Маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибону иштирокдорони озмун рӯзи 28-уми сентябр баргузор мешавад

КомиссияИмрӯз ҷаласаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат” дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, ки масъалаи дар сатҳи баланд ва фазои боз сурат гирифтани маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва ширкаткунандагони озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат”-ро баррасӣ намуд. Дар ҷаласа Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдуллозода ширкат кард.

Бори дигар зикр гардид, ки озмун то рӯзи 27-ум сентябр идома меёбад ва ҷамъбасти он тавре пештар ҳам эълон шуда буд, 28-уми сентябр соати 15:00 дар Китобхонаи миилӣ баргузор мегардад.

Масъули баргузории озмун, муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода зикр намуд, ки рафти озмун ҳар рӯз тариқи шабакаҳои телвизионии кишвар сабт ва пешкаши мардум мегардад, ки барои шаффоф баргузор шудани он кӯмак менамояд. Касоне, ки аз натиҷаи озмун норозианд, метавонанд аз сабтҳои телевизионҳо воқеъиятро бубинанд ва баҳо диҳанд.

То имрӯз шикояте ба гурӯҳи апеллятсионӣ ворид нашудааст.  Дар ҷаласа таъкид шуд, ки иштироккунандагони фаъол бо тӯҳфаҳо, ифтихорномаҳо ва ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат” рӯзи сеюм аст, ки идома дорад ва дар он 268 нафар ширкат меварзанд. Суҳбату мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар озмун довталабон аз 27 асар аз 22 то 27 китоби Пешвои муаззами миллатро мутолиа намуданд. Донишҷӯе аз шаҳри Ваҳдат ҳамаи 27 асари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба пуррагӣ хондааст. Бархе духтарони довталаб ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки 13-14 асари дар низомномаи озмун ззикршударо фаро гирфитаанд.

Раҳима Аъзам.