Мизи мудаввар бахшида ба “Солонаи Устод Айнӣ” дар Китобхонаи миллӣ
Имрўз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи милии Тоҷикистон» бо ташаббуси Маркази «Конуни забони тоҷикӣ» ва омўзиши забонҳои хориҷӣ ва ҷалби олимону муҳаққиқон бахшида ба “Солонаи Устод Айнӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллӣ профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар суханони муқаддимавии худ дар мавриди нақши Устод Айнӣ дар ташаккули миллат ва рушди фарҳангу адабиёти тоҷик ибрози назар намуд. Ў аз ҷумла гуфт: “Миллати тоҷик дар таърихи чандҳазорсолаи хеш бо фарзонагон ва бузургони илму фарҳанги худ, ки барои худогоҳии миллӣ ва худшиносиву тарбияи ахлоқии ҳамзамонон ва наслҳои оянда нақши боризе доранд, ифтихор менамояд. Устод Садриддин Айнӣ яке аз ин гуна абармардон мебошад, ки дар як лаҳзаи сарнавиштсози таърихи миллати тоҷик ба майдон омада, дар пешрафту густариши илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни он нақши ҳалкунанда бозидааст. Аз ин ҷост, ки ў дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун сардафтар ва поягузори давраи навини адабиёти мо шинохта шудааст”.
Инчунин дар ҳамоиш Шамсиддин Муҳаммадиев, номзади илмҳои филология, котиби илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рўдакӣ зери унвони «Устод Айнӣ – муҳаққиқи адабиёт», Анзурат Маликзода, номзади илмҳои филология, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакӣ дар мавзӯи «Номанигории Устод Айнӣ”, Шамсиддин Солеҳов, доктори илми филология бо номи “Устод Айнӣ ва замон”, Абдумаҷид Қурбонов, номзади илми филология таҳти унвони “Саҳми Устод Айнӣ дар адабу фарҳанги тоҷик дар садаи ХХ” суханронӣ карданд, ки дар ояндаи наздик матни суханрониҳо ба хонандагони гиромӣ пешкаш мегардад.
Раҳима Аъзам