Анонс: Рӯнамоии китоби “Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакат”
7-уми октябри соли 2024 бахшида ба 32-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакат” доир мегардад. Ин китобро Муассисаи давлатии маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” нашр намудааст.
Дар рӯнамоӣ сармуҳаррири Муассисаи давлатии маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Шоҳона Одиназода, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарифзода, Раиси кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур ширкат ва суханронӣ мекунанд.
Рӯзи баргузорӣ: 7.10.2024
Замон: соати 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ
Вуруд озод