Китоби нав. «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф»

Ин китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва муҳаррири он Насриддин Охунзода дар сарсуханаш бо номи “Матолиби пурмуҳтаво, омӯзанда ва маърифатбахш” овардааст: Ваҳдати миллӣ чун Истиқлоли давлатӣ барои мардум ва кишвари мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Зеро дар оғози соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст ва ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид намуд.

Давлат дар ҳолати нобудӣ қарор дошт, иқтисоди миллӣ заиф гардида, корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият боз монда, мардуми зиёде кишварро тарк карданд, дар муассисаҳои таълимӣ таълиму тадрис дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда намешуд ва ноумедиву варшикастагӣ аҳли ҷомеаро фаро гирифта буд.

Дар ҳамин ҳолати хатарзову мураккаб шахсияте зарур буд, ки ҳастии хешро барои барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар ва ба низом даровардани тамоми соҳаҳо бахшад. Мусаллам аст, ки маҳз бо талошу пайкор ва хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Ваҳдати миллӣ барқарор шуд ва он омили асосии таҳкиму рушди давлатдории миллӣ гардид.

Дар ин замина, раванди бунёдкориҳо дар ҷумҳурӣ вусъати тоза пайдо карда, муассисаҳои нави таълимӣ, тиббӣ, корхонаҳои саноатӣ сохта, ба истифода дода шудаанд ва сохтмони роҳҳо, кандани нақбҳо ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ дар авалият қарор гирифтанд, ки дар саргаҳи ин ҳама созандагиҳо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ба ин мазмун, корномаи Сарвари давлат таваҷҷуҳи адибону публитсистон, муҳақкиқон рӯзноманигоронро ба худ ҷалб намуд ва дар ин мавзуъ асарҳои зиёде таълиф ва чоп гардиданд. Бозтоби корномаи Пешвои миллат имрӯз низ идома дошта,мунтазам доир ба нақши Сарвари давлат дар пешрафти соҳаҳои мухталифи мамлакат маводу матолиб дар матбуот ва китобҳои алоҳидаи пурмуҳтава нашр мегарданд.Ба ҳамин маънӣ, китоби нави номзади илми филология, рӯзноманигори варзида Эҳсон Сафарзода бо номи «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф», ки фарогири мақолаву нигориш, лавҳа, мусоҳибаву тақризҳо мебошад, аз як тараф, корномаву хидматҳои Пешвои миллатро дар таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ, рушди маорифи кишвар, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар бар бигирад, аз ҷониби дигар, мавзуоти мубрами соҳаи маориф, аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҷассуми симои омӯзгорон, баррасии мушкилоти соҳа ва ғайра дар он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Мавзуоти баррасишаванда аҳмияти баланди ватандӯстиву худшиносӣ ва маърифтӣ дошта, таҳлили вазъи соҳа роҳҳои такмил бахшидани сатҳу сифати таълимро дар бар мегиранд.

Хонандагон китоби Эҳсон Сафарзодаро метавонанд дар Китобхонаи милли мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.