Озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”. Спитамен
Солҳое, ки дар мактаби миёна мехондам, чанде аз маснавиҳои Низомии Ганҷавӣ ба дастам афтод, ки дар миёни онҳо «Искандарнома» ҳам буд. Аз ғояти шавқе, ки ба шахсияти Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашиҳои ў доштам, ин манзумро мутолиа намуда, хеле ба тааҷҷуб афтодам. Искандари офаридаи Низомии Ганҷавӣ аз шахсияти Искандари Мақдуние, ки камобеш аз китобҳои дарсии таърих хонда будам, ба назарам фарқи калон дошт.
Он солҳо имкон надоштам, ки симои Искандари таърихӣ ва Искандари хаёлии Низомиро дар асоси ахбори муаррихон ва сарчашмаҳои мавҷуда муқоиса намоям. Вале бо вуҷуди ин эҳсос мекардам, ки Искандари Мақдунӣ дар ин достон ҳамчун шоҳи идеалӣ ва пиндори хаёлии шоир ба зуҳур омада, аз шаҳсияти воқеии худ, ки лашкаркаши ғосиб, рақиби бераҳму истилогар ва шоҳи якраву худпараст буд, хеле дур афтодааст.
Воқеан, баъди гузашти солҳо, зимни афзудани доираи мутолиа ва таҷрибаи зиндагӣ пай бурдам, ки ҳадафи аслии шоирони бузурги мо – Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Низомӣ дар «Искандарнома», Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» ва ғайра офаридани симои таърихӣ ва воқеияти зиндагии Искандари Мақдунӣ набуда, балки тасвири шоҳаншоҳи одил раиятпарваре будааст, ки барои подшоҳони бедодгару ҳокимони ҷоҳилии даврашон намунаи ибрат гардад. Хосса, барои он садрнишинони бодиягарде, ки баъди заволи давлати Сомониён тахту тоҷи шоҳаншоҳӣ барояшон чун атои қисмат расида буду аз ойини деринаи давлату давлатдории ориёнҳо ва низоми идоракунии кишвар огоҳие надоштаанд. Ва беҳуда нест, ки дар давраи ҳукуматдории Салҷуқиён Низомулмулки вазир «Сиёсатнома»-и худро оид ба усули давлатдории Сомониён ва дигар давлатҳои пешрафти давраш навишта, оид ба ойини кишвардорӣ, рафтору кирдор ва муносибату муомилаи амирону вазирон, надимону девондорон, расми нигаҳдории лашкар ва таъмини хазинаи давлат фикрҳои басо ҷолиб баён намудааст. «Сиёсатнома» барои амирону вазирони кўтоҳандеш мебоист ҳамдастури мамлакатдорӣ ва ҳам пандномаи ахлоқу одоби ҳамида гардида, адолату инсоф, ростию хайрхоҳӣ, халқдўстию раиятпарварӣ рукни асосии осоиш ва оромии кишвар мешуд. Вале тақдири бадфарҷом мисли Фирдавсию Низомӣ, ки дар давраи салтанати Ғазнавиёну Салҷуқиён зистаанд, ба Низомуммулки вазир низ чандон вафо накард. Агар Фирдавсӣ дар баҳои заҳмати гаронаш аз Султон Маҳмуди Ғазнавӣ подоши басо ночизе гирифта, аз ғояти ранҷидаҳолию озурдахотирӣ бефарҳангию пастфитратии султонро ҳаҷв намуда, дар поёни умраш рў ба гурезогурезу хуфиянишинӣ оварда бошад, Низомулмулк бар подоши хидматҳои холисонаи вазирӣ аз вазифа барканор шуда, оқибат кушта гардид.
Ҳамин тариқ, ҳадафи аслии Фирдавсию Низомию Ҷомӣ офаридани симои идеалии Искандари Мақдунӣ будааст, ки барои амирону вазирони замонашон панде гардад ва расми халқпарварию раиятдўстиро дар замири зимомдорони мамлакат бедор намояд. Вале Искандари воқеӣ дар асл як фарде буд, ки қабл аз ҳама дар рўҳияи эллинӣ тарбия ёфта, аввал таҳти парастории дояаш Ланика, сипас устодонаш Леонид ва Ласимах ба камол расида, обутоби спартанӣ ёфтааст. Дертар ў бо васояти падараш Филиппи II муддате чанд илмҳои мухталифи замон, фалсафа ва дастовардҳои тамаддуни юнониро аз олим ва файласуфи машҳур Арасту меомўзад. Мувофиқи расми эллиниҳо, ў аз овони хурдсолӣ санъати ҷангу набардҳои тан ба тан ва аспсавориро аз худ намуда, аз ҳамон айём аспи дўстоштааш Бутсефалро аз Демарати Коринфӣ туҳфа мегирад. Искандар аспи қайсар ва ваҳшитабиатро дар пеши чашми падар ва муққарабони ў саворӣ намуда, гўё баъди он аз падараш чунин суханони таҳсиномез мешунавад: «Писарам, барои худат мулки дигаре пайдо намо, вагарна Мақдуния барои ту тангӣ мекунад»
Як порае иқтибос кардем аз китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 2016 чоп шудааст. Бахши интихобшуда аз боби “Куруши Кабир”-и ҳамин китоб буд, ки умедворем хоҳишмандон онро пурра мутолиа хоҳанд кард.
Шакли комили электронии китоб ин ҷост:
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: “ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР”
Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.