Як рӯзи покиву назофати Китобхонаи миллӣ дар остонаи ҷашни Истиқлоли кишвар
Дар остонаи 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз, шанбе, 7-уми сентябр кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъона ба ҳашар баромаданд, то гирду атрофи бино ва ҳотаи коргоҳи худро аз ҳар гуна бодовардаҳо пок созанд.
Онҳо хасу хасрӯбаҳоро руфтанд, баргҳои хазонрасидаву бод парешонсохтаро аз зери буттаҳову дарахтон ва роҳравҳо ҷамъ оварданд.
Бехи дарахтонро нарм карданд, ҷӯйборҳои обёриро аз хазонрезаҳо пок карданд.
Зарур омад зери ҳар гулу гулбуттаро низ аз хасу баргҳои хазон тоза кунанд.
Ва баъдан талош карданд сабзазори атрофро обёрӣ кунанд, то он ба сабзиши худ идома диҳад.
Аслан ин гуна рӯзҳои покиву назофат дар Китобхонаи миллӣ ҳар ҳафта доир мешаванд. Ҳамин гуна талошҳо буд, ки дар гармои бесобиқаи имсол ҳам гирду атрофи бинои Китобхонаи миллӣ ҳамеша сабзу назаррабо буд ва гулҳо шукуфону муаттар.
Аксҳо аз Мавзуна Орумбекова ва Абдуғаюр Саломов