Чаро профессор Асрорӣ китоби “Зарбулмасал ва мақолҳо дар асарҳои С. Айнӣ”-ро танқид кард?
18 сол муқаддам адабиётшиноси маъруфи тоҷик доктори фанҳои филологӣ А.Мирзоев бо номи “Зарбулмасалҳои тоҷик” (дар матн) китобчае чоп кунонида буд, ки он нахустин аср мавқеи кор фармуда шудани зарбулмасал ва мақолҳоро дар асарҳои бадеии нависандагони советии тоҷик нишон медод.
Аҳамияти асари А. Мирзоев на танҳо аз он иборат буд, ки мавриду мавқеи кор фармуда шудани ҳар зарбулмасалу мақолро аз рӯи адабиёти бадеӣ, яъне бо овардани матни ба зарбулмасал алоқаманд,ба хонанда равшан карда медод, балки сарсухане низ дошт, ки он оид ба зарбулмасалу мақол маълумоти ба тафсили пурмазмунро дарбар мегирифт. Бояд қайд кард, ки асари мазкур дар он замон дар соҳаи фолклоршиносии тоҷик яке аз корҳои ба назар намоён ва қадамҳои аввалин ҳисоб меёфт.
Ҳамин сол ба муносибати 80 солагии рӯзи таваллуди устод С. Айни “Зарбулмасал ва мақолҳо дар асарҳои Садриддин Айнӣ” ном китобчаи Р. Абдуллозода чоп шуда баромад, ки он бо ташаббуси худи муаллиф тартиб дода шудааст. Дар сарсухани китобчаи мазкур Р.Абдуллозода қайд мекунад: “Коре ки мо ба диққати хонандагон пешниҳод мекунем, дар ҳеҷ сурате даъвои асари тадқиқотиро надорад. Ин танҳо натиҷаи таҷриба ва меҳнати чандинсолаи педагогиест, ки муаллиф боо он машғул шудааст”.
Хизмати шоёни таҳсини муаллифи китобчаи мазкур дар он аст, ки ба таълиф додани чуниин як китобчаи даркорӣ ғайрат кардааст, қатъи назар аз ноқисӣ ва ба итмом нарасонидани кор, асари ӯ фоидабахш ва яке ҷузъи муваффақияти корҳои адабиётшиносии мо мебошад.
Пеш аз ҳама сарсухани китобчаи Р.Абдуллозодаро яке аз назар гузаронем. Муаллиф дар 17 саҳифаи аввали асари худ дар бораи аз фолклор баҳрабарии С.Айнӣ таълимоти М.Горкий оид ба омӯхтани эҷодиёти даҳанакии халқ, аҳамият ва мавқеи зарбулмасал дар матни нависанда сухан ронда, бо мисолҳо нишон медиҳад,ки ин ё он зарбулмасалро С.Айнӣ ба чӣ мақсад овардааст.Муаллиф дуруст қайд мекунад, ки аз романи “Дохунда” сар карда,дар асарҳои ояндаи С.Айнӣ истифода бурдани зарбулмасал ва умуман фолклор бештар мушоҳида карда мешавад ва сабаби инро ба омӯхтани эҷодиети М. Горкий ва таълимоти ӯ оид ба эҷодиети даҳанакии халқ вобаста менамояд. Муаллифи китобчаи мазкур, махсусан, дар қисми дуйуми сарсуханаш вазифа ва аҳамияти баъзе зарбулмасалҳоро дар матни асари нависанда муайян намуда, аз ҷиҳати идеявӣ таҳлил менамояд ва қариб ҳамеша ба хулосаи дуруст меояд, ки С. Айнӣ дар тасвири хислатҳои гуногуни персонажҳои асараш ба зарбулмасал муроҷиат намудааст, яъне ӯ зарбулмасалро ҳамчун воситаи барҷастатасвиркунандаи вазъияти рӯҳи персонаж кор фармуда, дар ҷои дигар ҳамчун хулосаи ақидаи нависанда, баҳои ӯ ба ин ё он ҳодиса, унсурҳои ҳаҷву мазҳака ва ғайра қиматнок будани зарбулмасалҳоро нишон медиҳад.
Аммо, ба назари мо, дар сарсухани ктобчаи “Зарбулмасал ва мақолҳо дар асарҳои С. Айнӣ” баъзе камбудиҳо мушоҳида карда мешавад, ки онҳоро бо ёрии муҳаррир бартараф кардан мумкин буд.
Аввало, дар сарсухани китобча мураттабии мазмун, яъне мақсади муаллиф дида намешавад. Дуруст аст, ки уаллиф аз Горкийро омӯхтани Айнӣ ва таълимоти А.М. Горкий оид ба фолклор сухан оғоз мекунад.Аммо дар ин ҷо ҳам аз Горкий суханони айни муддао гирифта нашудааст. Ба ҷои он ки доир ба зарбулмасал суханҳои пурқимати А.М. Горкий зикр карда шавад, муаллиф дар бори ба фолклор бегона будани пессимизм аз Горький бе мавқеъ сухане оварда, барзиёда ва такроран онро маънидод менамояд ва ин кӯшиши ӯ ба маврди сухани муаллиф ва мавзуъ бедахл мондааст.
Дар байни таҳлиил ва шарҳу баёни зарбулмасалҳои дар матни нависанда ҷой гирифташуда нохост дар бораи китобчаи дар боло номбурдаи А. Мирзоев ва кори муаллиф (Абдуллозода) сухан меравад, ки касро ба ҳайрат мегузорад: ин гапҳо чаро дар ин ҷо омадаанд? Дар саҳифаи 6 муаллиф хоксорона қайд мекунад, кори ӯ “танҳо натиҷаи таҷриба (?) ва меҳнати чандинсоли (?) педагогист (?), ки муаллиф бо он машғул шудааст”. “Таҷриба ва меҳнати педогогӣ” мафҳум ва мазмуни дигаре дорад.Таҷриба ва меҳнати педогогӣ аз усулҳои таълими мавзӯъ ва роҳҳои беҳтар азхудкунии онро кор карда баромадан иборат аст. Ба назари мо, кори Р. Абдуллозода ба тақрибаи педогогӣ дахле надорад, вай танҳо аз ҷамъ кардан ва омӯхтани мавзӯи асари ӯ иборат асту тамом.
Дар сарсухан зарбулмасалу мақолҳои асарҳои С. Айниро муаллиф ба 6 мавзуъ ва ҳар мавзуъро ба чанд мавзучаҳо тақсим мекунад. Дуруст аст, ки зарбулмасаҳо ба мавзӯъҳои гуногун бахшида гуфта шудаанд. Аммо тақсимоти муаллиф, ба назри мо, рӯякӣ ва беасос аст, зеро, ки ба ғайр аз якчанд зарбулмасали корфармурдаи нависанда аксарияти онҳо ба мавзуъҳои нишондодаи муаллиф дахл надоранд. Аксарияти зарбулмасалу мақолаҳо мазмун ва мавзӯъи худро танҳо дар матн муайян менамоянд.
Ё ин ки масъалаи муайян кардани мавзуъро гирем. Мавзӯи (ба қавли Р. Абдуллозода) категорияи дуйӯм чунин аст: “Мушоҳидаи ҳаёти оммаи васеи меҳнаткашон (?), хислат ва хусусиятҳои мусбати он (?), орзую умедҳоро мавзӯъ ва мазмуни зарбулмасалҳо гӯем,мушоҳида… ва хислату хусусияти мусбати он (кӣ медонад “он”ба чӣ ишоора!)чӣ гуна мавзӯъ аст,норавшан мемонад. Илова бар ин ба “мавзӯъи” мазкур пунктҳои зерин дохил шудаанд: а) инсонпарварӣ,меҳнатдӯстӣ ва аҳамияти он, б) панду насиҳат, ахлоқ ва одоби нек, ростгӯи ва ростқавлӣ, поквиҷдони ва некӯатвори; в) сатираии тезу тунд бар зидди синфҳои ҳоким… г) ишқ ва муҳаббати самимӣ, садоқат ва вафодорӣ; д) меҳру муҳаббат(?) шафқат… ва ғайраҳо.
Агар муносибати мавзӯъи дуйӯмро бо пунктҳои “а”, “б” ва ғайра бодиққат аз назар гузаронем, “мушоҳидаи ҳаёт” бо инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ ва аҳамияти он, панду насиҳат,ахлоқ,сатира,ишқ ва ё ҳамаи инҳо бо “орзую умед” ҳеҷ гуна вобастагии мантиқӣ надоранд. Чор мавзӯъи дигар ҳам монанди ин ду мавзӯи мазкур ва пунктҳояш дурустар муайян нашудаанд.
Пеш аз ҳама, ба фикри мо, дар сарсухани китобчаи тақризшаванда тақсимоти мавзӯъҳои зарбулмасалҳо лозим набуд ва агар онро муаллиф хоста бошад, бигузор, пас аз чуқуртар омӯхтани онҳо аз рӯй мавқеи кор фармуда шуданашоон муқаррар намояд….
Идомаи тақризи устод Воҳид Асрориро шумо метавонед дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, 1958, 21 май мутолиа кунед.
Китобати ҳамкорамон Дилангез Неъматова аз шуъбаи матбуоти даврӣ.