Беш аз 300 нафар аз ҷумлаи меҳмонони “Рӯзи дарҳои боз” ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд
Беш аз 300 нафар давоми 2 рӯз ба узвияти Китобхонаи миллӣ пайвастанд. Аксари онҳо касоне буданд, ки дар доираи “Рӯзи дарҳои боз” ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаву бо шароити толорҳои хониш аз наздик ошно шуда буданд.
Ёқуб Бобохонов – сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ гуфт, ки дар ин ду рӯз касоне ҳам муроҷиат карданд, ки муҳлати корти узвияташон ба анҷом расида буд ва дубора барқарор карданд.
Аз ин ҳисоб 10 нафар донишҷӯ ва боқӣ сокинони касбу кори гуногуни кишвар буданд, ки ба баҳонаи Рӯзи дарҳои боз ба Китобхонаи миллӣ вориди он гаштанд ва дар баробари сайёҳат ва ошноӣ пайдо намудан бо муҳит ва пешрафтҳои Ктиобхонаи миллӣ ба қароре омаданд, ки соҳиби корти Китобхона шаванд ва оянда дар фурсатҳои барояшон муносиб омада аз хидматрасониҳои он истифода кунанд.
Хотирнишон намудан бамаврид аст, ки дар “Рӯзи дарҳои боз” Китобхонаи миллӣ намоиши гуногуни китоб ташкил кард, меҳмононро роҳбаладон ба кулли толорҳои хонишу осорхонаҳои китоб бурданд ва онҳоро ба таърихи Китобхона, китобу китобдорӣ дар кишвар ошно сохтанд.
Барномаи мустақими радиои “Ховар” 1 рӯз қабл аз оғози Рӯзи китоб, Барномаи “Муошират”-и радиои Садои Душанбе, радиои Тоҷикистон, телевизионҳои “Тоҷикистон”,“Сафина”, “Илм ва табиат”, “Ҷаҳоннамо”, “Телевизиони Душанбе” хабару гузоришҳо дар хабаргузории давлатии Ховар, рӯзномаҳои мустқили дигар далели он аст, ки расонаҳои хабарии давлативу ғайридавлатӣ ба тадорукоти Рӯзи дарҳои боз таваҷҷуҳ карданд.
Раҳима Аъзам