Нидои таърих. Катиба Пойкулӣ – сангнавиштае аз шоҳаншоҳи Сосониён Нарса

ПойкулиКатибаи Пойкулӣ, сангнавиштаест марбут ба шоҳаншоҳи сулолаи Сосониён Нарса (ҳукмронӣ солҳои 293/4-302/3), ки ба муносибати ба тахт нишастани ӯ фароҳам шудааст. Аз ҳудуди Ироқ байни шарҳои сарҳадии Қасри Ширин (Эрон) ва (Сулаймония (Ироқ), дар наздикии деҳаи Банӣ – Хайлон ёфт шудааст.

Катибаи Пойкулиро бостоншиноси англис Ҳ. Роулинсон соли 1836 кашф ва баъзе пораҳояшро  соли 1868 нашр кард. Муҷассамае, ки дар он Катибаи Пойкулӣ сабт ёфта буд, вайрон ва лавҳаҳои  сангине, дар онҳо  матн навишта шуда буд, паҳну парешонгардида буданд.

Э. Ҳерсфелд дар сафари илмии худ (1911-13) кӯшиш кард, ҷойҳои харобшудаи  катибаи Пойкулиро ба тартиб биёварад, вале пас аз таърмим ҳам хондани бисёр ҷойҳои он аз имкон берун буд. Катибаи Пойкулӣ ду забон (форсии миёна ва портӣ) тартиб дода шудааст. Дар он аз воқеаҳои таърихии охири асри 3 сухан меравад. Дар катибаи Пойкулӣ   Нарса қиссаи ба тахти шоҳӣ расидан ва дар ин роҳ мубориза бурдани худро (ӯ ҳокими Арманистон буд) бо номбар кардани дӯстону душманонаш муфассал нақл кардааст.

Катибаи Пойкулӣ дар равшан кардани бисёр далелҳо ва воқеаҳое, ки дар асарҳои таърихии давраи исломӣ ба таври мухтасар инъикос ёфтаанд, мусоидат кард.

Бозчоп: Энциклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С.623.

Муаллиф: Д. Довудӣ

 Таҳияи Олучамоҳ Исмоилова.    

корманди шубаи библиографияи миллӣ.