Маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо ширкати Сироҷиддин Икромӣ
Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо иштироки нависанда Сироҷиддин Икромӣ, хонандагони фаъоли шуъба баргузор шуд. Маҳфилро чун анъана кормандони телевизиони кӯдакон ва навравони “Баҳористон” сабт карданд.
Муовини сардори шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ Фирўза Аҳророва меҳмонро хайрамақдам гуфт ва ӯро ба ширкаткунандагон муаррифӣ кард.
Сипас, хонандагони фаъоли шуъба дар бораи кору фаъолият ва саргузашти нависанда аз наздик шинос шуда ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Миёни адиби шинохта ва хонандагони осораш як суҳбати хубу шавқовар ва дилнишин ҷараён гирифт. Сироҷиддин Икромӣ ҳам аз сарнавишти худ ҳикоят кард ва ҳам дар бораи эҷодиёту шуғлҳои дигаре хеш қисса намуд.
Бахши пурсушу посух ҳам хеле шавқовар гузашт.
СИРОҶИДДИН ИКРОМӢ соли 1964 дар деҳаи Қазноқ, ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Ў маълумоти умумиро дар мактаби миёнаи №3-и ҳамин деҳа фаро гирифт. Соли 1982 ба шўъбаи шабони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуд. Дар айёми таҳсил ҳамзамон ба хизмати ҳарбӣ фаро гирифта шуда, онро тайи солҳои 1983-1985 адо намуд. Таҳсили Донишгоҳро соли 1990 ба итмом расонид. Соли 1987 барои кор ба Хонаи китоби Тоҷикистон омад ва то кунун дар вазифаҳои гуногун фаъолият дорад. Айни ҳол муовини сарвари ҳамин муассиса аст.
Ҳанўз аз даврони донишҷўи ба навиштани мақола ва эҷоди шеъру наср рағбат доштани ў зоҳир буд. Навиштаҳои ў зуд-зуд дар саҳифаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Ҳафтганҷ», «Сомон» ва ғайра нашр мешуданд.
Соли 2001 аввалин маҷмўаи шеърҳои ў бо номи «Ошёни меҳр» аз чоп баромад. Минбаъд ҳамкории худро ба ҳафтаномаҳои «Ҳамроз», «Сипар», «Муҳаббат ва оила», «Нури зиндагӣ» ва маҷаллаи «Зани муосир» ба роҳ монда, нигоштаҳои худро ба нашр расонид. Дар таҳия ва таҳрири даҳҳо китобҳои динӣ, пандуахлоқӣ даст дорад.
Узви Конфедератсияи рўзноманигорон. Аълочии матбуоти Тоҷикистон аст. Ҳикояҳои Сироҷиддин Икромӣ «Дар ҳасрати дидор», «Баъди борон», «Як қадам то варта», «Аз зулмот ба сафо» ва «Вақте ки насиб накард» эҷод шудану ба дасти хонанда расидани маҷмўаҳои қиссаву ҳикояҳояшро аз баракати сабақи омўзгорони тавонои хеш медонад.
«Боздошти муҳоҷир» китоби нави ўст, ки онро бо нишони сипосу қадрдонӣ ба устодони бузургаш эҳдо кардааст.
Фирӯза Раҳимова