Аз профессор Хуршед Каримов дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавон хонд?
Каримов Хуршед Ҳилолович 10-уми декабри соли 1935 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Биолог, доктори илмҳои биология (1974), профессор (1989), узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1958).
Ходими хурд, ходими калони илмӣ, мудири лабораторияи ғизодиҳӣ ва мубодилаи моддаҳои шуъбаи физиология ва биофизикаи рустаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (аз соли 1964 Институти физиология ва биофизикаи рустанӣ; 1961-1966), ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ (1966-1986) ва директории Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Институти ботаника, физиология ва генетика; 1986-2000), академики котиби илмҳои биологӣ ва тиббӣ, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2012).
Аз соли 2012 ҷонишини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Шурои диссертатсионӣ оид ба ихтисоси физиология ва биокимиёи рустаниҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987-2014). Муаллифи 430 мақолаи илмӣ, 8 монография.
Таҳти роҳбарии Хуршед Каримов 12 нафар рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд.
Хуршед Каримов яке аз олимони камназири тоҷик дар соҳаи физиология ва биокимиёи рустаниҳо маҳсуб меёбад. Оид ба асосҳои физиологии боғдории интенсивӣ, масоили экологии физиологияи рустаниҳо, василаҳои биокимиёии идораи рушду инкишоф ва дарёфти асосҳои назарии рустанипарварӣ дар фасли зимистон, хосса дар шароити Осиёи Марказӣ пажӯҳиш анҷом додааст. Зери роҳбарии ӯ масъалаҳои муҳимми физиологию биокимиёӣ ва агробиологии сабзавоткорӣ дар шароити гармхонаҳо ҳал шуданд.
Дастовардҳои илми биологияи тоҷикро дар конференсияҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ муаррифӣ кардааст. Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011). Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» мукофотонида шудааст. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин (1970), Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1976, 1985), медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Каримов Хуршед Ҳилолович 12-уми январи соли 2014 дар Душанбе вафот кардааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 524.
Муаллиф: М. Қурбониён.
Аз Хуршед Каримов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолиб қобили дарёфт аст:
Применение радиоактивных изотопов в сочетании с хроматографическим методом в изучении белкового и углеводного обменов у растений. – Сталинабад, 1959.
О летнем покое растений полусаванн (на примере ячменя луковичного). – Москва, 1962.
О зимней вегетации и летнем покое растений Таджикистана. – Душанбе, 1964.
Продуктивность посевов сельскохозяйственных культур при круглогодичном использовании орошаемых земель Таджикистана. – Душанбе, 1978.
Выращивание огурцов в пленочных теплицах в условиях Таджикистана. – Душанбе, 1980.
Ритм развития эфемероидов Западного Памиро-Алая. – Душанбе, 1981.
Физиологические основы продуктивности сельскохозяйственных культур при интенсивном использовании орошаемых земель в Таджикистане. – Душанбе, 1984.
Достижения биологии и перспективы развития аграрно-промышленного комплекса Таджикской ССР. – Душанбе, 1988.
Возделывание промежуточных кормовых культур на хлопковых землях. – Душанбе, 1989.
Влияние препарата симбионт-1 на продуктивность кормовых культур. – Душанбе, 1991.
Запас фитомассы растительных сообществ Западного Памиро-Алая. – Душанбе, 1996.
Зимневегетирующая рожь. – Душанбе, 1999.
Интенсивное использование хлопковых полей. – Душанбе, 1999.
Физиология и биохимия зимневегетирующих кормовых культур. – Душанбе, 2003.
Состояние, проблемы и перспективы развития биологических наук в Таджикистане. – Душанбе, 2008.
Физиология и биохимия эфемероидов Западного Памиро-Алая. – Душанбе, 2011.
Хуршед Хилолович Каримов: Материалы и биобиблиографии ученых Таджикистана. – Душанбе, 1995.
Таҳияи Истампулод Ормонов,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ