“Санъати хонасозии мардуми ориёӣ – аз варҷамкати Ҷамшед (хонаи Ҷамшедӣ ) то хонаҳои анъанавии тоҷикони Бадахшон”
Чунин ном дошт мизи гирде, ки рӯзи 19-уми сентябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон баргузор шуд. Ташаббускори ин маҳфили илмии хотирмон Маркази «Тоҷикшиносӣ» буд ва дар он олимон, муҳақиқон, донишҷӯён, коршиносон ва кормандони Китобхонаи миллӣ, иштирок намуданд.
Маҳфилро бо суханони муқаддимавӣ муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода оғоз карда, қайд намуд, ки Маркази «Тоҷикшиносӣ» дар баробари силсилакитоби “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун)-ро таҳия намудан, боз дар баргузори маҳфилҳо низ саҳми намоён дорад. Ҳадаф аз баргузории маҳфил муаррифи манбаъҳои илмӣ ва тарғиби дастовардҳои назарраси замони соҳибистиқлолӣ дар самти боло бурдани маърифати ҷомеа мебошад.
Ровии маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш, дар оғоз аз фаъолияти Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва зарурати фаъолияти он ёдовар шуд. Вай аз ҷумла иброз дошт: Мавзуъҳое, ки дар маҳфили «Тоҷикшиносӣ» баррасӣ мешаванд, барои баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, худогоҳиву худшиносии ҷавонон мусоидат менамояд.
Сипас, Абдулмуҳаммад Ҳилолӣ – доктори илмҳои фалсафаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар мавзуи “Санъати хонасозии мардуми ориёӣ-аз варҷамкати Ҷамшед (хонаи Ҷамшедӣ) то хонаҳои анъанавии тоҷикони Бадахшон” маъруза намуда, аз таърихи хонасозии мардуми осиёӣ сухан гуфт.
Абдулмуҳаммад Ҳилолӣ ёдовар шуд, ки дар китоби Авасто, дар бахши “Вандидод” омадааст: Он гоҳ Аҳурамаздо ба Ҷам (Ҷамшед) гуфт: Эй Ҷами хубчеҳр, писари Вивангаҳон! Бадтарин зимистон ба ҷаҳони астуманд фароз ояд, ки он зимистон сахт марговар аст. Пас (ту ай ҷам) он “Вар”-ҳо бисоз, ҳар як аз чаҳор бараш ба дарозии аспресе ва тухмаҳои рамаҳову сутурону мардумону сагону парандагону оташони сурхи сӯзонро бад-онҷо бубар. Аз ин ҷо бар меояд, ки сохтмони аввалин хонаҳои ориёиро Худои Зардуштӣ Аҳурамаздо ба шоҳи Пешдодиён Ҷамшед амр додааст, то аз фаро расидани зимистони сахт наҷот ёбанд. Истилоҳи “Вар” ба маънии паноҳгоҳҳои бузург аст, зеро ба қавли Вандидод дар даруни ин “Вар”-ҳо бояд хона сохт ва марғзорҳо ва нигаҳ доштани набототу ҳайвоноту парандаҳо ва ҳарчӣ барои ҳаёти ояндаи инсон зарур аст. Ва инҳо аввалин сохтмони башар буданд.
Донишманди тоҷик бо ишора ба таърихи хонасозии мардуми ориёӣ зикр намуд, ки имрӯз хонаи Ҷамшедӣ ё Варҷамкат дар ҳудуди Дарвози Афғонистон то ба Ишкошими он ва аз ҷамоъати Язгулом то Ишкошими Тоҷикистон ба таври комил дар ҳамон шакли аввалааш вуҷуд дорад. Дар солҳои охир, сайёҳони зиёде ба Бадахшон меоянд, дар баробари ҷаззобиятҳои зиёди гардишгарӣ, маҳз ба хонаи “Варҷамкат”-и таваҷҷӯҳи зиёд нишон медиҳанд. Ва онҳо ҳама ин зебогӣ, муҳаббат ва самимиятро дар хотираи хеш мегиранд. Бидуни шак, ворид шудан ба хонаи “Варҷамкат” рӯҳ болида мегардад, эҳсоси озодагӣ ва қарниро ба вуҷуд меорад, зеро як замоне он хонаи қавми мо будааст. Бинобар мо бояд ба ин мардум аҳсан бигӯем, ки суннатҳову арзишҳои бисёр зиёди ориёӣ ба мисли: забон, хона, либос, ҳунар ва ахлоқро ҳифз кардаву то ба имрӯз расонидаанд. Ва бояд ин арзишҳоро миллати мо ҳифз кунад.
Дар анҷом миёни иштирокдорон ва меҳмонони маҳфил баҳсу мунозираҳо ба тариқи суолу ҷавоб сурат гирифт. Маҳфил бахши фарҳангӣ низ дошт, ки дастае аз овозхонҳо бо суруду таронаҳои ватандӯстона табъи ҷамъомадагонро шод намуданд.
Фирӯза Таваралиева
Маркази «Тоҷикшиносӣ»