Идомаи озмун. Суҳбатҳои кутоҳ бо ширкаткунандагон
Ин лаҳзаҳо дар гурӯҳи 3-юми озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат”, ки ба он донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дохил мешаванд, 25 нафар ширкат намуданд.
Таасуроти бархе ширкатдорон ва устодони муассисаҳо нишон дод, ки довталабон бештар барои худшиносӣ ва такмили донишу маърифати худ дар он иштирок намуданд.
Мақсади ширкати Муртазо Сафаров дар сабқат шинохти бештаре доштан аз фарзандони фарзонаи миллат ва башар, аз сиёсату фарҳанги хеш, захираи луғавиро бой гардондан будааст.
Аз ширкатдорони озмун бештар бонувон ба назар мерасиданд, ки боиси хурсандист, зеро агар зан бомаърифату китобхон ва пешсаф бошад, миллат босавод мешавад.
Зарнигор Абдуқодирова донишомӯзи соли 3-и шаҳри Бӯстон ба он хотир дар озмун ширкат варзид, ки аз сини хурдӣ ба фанни таърих рағбати беандоза дорад ва дар олимпиадаҳо ва озмунҳо аз фанни таърих ширкат намудааст.
Зарнигор аз мутолиаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи пурифтихори ниёгони сарбаланди хеш бохабар шудам мегӯяд.
Нисбати чанд донишҷӯ, ки дар озмун ширкат карданианд, ин ҳамсуҳбатам китобҳои бештар аз рӯи низомнома хондааст.
Ӯ 13 китоби Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа намудааст. “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои истиқлол”, “Забони миллат- ҳасти миллат”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”китобҳоест, ки ӯ мурур кардааст.
Масири ӯ дар ин самт ҳамеша ҳамвор набуд, зеро мегӯяд ӯ китобҳои Пешвои муаззами миллатро дар баъзе китобхонаҳо пайдо накардам. Барои ба даст овардани китобҳо ба дигар китобхонаҳо мерафтам, баъзе асарҳоро дар шакли электронӣ мехондам. Аз коллеҷ устодон ва модару бибиам, ки омӯзгоранд, кӯмакам намуданд.
Бо ин ҳама талош натавонистааст ба 1 суоли доварон посух бигӯяд. “Чеҳраҳои мондагор” аз чанд фасл ва боб иборат аст?, ягона пурсиши ҳакамон буд, ӯ дар посух дармонд.
Зарнигор ҳангоми сӯҳбат суханони Пешвои миллатро ёдовар шуд:
“Танҳо забон аст ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”.
Гулдаста Тошева донишандӯзи коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод ба ин назар аст, ки ҳар тоҷик бояд гузаштаашро бидонад, зеро ҳар миллат шиноснома дорад.
-Рӯҳу равони фарзанди фарзонаи Тоҷикистон шод бод ки шиносномаи миллати моро навишт ва он китоби “Тоҷикон” аст.
Сухани Пешво ”Худованд моро аз беватаниву бедавлатӣ абадулабад нигаҳбон бошад”-ро ҳаргиз фаромӯш намекунам.
Гулдаста дар гузашта дар озмуни “Фӯрӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат намудаву “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ,”Афсонаҳои халқи тоҷик”, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ, “Лайлӣ ва Маҷнун”-у “Юсуф ва Зулайхо”-ро мутолиа кардааст.
Раҳима Аъзам.