“Инъикоси ҳунари тазҳиб дар осори хаттии ниёгон”. Намоиш дар Осорхонаи миллӣ

намоишБахшида ворид шудани “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ЮНЕСКО ва бо мақсади муаррифӣ ва арҷгузорӣ ба мероси хаттии ниёгон намоиши муштараки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Инъикоси ҳунари тазҳиб дар осори хаттии ниёгон” баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода суханронӣ намуда, гуфт, ки  намоиши мазкур намоиши муштараки Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ буда, ҳадафи мо танҳо боло бурдани қадру манзалати китоб ва мероси аҷдодиамон мебошад.

Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода зимни суханронии худ иброз дошт, ки  дар воқеъ санъати тазҳиб – зарҳалкорӣ таърихи хеле қадима дошта, барои ҳифзу нигоҳдошти  он Китобхонаи миллӣ корҳои зиёдеро то имрӯз анҷом додааст. Аз ҷумла шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, ки ба нигоҳдорӣ ва ҳифзи чунин дастхатҳо махсус гардонида шудааст.

Дар идома намояндаи комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Алишер Бахтиёрзода, директори Маркази мероси хаттии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳматкарим Давлатзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфуллоҳ Мулоҷонов ва устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Комилҷон Саидолим роҷеъ ба таърихи омӯзиш, ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва инъикоси ҳунари тазҳибкорӣ дар осори хаттии ниёгон суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби намояндаи комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Алишер Бахтиёрзода нусхаи “Сертифкат”-и аслие, ки ворид шудани “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ”-ро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, барои нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Зафаршо Иброҳимзода супорид.

3-(15)Сипас, намоиши “Инъикоси ҳунари тазҳиб дар осори хаттии ниёгон” расман ифтитоҳ гардида, аз ҷониби масъулини намоиш ба меҳмонон сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Дар намоиши мазкур аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ зиёда аз 30 адад намунаҳои гуногуни китобҳои нодири дастнавис, ки фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ, забониву адабӣ, сарфу наҳв ва фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Тавре масъулини намоиш иброз доштанд, дар намоиш нусхаҳои дастнависе интихоб шудаанд, ки дорои нақшҳои тазҳибкоришуда мебошанд. Дар ин нусхаҳо ороишот дар шаклҳои кунҷӣ, марказӣ, чиликӣ ва доиравӣ тасвир ёфтаанд. Дар намоиш нусхаҳо аз рӯйи даврабандии таърихӣ ва навъи ороишот ҷобаҷогузорӣ шуда, нахуст аз дастнависҳое, ки бо оби тилло зарҳалкорӣ шудаанд, оғоз меёбад.

Намоиш “Инъикоси ҳунари тазҳиб дар осори хаттии ниёгон” то 10-уми октябри соли 2024 идома меёбад.

 Наргис НАЗАРЗОДА