Оғози даври сеюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Бохтар
19 августи соли равон, дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври сеюми (вилоятӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср оғоз гардид.
Рӯзномаи “Хатлон” хабар дод, ки зимни ифтитоҳи озмун аз ҷониби Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилоят, барои таъмини шаффофият ва дар сатҳи баланд баргузор намудани даври сеюми озмун ба масъулин дастурҳои мушаххас дода, ба иштирокчиён муваффақиятҳо таманно карда шуд.
Баъди маросими ифтитоҳи озмун ҳамаи иштирокчиён ва доварон аз рӯи номинатсияҳо вориди синфхонҳо гардиданд.
Ҳамин тавр, рӯзи аввали озмун бо рӯҳияи баланд ва омодагии ҳаматарафа оғоз ёфт.
Маврид ба ёдоварист, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 15-ми августи соли равон дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт ва то 25 август идома мекунад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ пагоҳ, 21-уми август шуруъ ва рӯзи 25-уми ҷамъбаст мешавад.
Аз 15 то 18 август дар минтақаи Кӯлоб баргузор ва ҷамъбаст шуд.
Озмун дар вилояти Суғд низ рӯзи 15-уми август оғоз гардид ва 25-уми август ба анҷом мерасад.
Даври сеюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Хоруғ барои ширкаткунандагони ВМКБ оғоз мешавад ва он рӯзи 26-уми август ҷамъбаст мегардад.
Бобоҷон Шафеъ