66 сол пеш. Мақолаи Мирзо Турсунзода дар “Тоҷикистони саветӣ”. “Машъали сулҳ”

Баҳорро ҳамаи одамон бо шодмонӣ истиқбол мекунанд. Баҳор ба дили одамон нашъаи дигаре мебахшад, ҳусн ва таровати табиат, сабзу хуррамии кўҳу даман, пуроб гаштани рӯдхонаҳои кўҳӣ, аз ҷануб ба шимол парвоз кардани мурғон – ҳаёти бисёр пурҷўшу хурўшеро ба хотир меоварад.

Кас дар рўзҳои баҳор ба ягон боғи пургулу пурмева дохил гардад, мебинанд, ки чӣ гуна оруҳои асал ба сари гулҳо бозор ташкил кардаанд, онҳо шираи гулҳоро макида ба хонаи худ мекашонан, асали муаттар тайёр мекунанд. Ман аксар вақт ба ин хизмати оруҳои хурдакаки пуркор  назар дўхта, ба чунин хулосае меоям: якҷоя қувва сарф кардан чи гуна фазилати бебаҳое дорад. Одамони советӣ аз шарофати чунин меҳнати якҷоя ватани худро барои зиндагонии инсон боб ва хурсандибахш кардаанд. Онҳо ҳамеша самараи меҳнати худро нигаҳдорӣ мекунанд. Занбўри асал ҳам чунин аст. Чантои онҳо дар назди хонаашон истода, бо навбат онро посбонӣ мекунанд, то ки ягон занбўри заҳролудшуда ба хона даромада, асалро талх нагардонад. Дар шароити советӣ ҳаёти одамони мо ба асал монанд аст, ки онро олуда ва талх кардан ба ҳеҷ кас муяссар нахоҳад шуд.

Дар гузашта падару бобоҳои мо яъне халқи тоҷик ба мисли дигар халқои мамлакати мо сияҳбахт буда, на нашъаи баҳор ба дилаш меғунҷид ва на лаззати нопайдои зиндагонӣ. Ин аст, ки дар замони пеш тоҷикон дар қатори таронаҳои ғамангез, андўҳи дили худро ба чунин сатрҳо ифода мекарданд:

Як умр ба марг сахтҷонӣ кардем,

            Рухсора баселӣ арғувонӣ кардем.

            Умре гузарондем ба мурдан – мурдан,

            Мардум ба гумон ки зиндагонӣ кардем.

Чанд рўз муққаддам халқи тоҷик 80 солагии рўзи таваллуди писари содиқи худ, сардафтари адабиёти советии тоҷик, устод Айниро ҷашн гирифт. Нотиқон гаштаю баргашта таъкид карданд, ки саргузашти талху тунди пеш аз револютсионии Айнӣ ба саргузашти худи халқ монанд буд. Айниро Револютсияи Октябри бузург зинда кард. Ин ҳамон маъноро дорад, ки халқи тоҷик ҳам аз шарофати ҳамин революция аз нав таваллуд ёфт, дар зарфи 40 сол хушбахт гардид, натанҳо қиёфаи сарзамини халқ ба куллӣ тағйир ёфт, балки худи ў ва мазмуни сурудҳои ў ҳам дигар шуданд:

Хоҳам, ки дар ҳавои Ватан болу пар занам,

            Болу паре баландтару дуртар занам.

            Аз фарқи кўҳҳои пур аз барф бигзарам,

            Аз фатҳи хеш бонг ба гўши қамар занам.

                                                              (Аминзода)

Оре, баҳор ҷавонии сол аст, онро мардумони дунё дар ҳама ҷо пешвоз мегиранд. Лекин баҳор дар мамлакатҳое, ки мустамликадорон ҳукмрони мекарданд, бо маънои томаш ба баҳор монанд набуд, ба дили одамон суруре намебахшид. Чунки баҳор ҳамон вақт завқ мебахшад, ки замину об ба худи халқ таалуқ дошта бошад, инсон вақте ки дар даштҳо лола мечинад, ҳис кунад, ки ў аз замини ватани худ чида истодааст. Дар мамлакатҳли мустамликавӣ бегонагон соҳиби ҳаммаи чиз будаанд, сарвати замин, зебогиҳои табиатро азони худ мекарданд. Хатто соҳибони ҳақиқии обу замин – деҳқонон наметавонистанд гулеро бе рухсат кананд, ягон меваеро аз боғҳо бичинанд. Баръакс бар ивази меҳнати пурмашаққат насиби онҳо фақат ашки равон ва андўҳу алами ҷигарсўз мегардид.

Маҳтобшабасту ман ба саҳро имшаб,

Дуди дили ман чу мавҷи дарё имшаб.

Ман ҳанўз айёми бачагиро дар ёд дорам дар Тоҷикистони пешазреволтютсионӣ мо бачагон ба даштҳо баромада гул мечидем ва чунин сурудеро бо ҳасрат мехондем:

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад,

            Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.

            Мурғони ҳаво ҷумла ба парвоз даромад.

           Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Мо ин сурудро аз модару падарони худ шунида будем ва баъд аз солҳои дарозе, вақте ки ман ба мамлакатҳои гуногуни Шарқ сафар кардам, таронаҳои бисёреро аз забони деҳқонони  Ҳинд, Афғонистон ва Эрон шунидам, ки мазмуни онҳо бо суруди болоӣ хеле монанд буд. Вале ҳоло бисёри ин халқҳои машриқзамин фасли баҳорро ба навъи дигар пешвоз мегиранд. Якеҳо истисморкунандагони худро аз замини худ ронда, тақдирашонро ба дасти худ гирифтаанд, дигаре дар роҳи озодӣ қадамҳои аввалин мегузоранд. Ҳарчи бошад ҳам ин аввалин муждаҳои баҳори инсоният халқҳои озоди мамлакати мо аз он ҷумла, одамони Шарқи советиро хурсанд месозанд. Чунки тақдири гузаштаи мо дар шароити ҳамонвақтаи ғуломӣ ва нобаробарҳуқуқӣ ба тақдири одамони  шарқи мустамликавӣ шабоҳат дошт.

Дар вақти саёҳат карданам дар кишварҳои мустамликавӣ, ки барои истиқлолият муборизаи шадид мебаранд, беихтиёр вазъияти бачагиамро ба хотир овардам. Вақте, ки падарам – устои дуредгар ҳангоми шом аз кор ба хона бармегашт, шабҳо бо ў дар ҳавои соф, дар рўи суфа дароз кашида, ба осмони лоҷварди пур аз ситора назар андохтанро хеле дўст медоштам. Ба болои сари мо, вақте ки ситораҳо мепариданд, аз падарам пурсуҷў мекардам: барои чӣ ситораҳо мепаранд ва ў ба саволи ман ҷавоб дода мегуфт: «ҳар як одам дар осмон ситораи худашро дорад, дар миёни он ситораҳо ситораи бахти ту ҳам мавҷуд аст. Ҳар гоҳ, ки ягон ситорае парид, дон, ки соҳиби он ситора аз дунё гузашт. Он гоҳ боз пурсидам: агар одам ситораи бахт дошта бошад, пас чӣ тавр карда, онро кас ба поён мефарорад ва соҳиби бахт мешавад? Падарам оҳи сўзоне кашида ҷавоб медод: “Писарам, поён овардани ситора ҳеҷ мумкин нест, ки замин сахту осмон баланд мегўянд. Дар ин дунёи фонӣ хушбахт шуданро ҳеҷ гоҳ орзу накун, мо раҳгузарем ба мо ҳамин коза бас аст».

Аҷдодони мо рўи саодатро надида, навмед мурданду рафтанд, вале мо фарзандони онҳо бо дасти худ дар Ватани Советӣ бахти хешро барпо кардем. Мана ҳоло бегоҳирўзҳо аз пойтахти республика, – Сталинободи пуршукўҳ ба сўи колхозҳои водии Ҳисор сафар мекунам, ки то ба ҳамқишлоқиёни худсўҳбат кунам, аз корҳояшон огоҳ гардам ва агар лозим шавад ба онҳо  мувафаққиятҳои нави ояндаашон ягон маслиҳате бидиҳам. Аз назди қишлоқҳои колхозӣ  марказҳои районӣ гузашта чашмам ба чароғони бешумори электрикӣ меафтад, онҳо на танҳо осмони пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод балки маҳалҳои ин водии сарсабзро мунаввар гардонидаанд. Кас гоҳо фаромўш мекунад, ки дар болои сар, дар осмон ҳамон ситораҳое, ки аз бачагӣ орзу мекардем, ҳанўз чашмак зада шўълапошӣ мекунанд ва дар ин дам беихтиёр дар фикр меафтем: оё дар осмон шумораи ситораҳо бисёранд ва ё дар замин шумораи лампочкаҳои электрикӣ. Ситораҳо бошанд аз рўзи мисоқ як зайл меистанд, вале шумораи чароғакҳои электрикӣ торафт афзуда ҳамаи мамлакатро фаро мегиранд. Ин ҳамон ситораҳои бахт  мебошанд, ки акнун дар осмони баланд не, балки дар замини озоди мо шаъшаъабозӣ мекунанд.

Тараққиёти минбаъдаи мо ҳадду ҳудуде надорад, чӣ тавре, ки қувваи эҷодии халқ беҳудуд аст. Ин қувва ҳаёти нави хушбахтонаи  моро натанҳо барои худ, балки барои набераю абераҳоямон  ҳам фароҳам оварда, давоми ин тараққиётро мо дар оянда ба дасти фарзандон ҳамчун мероси муқаддас хоҳем супурд.

Мо бояд дар хотир дорем, ки дар давоми асорати чандинасрии мустамликавӣ дар жаргони мустамликадорон чунин калимаи таҳқиромез нисбат ба халқҳои  мазлум ба монанди «осиёиҳо» пайдо шуда буд. Мустамликадорон ин калимаро бо таҳқир ифода намуда, худашон аз меҳнат, аз хуну арақи ҷабини халқҳои мазлум сарвати бепоёнро ба даст даровардаанд, барои худ қасрҳо ва кўшкҳои афсонавӣ сохтаанд, ганҷинаҳои бесоҳибро соҳиб шудаанд, ки ҳамаи ин неъматҳо  ба сари худи халқ балои азим гардида, онҳоро бештар мутеъ ва асир карданд. Ҳар қадар зимомдорон аз сарвати халқҳои мустамликавӣ бойтар мешуданд, ҳамон қадар онҳо ба асирони  худ бо назари нафрат нигоҳ мекарданд. Ҳар қадар ки мардумони Осиё ва Африка заифтар мегардиданд ва сари таслим фурў мекарданд, ҳамон қадар мустамликадорон ба шаъну шараф ва ҳаёти онҳо суиқасд  менамуданд.Чунин аст табиати ҳар як дарранда, аз ҳар касе ки бо ту баробар ва ё дар қувва аз ту зўртар аст, ҳазар кун, он касеро, ки аз ту заифтар бошад.

Унвонӣ «осиёӣ», монанди тағмае буд, торафт дилу ҷон ва банд- банди устухони халқҳоро ба сўзиш даровард. Адовати чуқури «осиёиҳо» нисбат ба золимони худ, орзу ва умеди онҳо барои озодӣ, истиқлолият, ба писар ва аз писар ба набера ҳамчун мерос боқӣ монд. Дар давоми чандин солҳо дар шуури «осиёиҳо» мақсади соҳиб шудан ба замини модарӣ ба сарвату ганҷинаҳои ватани худ, мақсади бо дигар халқҳо дар вазъияти баробарҳуқуқӣ зиндагӣ кардан торафт авҷ гирифт ва монанди гулхан шўъла зад. Ин мақсаду орзуи бисёрсолаи халқҳо танҳо дар ибтидо ёфтани давраи нав- вақте, ки халқҳои Иттифоқи Бузурги Советӣ ва баъд аз он халқҳои бисёрмиллионии Хитой ба роҳи тараққиёти социалистӣ дохил шуданд, ба амал омадан гирифт.

Дар бораи он ки мароми барқарор кардани адолат дар рўи замин, чӣ гуна халқҳои Осиё ва Африкаро фаро гирифтааст, метавонем аз рўи конференцияи дар Қоҳира барпогардида хулоса барорем.

Пеш аз сар шудани конференсияи якдилии халқҳои Осиё ва Африка дар Қоҳира, 23-йуми моҳи декабри соли 1957 яксолагии ғалабаи мисриён дар Порт- Саид ба муқобили истилогарони Англия, Франсия ва Исроил барпо гардид. Дар рўзи ҷашн дар Порт- Саид пеш аз сар шудани митинг як гурўҳ ҷавонон аз шаҳри Искандария бо машъалҳо ҳозир шуданд, онҳо дар майдон давр зада, аз даст ба даст машъалҳоро ба ҷавонони Порт- Саид супориданд. Ин машъалсупорӣ рамзе буд, ки аз насл ба насл, аз халқ ба халқ супоридани кори сулҳ ва амниятро ба хотир меоварад. Дар конференсияи Қоҳира ҳам айнан ҳамин ҳолат рўй дод. Нишонаи ин конференсия, аз тарафи ду қитъаи замин ба сўи ҳамдигар ду дасти дарозшуда – дастони ду одами гандумгун ва сиёҳ буданд. Ин эмблема танҳо эҷоди тасаввуроти рассом набуда, балки дар нақшҳои тасвирӣ муҷассам гардидани мақсад ва мароми халқҳои Осиё ва Африка буд, ки барои онҳо муттаҳидшавӣ, ҳамфикр будан омили асосии ғалаба дар мубориза барои истиқлолияти сиёсӣ, барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва мадании ин мамлакатҳо мебошад. Муборизаи озодихоҳиро онҳо аз як халқ ба халқи дигар гузаронида, аз конференсияи Бандунг то ба конференсияи Қоҳира оварда расонданд.

Халқҳои Шарқ медонанд, ки ғалбаи онҳо аз шарофати мавҷудияти Давлати Советӣ аз лагери бузурги демократӣ ба даст меояд. Онҳо некӣ ва ёрмандиҳои беғаразонаи халқи советиро  фаромўш нахоҳанд кард. Бинобар он дар Қоҳира дастони одамони советиро арабҳо гарму ҷўшон мефушурданд, ба онҳо саломи бародарона мегуфтанд. Онҳо аз ҳарорати дастони намояндагони мамлакати мо ҳис мекарданд, ки аввалин машъалбардорони роҳи озодӣ ва сулҳ дар ҳамаи ҷаҳон халқи советӣ мебошад. Дар чеҳраи мо намояндагони Шарқ равшании чароғҳои мамлакати сотсиалистиро медиданд ва дили соф бо ҳисси бародарӣ лабрезгаштаи халқҳои советиро мехонданд.

Акнун дар дунё ҳеҷ як қуввае нест, ки тавонад ҳаракати озодихоҳии ҳамон «осиёиҳои» пештараро боздоранд.

Аксар вақт ин ҳаракати халқҳои Шарқ ба дарёҳои пуроб, ки аз дарёча ва ҷўйчаҳо ташкил меёбанд, нисбат медиҳанд. Вақте, ки ман дар бораи вазъияти Шарқ фикр мекунам, кўли Си- Хуро, ки дар шаҳри Ханҷоу дар Хитой воқеъ аст, ба пеши назар меовардам. Ин кўлест, ки оби мусаффои он аз садҳо чашмаҳои аз зери худи кўл ва аз қаъри замин ҷўш зада бароянда ташкил ёфтааст. Ҳаракати халқҳои мазлум ҳам аз қаъри асорати чандинасрии мустамликавӣ ҷўш зада, дар роҳи озодӣ ба рўдҳо ва ба дарёҳои азим табдил ёфта истодааст.

Дар бораи рўзи гузашта ва ояндаи ҳаракати Шарқ вакили Камерун- Эрнест Уанди дар конференсияи Қоҳира хеле ташбеҳи хубе гуфт:

«Агар насрониёнро ҳамаи роҳҳо ба Рум, мусалмонро ба Каъба бурда бошанд, аммо барои ҳаммаи халқҳои мазлуми Осиё ва Африка роҳи озодӣ – ин роҳи аз Бандунг то ба Қоҳира баранда мебошад».

Ба ҳаракати озодихоҳии мардумони Шарқ дигар ҳеҷ чизе монеа шуда наметавонад, чи тавре ки наметавонад ягон чизе пеши роҳи омадани баҳорро гирад. Баҳор на танҳо дар рўи замин, балки дар дили ҳамаи одамони сулҳҷў ҳукмронӣ хоҳад кард, чунки машъали ин баҳори сулҳро халқҳо ба дасти худ гирифтаанд.

Аз рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, 1958, 1-уми май, таҳияи мутахассиси пештари шуъбаи матбуоти даврӣ Нуримеҳан Маҳмадбекова.