Пандномаи Бузургмеҳри Бухтагон
Падномаи Бузургмеҳри Бухтагон дар қисмате аз китоби «Мероси хаттии бостон» китоби 2, ҷилди 1 дар силсилакитоби «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) соли 2014 нашр гардидааст.
Ёдгори Бузургмеҳр ё пандномаи Бузургмеҳри Бухтагон андарзномаест, ки аз Бузургмеҳри Бухтагон, вазири донои Анӯшервон ба ҷой мондааст. Матн бо муқадимае дар муаррифии Бузургмеҳр аз забони худи ӯ оғоз мегардад, ки дар он меоварад. Ин рисоларо ба фармони Хусрави Анӯшервон таълиф карда, дар ганҷи шоҳӣ ниҳодааст, ки битавонад муҷиби беҳбудии фарҳанги касоне бошад, ки шоистагии пазириши онро доранд. Сипас шарҳе дар бедавомии умури гетӣ ва суботу давоми порсойӣ ва корҳои нек меоварад ва муттазикр мешавад, ки худи ӯ пайваста дар пардохтан ба порсойӣ ва парҳез аз гуноҳ кушо будааст. Андарзҳо ба сурати суолу ҷавоб аст, суолҳоро муаллиф худ тарҳ мекунад ва худ ба онҳо посух мегӯяд. Андарзҳои ин маҷмӯа аз навъи андарзҳои ахлоқист.
Инак, чанд намудан аз “Ёдгори Бузургмеҳр”:
Кадом мардум фаррухтар?
Он ки камгуноҳтар.
Кӣ камгуноҳтар?
Он ки ба доди Яздон росттар бувад ва аз доди девон бештар бипарҳезад.
Доди Яздон кадому доди девон кадом?
Доди Яздон некиву доди девон бадӣ.
Некӣ чисту бадӣ чист?
Некӣ пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек ва бадӣ пиндори бад, гуфтори бад ва кирдори бад.
Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек чист ва пиндори бад, гуфтори бад ва кирдори бад чист?
Пиндори нек – паймон дар андеша, гуфтори нек – родӣ (олиҳимматӣ) ва кирдори нек-ростӣ.
Пиндори бад – фирефторӣ (фиребандагӣ) дар андеша, гуфтори бад – пастӣ ва кирдори бад – дурӯғгӯӣ.
Офаридгор Ҳурмузд дар боз доштани он чанд дев ба ёрии мардумон чанд чизи нигоҳдорандаи менуро (фалак) офарид: хиради затӣ ва хиради омӯзишӣ, хӯву умед, хурсандӣ, дин ва машварат бо доноён.
Вазифаи ин ҳар як мену чист? Вазифаи хиради зотӣ танро аз бим ва андешаи гуноҳ кардан ва ранҷи бебор ва гузарон будани моли гетӣ ва фарҷоми танро дар ёд доштан ва дороии ҳамешагии хешро коҳиш надодан ва они бадии хеш наафзудан.
Вазифаи хиради омӯзишӣ роҳу равиши порсоӣ шинохтан ва бад он истодан ва ба чизи пеш гузашта нигаристан ва аз он чӣ, ки пас ояд огоҳ будан. Он чиро, ки будани он нашояд, бовар накардан ва кореро, ки анҷоми он нашояд нагуфтан.
(ИДОМА ДОРАД)
Таҳияи мутахассисони Маркази “Тоҷикшиносӣ”
Қурбонова Фархунда ва Орипова Шаҳноза