Сухани табрикии муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ ба муносибати 105-солагии Китобхонаи Арманистон
3-юми октябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Арманистон дар доираи Конференсияи байналмилалии “Ҳифзи мерос барои субот”, ки ба 105-солагии таъсиси китобхонаи миллии Арманистон бахшида шуда буд, 28-умин ҷаласаи умумии аъзои Ассамблеяи Китобхонаҳои Авруосиё доир гардид. Конференсия ба таври онлайнӣ барпо гардид.
Дар он муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ширкат ва суханронӣ кард. Вай кормандони ин боргоҳи маърифатро ба муносибати 105-солагии арзи вуҷуд карданаш муборакбод намуд.
Салима Раҷабзода гуфт: Аз фурсат истифода бурда, омодагии Китобхонаи миллиро барои таҳкими муносибатҳо ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду китобхона ба хотири рушду шукуфоии фарҳанги тоҷикиву арманӣ иброз медорам.
Гуфтанист, ки ин нишаст бо ибтикороти Китобхонаи миллии Арманистон ва Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё баргузор гардид. Дар рафти ҳамоиш фаъолияти лоиҳаи Ассамблея (БАЕ) , ҳамчунин масъалаҳои ташкилӣ муҳокима гардид.
Конференсия мутахассисони варзида ва ҷавони соҳаи китобдорӣ, осорхонашиносӣ, бойгонишиносӣ, самти табъу нашри тамоми ҷаҳонро ба ҳам оварда, платформа барои табодули таҷрибаи ҷаҳонӣ, муҳокимаи масъалаҳои муҳим, муаррифии фановариҳои ҷадид, ҳамзамон дар амал татбиқ намудани таҷрибаи меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ, системаҳои назорат ва технологияҳо гардид.
Қарор аст ин нишаст, ки имрӯз, 3 октябр оғоз гардид, то 5-уми октябр идома кунад ва дар он масъалаҳои ҳифзи мероси ниёгон, идоракунии рақамӣ,билиография, менеҷмент, хидматрасонӣ, рушди касбӣ, ҳифзу таъмири ҳуҷҷатҳо, ҳуқуқҳои муаллиф ва масоили дигар баррасӣ мегардад.
Дар ин конфронс ҳамчунин омода намудани нишони библиографӣ бахшида ба 80-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ баррасӣ шуд.
Қарор шуд, ки ҷаласаи 29-уми аъзои Ассамблеяи Китобхонаҳои Авруосиё моҳи майи соли оянда дар Ҷумҳурии Удмуртия баргузор гардад.
Раҳима Аъзам.