Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ…
Рӯзи ҷумъа, 20-уми сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази “Забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ бо ҳамин ном мизи гирд баргузор гардид. Дар кори он муҳақиқони соҳа, олимону шоирон, рӯзноманигорон ва инчунин кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Сайфиддин Камолзода –муовини директори Китобхонаи миллӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз мақом ва манзалати шеъри форсӣ ва бузургони давр Рӯдакию Фирдавсӣ ёд кард. Ҳамчунин дар идома зикр намуд, ки ки Маркази “Забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ҳамасола ба ифтихори санаи зикршуда бо ширкати адибону донишҷўён ва дўстдорони эҷоди шоири маҳбуб Абуабдуллоҳ Рўдакӣ маҳфилу чорабиниҳо доир менамояд.
Хидмати устод Рўдакӣ дар поягузории адабиёти оламшумули тоҷику форс беназир буда, тамоми мадракҳо ва адибони баъдӣ онро зикр кардаанд. Дар манобеи адабӣ осори ўро хеле зиёд нишон додаанд, вале аз он то имрўз дар ҳудуди беш аз 1100 байт боқӣ мондааст. Ҳамин ашъори боқимонда нишонаи он аст, ки ў шоири тавоно ва забардаст, сарояндаи ахлоқи неки инсонӣ, тарғибгари илму дониш ва эҳсоси ватандўстӣ будааст. Беҳуда нест, ки ўро сардафтари адабиёти форсизабонони ҷаҳон хондаанд –иброз намуд Сайфиддин Камолзода дар идомаи суханронии худ.
Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ – Сайфиддин Назарзода суханрони кард.Ӯ нақши Рӯдакиро дар ташаккули забони тоҷикӣ бузург арзёбӣ намуда, чанде аз намунаҳои калимаҳои сирф тоҷикиро мисол оварда, ба иштирокдорон шарҳ дод. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Рӯдакӣ дар навиштаҳои худ калимаҳои иқтибосии арабӣ хеле кам истифода бурдааст, ҳамин буд, ки шеъри ӯ ҷаҳонгир гашт.
Номзади илмҳои таърих Давлатшоҳ Маҳмудов дар мавзуи “Рӯдакӣ ва муҳити сиёсии замон” суханронӣ кард. Олми тоҷик дар бораи вазъи адабиёту фарҳанг дар замони Сомониён изҳори назар намуд ва аз даъват шудани устод Рӯдакӣ ба дарбор нақлҳои ҷолиб кард.
Дар фарҷом Ҷалолиддин Нурзода, муовини директори Китобхонаи миллӣ сухан кард. Ӯ шоири бузурги хирадгаро ва тарғибгари ахлоқи писандидаи инсонӣ Рӯдакиро намунае аз камтарин шоирони давр номид, ки шеърҳояш кӯҳна нашудаанд. Ҳама он нуқтаҳои пандомӯзу андарзӣ ва ҳикматомезонаро, ки устоди шоирони ҷаҳон 1160 сол пеш аз рӯзгори мо сурудааст, дархӯрди ормонҳои инсониву иҷтимоии имрӯзи ҷомеаи мо ва умуман мардуми олам аст. Тамоми андарзҳои ӯро хонда, гумон мекунед, ки устод Рӯдакӣ онҳоро барои имрӯзиён гуфта бошад. Ба мисли:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯшт…
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар куфтанат мушт.
Ин ҳамоиш бо мубодилаи афкор миёни дигар ширкатдорон ба анҷом расид.