Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 22 – уми сентябр
Соли 1872 дар шаҳри Москав дар синни 70-солагӣ нависанда, қавмшинос ва забоншинос, гирдоварандаи фолклор Владимир Дал аз олам гузашт. Машҳуртарин ва мондагортарин коре, ки анҷом дод, тартиб додани Луғати тафсирии забони русӣ буд, ки имрӯз ҳам аз муътабартарин луғатномаҳо дар ин кишвар шинохта мешавад.
Барои тартиб додани ин луғтномаи бузургҳаҷм Дал 53 сол умрашро сарф кардааст.
Владимир Дал 22 ноябри соли 1801 ба дунё омад. Замоне чун забоншинос ном баровард ва шуҳрат ёфт, ки Екатеринаи дуюм ӯро ба Петербург даъват кард ва сарпарастии китобхонаи дарборашро ба ӯ супурд. Ин буд, ки дари як хазинаи бузурги китоб ба рӯяш боз шуд.
Муддате ба Олмон рафт ва духтурӣ хонду ба ватанаш баргашт. Хеле солҳо фаъолиятҳои тиббӣ ҳам дошт.
Аввалин китобаш бо як номи дурударози “Афсонаҳои русии….” соли 1832 нашр шуд. Ва ин китоб барояш шуҳрат овард.
Соли 1900 дар деҳаи Каменное Новоторжски уезди Твери Русия забоншиноси рус ва Шӯравӣ, луғатшинос, доктори илмҳои филологӣ Сергей Ожегов зода шуд. Вай муаллифи бузургтарин луғати забони русист, ки бо номи Луғати Ожегов машҳур аст.
Соли 1935 забоншиносони машҳури Шӯравӣ В. В. Виноградов, Г. О. Винокур, Б. А. Ларин, С. И. Ожегов, Б. В. Томашевский бо сарварии Д. Н. Ушаков корроо сари таҳияи “Луғати тафсирии русӣ” оғоз карданд. Ожеговро лозим омад барои осонтар шудани кораш аз Ленинград ба Москав ояд ва яке аз ёварони аслии Ушаков шуд.
Соли 1949 аввалин ҷилди ин луғат нашр гардид.
Сергей Ожегов 15 декабри соли 1964 дар синни 64-солагӣ дар шаҳри Москав аз олам гузашт.
Соли 1913 дар ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғона шоир, тарҷумон ва рӯзноманигор Маҳмуд Тӯлқун ба ҷаҳон омад. Соли 1930, баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, шогирди Омӯзишгоҳи кишоварзии Хуҷанд шуда, ба ҷанги зидди босмачиён рафтааст. Солҳои 1923-1933 дар рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» кор кардааст.
Соли 1934 Омӯзишгоҳи омӯзгории Тошкандро хатм ва дар Омӯзишгоҳи кишоварзӣ ва молияи Хуҷанд муаллимӣ кардааст.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, соли 1944, баъди захмӣ шудан, ба ватан баргаштааст.
Аз соли 1946 ходими рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», мудири шуъбаи рӯзномаи «Совет Тоҷикистони», ҷонишини муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Октябр»-и Шаҳритӯс, муҳаррири рӯзномаи «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Регар буда, солҳои охир дар рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» фаъолият доштааст.
Гулчини ашъораш дар китобҳои «Тантана» (1948), «Муҳаббати ҳақиқӣ» (1954), «Шодӣ» (1958), «Парвоз» (1960), «Чароғ» (1964), «Дафтари умр» (1974) ва «Нишони ман» (1980) ба табъ расидаанд.
Ашъори алоҳидаи М. Турсунзода, М. Миршакар, М. Раҳимӣ, Б. Раҳимзода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Суҳайлӣ ва дигаронро ба ӯзбекӣ гардондааст.
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Бо нишону ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
Аз соли 1958 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
22 сентябри соли 1983 аз олам даргузашт.
Соли 1937 дар шаҳри Самарқанд адабиётшинос, мунаққиди адабӣ, тарҷумони тоҷик Ҷӯра Бақозода зода шуд. Соли 1962 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқандро хатм карда, барои идомаи таҳсилу фаъолияти илмӣ ба ИЗА ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (Душанбе) омадааст.
Солҳои 1965-1968 дар аспирантураи Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав), солҳои 1974-1980 дар курси мунаққидони ҳамин донишкада таҳсил кардааст.
Номзади илми филология (1969).
Баъдан корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1967-1978), мудири шуъбаи танқиди моҳномаи «Садои Шарқ» (1978-1985), муҳаррири калони илмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик (1985-1989), аз соли 1989 то вопасин рӯзҳои умраш устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст.
Асарҳояш аз соли 1963 чоп шудаанд.
Мақолаҳову тақризҳояш, ки ба масъалаҳои умдаи адабиёти тоҷик бахшида шудаанд, дар китобҳои «Падидаҳои тоза» (1974), «Ҷустуҷӯҳои бадеӣ дар насри муосири тоҷик» (1982), «Нависанда ва идеали замон» (1985), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), «Абдулҳамид Самад ва инкишофи ҳикоя» (2007), «Гузашти айём ва таҳаввули адабиёт» (2009) ва ғайра гирд омадаанд.
Мақолаҳои пурарзиши ӯ «Дунё ба умед» («АС», 1985, 25 апрел), «Қиёми шеър» («АС», 1992, 2 апрел), «Ҳаёти ҷовидон андар ситез аст» («Садои Шарқ», 1988, №6), «Осори устод Сотим Улуғзода аз нигоҳи хонанда» (дар маҷ.«Ҷустуҷӯҳои адабӣ», 1966) ва ғайра ҳукми рисолаи мукаммалеро доранд.
Осори алоҳидаи А.Чехов, В.Яковенко, Н.Байрамовро ба тоҷикӣ гардондааст.
Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.
Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).
Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
28 апрели соли 2012 аз олам даргузашт.
Соли 1971 дар Хартфорд, иёлати Коннектикут нависандаи тахайюлнависи армикоӣ Элизабет Бир таваллуд шуд. Ӯ нависандаи беҳтарин асарҳои илмӣ-тахайюлӣ ва барандаи чандин ҷоизаҳои адабии ин соҳа ба шумор меравад.
“Асари ҷароҳат”, “Дар иртибот бо олам”, “Хун ва оҳан”, “Виски ва об”, “Сиёҳӣ ва пӯлод”, “Дӯзах ва Замин”, “Ҳавои сард”, “Рег”, “Чанг”, “Асри Промитей”, “Дӯстӣ бо гургон”, “Шаҳри сафед” ва ғайра номи чанл повусту романи машҳури Элизабет Бир мебошад.
Соли 1985 дар Берлини Ғарбӣ журналист ва ношири аҳли Олмон Аксел Шпрингер тарки олам кард. Вай поягузори калонтарин ширкатҳои чопӣ дар Аврупо ба шумор мерафт.
Соли 2000 дар байтулмуқаддас дар синни 76-солагӣ шоир ва тарҷумони исроилӣ Яҳудо Омиҳой даргузашт. Вай 3 майи соли 1924 таваллуд шуда буд.
Яҳудо Омиҳой барандаи ҷоизаи Исроил дар соли 1982 буд. Аз назари бисёриҳо ҳам дар Исроил ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ Омиҳой ба унвони бузургтарин шоири муосири исроилӣ шинохта шудааст. Ӯро аввалин касе медонанд, ки бо ибрӣ шеър гуфт. Ин буд, ки соли 1982 барои хадамоташ дар шеъри ибрӣ соҳиби ҷоизаи давлатии Исроил шуд.
Вай ҳамчунин ашъори шоирони олмонии зиддифашистиро ба ибрӣ баргардон кардааст.
Соли 2021 дар синни 73-солагӣ нависандаи швед Улф Нилсон вафот кард. Вай 18 сентябри соли 1948 дар Ҳелсингборг зода шуда буд.
Улф Нилсон муаллифи асарҳое чун “Комиссар Гордон”, “Алвидоъ, ҷаноби Маффин!”, “Хубтарини олам”, “Сарградониҳои ҳамшира Кролчиха” ва ғайра мебошад. Барандаи ҷоизаи Астрид Линдгрен (2006) аст.
Соли 2022 дар синни 70-солагӣ нависандаи маъруфи англис Ҳилари Мантел аз олам гузашт. Вай 6-июли соли 1952 дар Глоссоп (Англия) зода шуда буд.
Китоби вай бо номи “Толори гург” дар соли 2009 милодӣ дар маҷмуаи “Томас Кромвел” соҳиби ҷоизаи Букер шуд. Соли 2012 бошад барои асараш “Маҳкумро биёваред” бори дуюм ба дарёфти ҷоизаи Букер шарафёб гардид.
“Оина ва нур” охирин китоб аз сегонаи ӯ буд, ки соли 2020 мунташир шуд. Ин китоб аз ҷониби мунаққидон хуб истиқбол шуд ва яке аз пурфурӯштураин китобҳои сол ба шумор мерафт.
Рӯзномаи британияи “Гордиан” Ҳилари Мантелро яке аз барҷастатарин адибони зинда ва муосири Британиё муаррифӣ карда буд.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ