Андешаҳо перомуни озмуни “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат”

Субҳи имрӯз дар саҳни Китобхонаи миллӣ  мардуми зиёд гирди ҳам омада буданду ҳамдигарро табрик мекарданд. Аз донишмандону шахсиятҳои шинохта то донишҷӯёну хабарнигорон дар мавриди аввалин озмуне, ки бо иқдоми Китобхонаи миллӣ рӯи кор омадааст, суҳбат мекарданд. Яке мепурсид, ки озмун чанд рӯз идома хоҳад кард, дигарӣ мегуфт киҳо ҳаққи ширкат дар онро доранд. Хуллас ин мавзуъ барои ҳама ҷолиб буд.

Аз васоити ахбори омма телевизионҳои кишвар ва радиоҳо, аз ҷумла телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” телевизиони “Тоҷикистон“ ва Радиои “Фарҳанг” барои инъикоси маросими ифтитоҳ ҳозир шуда буданд.

Дар миёни издиҳом устод Ҳафиз Раҳмонро дидам, ки бо гурӯҳе аз ҷамъомадагон суҳбат дошт. Назари устодро роҷеъ ба озмун пурсидам:

– Ҳар озмуне, ки дар ҷумҳурӣ дар масъалаи китоб ва мутолиаи  китоб баргузор мегардад, беҳтарин озмун аст. Чун сарчашмаи илму дониш, сарчашмаи тамоми беҳбудиҳои маънавии ҷомеа дар хондани китоб аст ва нақши китоб дар ҷомеаи мо бисёр муҳим аст. Нақши бисёр сарнавиштсоз аст чун тафаккури ҷомеа, ҷараёни нек шудани зиндагии маънавии ҷомеа аз китоб сарчашма мегирад. Аз ин нуқтаи назар ин озмун яке аз озмунҳои беҳтарини ҷумҳурӣ ба шумо меравад. Чун жарфтар бингарӣ, ҳамин озмуне, ки ба китоб дахл дорад, бояд аз ҳама боло эътироф шавад. Ин ҷои баҳс надорад, зеро таҳкурсӣ китоб аст, зербино китоб аст.

– Ин озмун аз сабқатҳои гузашта чи тафовут дорад?

– Ба чанд шохаи зиндагии иҷтимоӣ дахл мекунад, ба чанд шохаи илм, маърифат, масалан таърих, адабиёт. “Чеҳраҳои мондагор”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”, “Забони миллат-ҳастиии миллат”. Инҳо асарҳое ҳастанд, ки бевосита ба фарҳангу адабиёту забон ҳамчун рукни асосии маънавиёту фарҳанг ва тамаддуни ҷомеа дахл доранд. Хондани ин китобҳо, аз бар кардани ин китобҳо бисёр муҳим аст.

Чеҳраҳои мондагор”, ки соли 2016 чоп шуд, 25 чеҳраҳои машҳури фарҳанги башариро фарогир буд, дар нашри соли гузашта такмил ёфт ва 30 нафар шуд..

Зуҳро Муродова, донишҷӯи соли дувуми коллеҷи тибии шаҳри Ҳисор дар ин озмун ширкат варзид ва андешаҳояшро чунин баён намуд:

– Шунидам озмуни “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат” баргузор меградад. Шавқи ширкат дар он дар ман пайдо шуд ва тасмим гирифтам, ки китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа намоям ва бо ин кор аз таъриху тамаддун ва гузаштаи ифтихорофарам ошно бишавам.

Аз китобҳои хондаам бештар “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар оинаи таърих” писандам омад.

Гулноза Шарифова донишҷӯи соли 2, ширкаткунандаи дигари озмун аст, ки қаблан дар олимпиадаҳои мактабӣ аз фанни ҳуқуқ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст.

Мехоҳам имсол дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” қувваозмоӣ намоям. Мақсади ширкатам дар озмун шавқу рағбати зиёдам ба китобхонӣ аст, мехоҳам дар ин озмун ғолиб шавам. Шеър низ менависам ва тасмим дорам онҳоро бо устодонам таҳрир намуда, ба дасти чоп биспорам. Китобҳои бадеӣ ва эҷодиёти халқро бештар мутолиа менамоям.

“Забони миллат-ҳастии миллат”-ро ба он хотир писандидам, ки дар бораи забони тоҷикӣ сухан меравад. Онро аз ҳама китобҳо бештар хондаам.

Дар фурсатҳои холӣ ба мутолиаи китобҳо мепардозам. Аз китобхонаи муассисамон ва китобхонаи ва шаҳри Ҳисор китобҳо мегирам.

Ин ҳамсуҳбати мо ҳисси тарс дошт, ки доварон чӣ хоханд пурсид ва ӯ чи гуна посух хоҳад дод.

Ба гуфти масъули баргузории ин озмун муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода он то 28-уми сентябри соли равон идома меёбад ва дар он 270 нафар донишҷӯ аз муассисаҳои миёнаи касбӣ ва 78 нафар донишҷӯ аз муассисаҳои олии касби ширкат доранд.

Раҳима Аъзам