Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4 – уми октябр
Соли 1797 дар Муртен нависандаи швейсарӣ Иеремия Ҳотҳелф ба дунё омад. Вай дар холнаводаи кашиши деҳот таваллуд шуд. Солҳои 1812-1820 дар Берн ва Гётинген таҳсил кард. Дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар иштироки фаъолона дошт. То тағйири конститутсия дар соли 1831 дар сафи мухолифон буд. Баъдан ба таври қотеъ зидди радикализми ҳоким шуд.
Дар ҳикояҳояш бештар дар бораи зиндагги мардуми одӣ, мушкилоти онҳо нақл кардааст, аз ин рӯ чун як нависандаи халқӣ шинохта шудааст.
Осори Иеремия Ҳотҳелф дар шакли пурра баъди марги ӯ дар 24 ҷилд дар Берлин (солҳои 1855-1858) нашр шудааст.
Иеремия Ҳотҳелф 22 окттябри соли 1854 дар синни 57-солагӣ аз олам гузаштааст.
Соли 1816 шоир, инқилобгар ва анархисти фаронсавӣ Эжен Поте зода шуд. Вай муаллифи матни суруди “Интернатсионал” ва ширкаткунандаи Комуннаи Порис дар соли 1871 буд.
Соли 1847 дар Эскренн нависандаи фаронсавӣ ва муаллифи беҳтарин қиссаҳои срагузаштӣ Лу Анри Буссенар таваллуд шуд. Солҳои 1860-1867 дар шаҳри Питиве таҳсил кард ва соҳибмаълумот гашт.
Солҳои ҷанги Наполеони III бо давлатҳои тобеъи Олмон (1870-1871) Бессенар ба сафи артиш даъват шуд ва чун корманди тиб хидмат кард. Дар Шампин захм бардошт. Баъди ҷанг ҳам муддате дар риштаи тиб таҳсил кард ва баъдан комилан аз он даст кашид ва ба адабиёт рӯ овард.
Аввалин ҳикояи ӯ дар замимаи якшанбегии Le Figaro 1 августи соли 1875 бо номи “Шикор дар Австралия” нашр шуд. Солҳои баъдӣ вай гузоришгар дар чандин нашрияҳои чопи Порис буд.
Романи дуюми ӯ бо номи “Сайёҳати гирдиоламии порисии ҷавон” барояш шуҳрат овард.
Аксари повесту романҳои Буссенар баъди дар маҷаллаҳо чоп шуданашон фавран ба сурати китоби алоҳида низ интишор меёфтанд.
Ӯ ду маротиба издивоҷ кардааст, вале фарзанд надоштааст. Соли 1910 баногаҳ ҳамсари дӯстдоштааш Албертина Деоафуа, ки 27 сол бо ҳам зиста буданд, аз олам гузашт. Баъди марги ӯ ҳамагӣ се моҳ зист ва 11 сентябри соли 1910 (тибқи як фарзияи дигар 11 ноябри соли 1910) дар яке аз беморхонаҳои Орлеан вафот кард.
Соли 1999 Г.Чхартишвили дар китобаш “Нависанда ва худкушӣ” навишт, ки гӯё марги ҳамсарашро дигар натавонист таҳаммул кунад ва даст ба худкушӣ зад.
Модараш Элоиза Ланс баъди 22 соли марги писараш дар синни 106-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1930 нависанда, мақоланавис ва мардумшиноси аҳли Украина Олена Пчилка аз олам гузашт. Вай 17 июли соли 1849 ба дунё омада буд.
Номи аслиаш Олга Петровна Косач ва тахаллусаш Олена (Елена) Пчилка, хоҳари олим, мунаққид, таърихшинос ва файласуфи украин Михаил Драгоманов ва модари адиби машҳури украин Леся Украинка буд.
Соли 1866 Донишкадаи духтаронаро дар шаҳри Киев хатм кард. Ду сол баъд ба ҳуқуқшиноси украинӣ Пётр Косач ба шавҳар баромад. Аз ин издивоҷ ду писару чор духтар ба дунё омаданд, ки яке аз онҳо бо номи Лариса аз машҳуртарин шоирони Украина шуд.
Аввалин китобаш бо номи “Орнаменти халқии украин” соли 1876 дар Киев нашр шуд. Аз соли 1883 шеъру ҳикояҳояш дар маҷаллаи “Зоря” нашр мешуданд ва нахустин маҷмуаи осораш бо номи “Риштаандешаҳо”соли 1886 ба чоп расид. Бо забонҳои русиву украинӣ менавишт.
4 октябри соли 1930 дар синни 81-солагӣ аз олам гузашт ва дар паҳлуи духтараш Леся Украинка ба хок супурданд.
Соли 1941 дар Орлеани Нав нависанда, филмноманавис ва коргардони амрикоӣ Энн Райс зода шуд. Райс нависандаи достонҳои кутоҳ, адабиёти масеҳӣ ва ҳикояҳои шаҳвонӣ буд. Дар охирин моҳҳои умраш вай бо эълони расмӣ тарки масеҳият кард, вале дар ҷойе нагуфт, ки пайрави кадом дин шуд.
“Мусоҳиба бо хуношом”, “Хуношом Лестат”, “Маликаи нафриншуда”, “Саргузашти шахси ҷасадрабо”, “Хуношом Арман”, “Меррик”, “Хун ва тилло”, “Шоҳзода Лестат”, “Ҷазои зебосанам”, “Пандора”, “Исо. Бозгашт аз Миср”, “Исо. Бозгашт ба Кан”, “Мумиё ва ё Рамзеси лаънатӣ” номгӯи чанде аз асарҳои ӯ мебошанд.
Энн Райс 11 декабри соли 2021, замоне, ки 80 сол дошт, аз дунё рафт.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ