Рӯзи сеюм… Довталабон аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

photo_2024-09-26_13-43-23Озмун дар толорҳои барҳавои Китобхонаи миллӣ идома дорад. Довталабон ҳамоно  аз тамоми манотиқи кишвар иштирок доранд. Аксари онҳо аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бо тайёрии ҷиддитар ба озмун омадаанд ва метавонанд фикру андешаҳои худро  мустақилона фарохтар баён намоянд. Субҳи имрӯз  озмун бо баромади курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа оғоз гардид.

Султоншо Диловаров – курсанти соли аввал аз Донишкадаи мазкур баромад кард. Мо бо Султон баъди баромадаш дар назди ҳакамон суҳбат кардем. Ӯ аз шароиту имконоти Донишкадаи мазкур сухан гуфт. Султоншо мегӯяд, дар китобхонаи Донишкада тамоми китобҳои Пешвои миллатро гирд овардаанд ва мо ҳамонҷо ба озмун тайёри дилем. Аммо ӯ аз баромади худ қаноатманд набуд, мегӯяд фақат фурсати мутолиаи якчанд китобҳоро пайдо намудам.

Баръакси ӯ рақибаш мегӯяд, фурсат хеле зиёд доштам, аммо мо сахт таваҷҷуҳ накардем. “Барои дарки мазмуну муҳтавои китобҳои муҳтарам Пешвои миллат онҳоро бояд бо диққат хонд ва ба умқи онҳо ворид шуд. Мутолиаи сарсарӣ ва беаҳамиятона дар чунин як озмуни сатҳи баланд ягон натиҷа дода наметавонад”-  мегӯяд Сино Сафаров курсанти соли якум аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дигар довталаб Шаҳром Исомадинов аз ҳамин Донишкада гуфт, ки омодагии ҷиддӣ дида буд. Ӯ чандин асрҳоро номбар карда изҳор дошт, ки “баъди эълони озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба мутолиаи онҳо партохтам”. Ӯ ҳамчунин изҳори хушнудӣ намуд, ки иштирокчии чунин як озмуни сатҳи баланд аст. Ба онҳо барор мехоҳем.

Бояд зикр кард, озмуни мазкур рӯзи сеюм аст, ки дар Китобхонаи миллӣ ҷараён дорад ва тавре қаблан иттилоъ дода будем, довталабон дар 3 гурӯҳи алоҳида: гурӯҳи донишҷуёни донишкадаву донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ, гурӯҳи довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ва гурӯҳи сеюм  довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ пурсида мешаванд.

Озмун идома дорад ва ҳакамон талош доранд беҳтаринҳоро интихоб ва истеъдодҳои навро  кашф намоянд.

Ҳадаф аз баргузории озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”-низ дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамин аст. Кашфи истеъдодҳо, омӯзиши таъриху тамаддуни миллат ва арҷгузорӣ ба мероси пурғановати ниёгонамон, ки Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳои худ ба ин таъкид мекунанд.

 Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.