу ба тути дар канортар рўида кашида шуда буд, меовехт.
Модару духтар аз болои тавораи пастаки хасин Виркани хўрҷинбардўшро, ки бо қади ҷўй аз байни сафедору маҷнунбедҳо калон-калон қадам партофта, ба тарафи кулбаи онҳо меомад, дида ҳайрон шуданд: писари Ревахшиён пеш аз ин ба хонаи онҳо ҳеҷ наёмада буд. Наниманча ба болои ҳайраташ бедасту по ҳам шуд. Виркан низ ҳар дуро медид ва аз онҳо чашм наканда хандон меомад. Духтар дар ҳолати беқарорӣ сурх шуд, сафед шуд,яктаҳи тари аз тағора бардоштаашро гашта ба тағора партофт ва саросемаву ҳаросон рафту худро ба даруни кулба гирифта дари онро пўшид…
Модараш ин ҳолу ҳаракати вайро дида, гумоне ба дилаш соя андохта бошад ҳам , он кайфиятро аз шарми ҳомилагии ў донист.
– Шод бош, хола! –гўён дари ҳавличаро тела дода (аз тела додани ў дари фарсудаи аз навдаҳои бофташуда қариб канда шуда афтида буд) ворид гардид ҷавон.(Суғдиён ҳанўз «саломалайкум»-и арабиро намедонистанд ва ба ҷои салом «шод бош» ё «хуш бош» ёки «дуруд» мегуфтанд).
Занак чарху пилтасабадашро онсўтар гузошта, бо ҳар ду даст бар зонувони лоғари нотавонаш такякунон ба истиқболи меҳмон бархост. Аз даруни пилтасабад гурбаи ниҳоят лоғару нимҷоне ҷаста, пушташро кўз ва думашро теғ сохта, норизо ва малул ба каноре хиромид.
– Хуш омадӣ, Виркан,- таоруф кард ҷомашўйзанак.- Шамол аз куҷо парондат?
Вай пўстаки сиёҳи чанголудро,ки бар он нишаста буд, як сў афканду ба кулбааш шитофт, аз он ҷо кўрпачаи кўҳнаеро оварда ба рўи бўрё андохт.
– Марҳамат,биншин.
Вақт миёни пешин ва аср,офтоби тобистон ҳаворо хеле тафсонда, лекин суфа дар сояи дарахти сершоху барги зардолу як қадар салқин буд: ҷавонон ҷомаи алочаи абра астарашро кашида, ба шохи дарахт овехту нишаста,дасторчаи малларангашро аз сар гирифта бо вай арақи рўю гарданашро пок кард. Аз ҷониби сой,ки канори дигари он то чашм расидан ҳама боғу дарахтзор буд, андак-андак насими форам мевазид. Дуртар- дар лаби сой бачаҳо ғалоғулакунон чормағз меафшонданд.
Занак бо меҳмони нохондааш пурсу пос мекарду худ аз гирди зардолуи тари рўи бўрё барои хушконидан чидашуда гунҷишку мусичаҳоро меронд: забонаш ба гуфтор буду хаёлаш ба чизи дигар: «Писари Ревахшиён ба чӣ кор омада бошад?»
Виркан баногоҳ гуфт:
– Ин камак савғотиро бигиру аз имрўз маро фарзанд бигў, хола, – вай ба хўрҷини дар лаби суфа гузоштааш, ки онро гурба аллакай коҳилона бў карда истода буд, ишора намуд.
Ҷомашўйзанак табассумаш дар чеҳрааш ях басту нигоҳи суоломезаш дар рўи Виркан дўхта гардид: «Фарзанд бигў?» Яъне чӣ? Вале дар лаҳзаи дигар Наниманчаи ҳомила ба пеши назараш омаду гумони ҳаяҷонангезе хотирашро мушавваш кард: «Наход,ки сабабгори ҳамин Виркан бошад?..»
Ҷавон хандида боз гуфт:
– Духтаратро бихон, хола.
Аммо аз занак пештар худи Виркан ба духтарак овоз дод:
– Баро, Наниманча, ман пеши ту омадам. Касон дуи моро ба ҳам пайвастан нахостанд, худоён пайвастанд. Ту барои ман паҳлавонписаре хоҳӣ овард.
Ваҳ чи суруре аз ин суханон бар синаи Наниманча роҳ ёфт, чӣ рўшноие ба дилаш тофт! Вай гўё аз ғайб овози фариштаи Сурушро шунид, ки аз толеи фирўз ва итиқболи рахшонаш башорат медод. Дилшикастагӣ, тарсу бадномӣ, ғами бекасӣ ва бепаноҳӣ, ки вақтҳои охир пас аз маълум шудани обистаниаш ҷони ўро дар шиканҷа андохта буданд, ба як бор нопадид гаштанд. Вай даст ба шиками як қадар баромадааш,- хаёлан ба китфи кўдаки ҳанўз ба олам наёмадааш ниҳода, хушбахт ва ризоманд, ҳамчун касе, ки ғарқи орзуи ширине шуда бошад, бо чашмони намгирифта ба дуродур менигарист ва девори хона ҳам гўё ба дидани ў дуродурро монеъ намешуд.Агар ин дам назари Виркан ба вай меғалтид, чӣ малоҳати дилрабое дар вай медид ва шояд ба худ мегуфт,ки арўсаш воқеан зебост,нозанин аст. Алҳақ шодию хушбахтӣ ҳатто безебро зебо ва пирро барно мегардонад.
Фақат Виркан дар ҷавоби даъваташ аз кулба чунин овозе шунид:
– Намебароям! Бирав!
Аммо ин овози ноз буд, на қаҳр.Виркан хандиду боз гуфт:
– Хуб, барову худатро ба ман бинамой, баъд меравам.
Модар ҳам, ки акнун гумоштаи хирааш ба яқини равшан табдил ёфта буд, духтарашро садо кард:
– Баро! Аз кӣ шарм медорӣ? Он вақт ки ба ин ҷавон хилват мекардӣ, шарм намедоштӣ ва акнун медорӣ? Баро зудтар,беҳаё, меҳмонро пазироӣ кун!- гуфт, лекин худаш даҳонашро бо нўги остинаш пўшонда табассум мекард: гуфтораш ба шунидан сарзаниш буд ва ба фаҳмидан навозиш.
Баъди андак фурсат Наниманча аз дари кулба намоён шуд: рўяшро бо оринҷаш панаҳ карда буд, паҳлўнокӣ дар дами дар истод. Виркан ба наздаш рафта, оҳиста даст ба китфаш гузошт, арўс китф ҷунбонда дасти ўро дур кард: домод дар ҳоле ки лабханд мекард,овозашро қасдан дурушттар намуда гуфт:
– Ба ман нигар, духтар! Тезтар ана он титавҳоро пат бикан ва кабоб бикун, ки ман гуруснаам.
Наниманча ҳам акнун хандида, сурх шуда як нигоҳи шармзадаи гурезон ба рўи Виркан афканду бо ҷадал сўи суфа равон шуд…