Такдими 14 китоби Сафар Раҷаб ба Китобхонаи миллӣ

Сафаров 11-уми сентябри соли равон Раҷабов Сафар Бобохонович ба шуъбаи мукаммалгардонии фонди Китобхонаи миллӣ 14 китоб бо ду номгуй «Чистонҳо» 10 нусха ва «Становление и развитие системы национальной безапасности Таджикистана в условиях независимости» 4 нусха тақдим намуд.

Рачабов Сафар Бобохонович 18-уми июли соли 1962 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, малумоташ олӣ. Соли 1948 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва соли 2002 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм намудааст.

Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ (июни 2015), муаллифи монография дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди низоми амнияти миллии Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ»(2017), инчунин муаллифи 10 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Сафар Бобохонович айни замон ба фаъолияти эҷодӣ машғул буда, солҳои қаблӣ 2005 ва 2011 китоби маҷмӯи «Чистонҳо» барои кӯдакони муассисаҳои томактабӣ ва мактабиро ба нашр расонидааст. Китоби нави ӯ бо ном «Чистонҳо» бо чор забон (тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ, бо ҳуруфи форсӣ ва англисӣ) моҳи ноябри соли 2023 ба нашр расидааст.

Содиқи Завқӣ дар сарсухан ба ин китоб менависад, ки таҳия ва ба табъ расонидани китоби алоҳидаи чистонҳо имрӯз дар адабиёт кам ба назар мерасад, гӯем хато намекунем. Ин бурди Раҷабов Сафар аст, ки дар таърихи адабиёти тоҷик якумин нафарест, ки дар жанри чистоннависӣ дар алоҳидагӣ бо чор забон китоб ба табъ мерасонад. Агарчи дар ҷодаи чистонофарӣ эҷоди он дар назар осон намояд, вале содаю равон, оммафаҳм эҷод намудан ба ҳар як эҷодкор муяссар намегардад. Хосса дар ин сабк бо назм эҷод кардан ва дар дилу фаҳми хонанда ҷой гирифтану муваффақ гаштан ба мақсад расидани эҷодкор аст.

Умуман Раҷабов Сафар дар сабки чистоннависӣ дар адабиёти тоҷик барои насли наврасу ҷавон як навгоние оварда тавонистааст. Чунки ӯ дар эҷоди фикру андешаҳои худ нисбат ба передметҳое, ки дар зиндагӣ моро иҳота кардаанд, дақиқназарона ва хусусиятҳои синнусолии насли наврасро ба назар гирифта, мавриди фаҳмиш қарор  додааст.  Аҳмияти ин чистонҳо барои насли наврас зиёд аст, зеро ба навъе фаҳми кӯдаконро такон бахшида, дунёи маънавии онҳоро ба зиндагӣ, табиат, ҳуқуқ, зебогии диёру тинати зебои инсонҳои нексиришт, боақлу фаросат, бадониш, дурбин, ки ба тасвир кашидааст, дар кашфиёт ва инкишофи фаҳми насли наврасу ҷавон ва ҳатто хонандаи калонсол саҳми муносиб мегузард.

Қобили зикр аст, ки Раҷабов Сафар чистонҳои эҷодкардаи хешро барвақт, ҳанӯз аз солҳои 1996 инҷониб пешкаши хонандаи хеш гардонида, солҳост, ки дар ин ҷода бо дилгармию ҳисси баланди масъулиятшиносӣ қаламфарсоӣ дорад. Чун шефтаю гирифтори ишқи шеър аст, ки мудом дар ҷустуҷӯ ва дарёфти гавҳари сухан аст. Умед дорем, ки нигоштаҳояш писанди хонандаи насли наврасу ҷавон ва ҳатто калонсол гашта,маҳбуби дилҳо мегардад…

Хонандагон китобҳои Сафар Раҷабовро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

 Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.