Ташаббусе, ки ояндаро рўшан мекунад
Соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол сивусесола шуд. Баъди ҳазор сол миллати тамаддунофари тоҷик соҳиби давлат гардид, бо сарвари бохтовараш Эмомалӣ Раҳмон нишони давлатдориаш ба тозагӣ зебу оро дода шуд. Ин шарофати худододаро мулоҳиза кардан, ба маъниву маърифату моҳияташ расидан, қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии хар як сокини Тоҷикистон аст.
Роҳбарияти олии кишвари мо баҳри ташаккули идеологияи миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангиву таърихӣ ва давлатдориву давлатсозии замони навини халқи тоҷик пайваста талош меварзанд ва кўшиш мекунанд, ки дастуру барномаҳои созгор, стратегияҳои илман асосноки барои ҷомеа созгорро таҳияву татбиқ намоянд.
Ҳанўз соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти давлатдориву давлатсозӣ ва зарурати ташаккули идеологияи миллиро хеле муассир баён дошта буд:
«Барои миллати тоҷик, ки борҳо бар асари ихтилофоти гуногун пароканда шуда, давлатдории хешро аз даст дода буд, идеологияи ватандўстӣ ва Ваҳдати миллӣ идеологияи аз ҳама асосӣ мебошад».
Оре, барои миллати тоҷик дар замони гирумонҳои фарҳангӣ ва таърихсозии ҷаҳони муосир ин ҳама такаллум бояд сармашқи кору кирдор ва амали шоиста бошад, зеро бо роҳандозии амиқ ва дақиқкоронаи идеологияи ватандўстӣ ва Ваҳдати миллӣ воқеан мо ба саодат расида метавонем ва арзишҳои миллиамонро ҳифз карда метавонем.
Барои амалӣ намудани мақсаду мароми давлатдории навин ва ба ҷавонону наврасон, кулли мардуми Тоҷикистон роҳи босаодатро эҳё кардан Ҳукумати мамлакат ҳама тадбирҳоро андешида истодааст. Дар 33 соли истиқлолият ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон ва халқи бунёдкори он зина ба зина, қадам ба қадам пеш рафт, таҳти роҳбарии Пешвои миллаташ ба музаффариятҳои бемислу монанд расид, воқеияту дурнамои ин нуктаро собит намуд.
…Вақте ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон гардид, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозии онро дарк карда, пайрави ин иқдоми шоиста шуданд. Падару модарон, додару хоҳарон ва кулли мардуми Тоҷикистон ба як дилу як ҷон ва нияту армон пайи иҷрои ин дастур шуданд.
Дар партави ин ҳидоятҳо Китобхонаи миллӣ низ пайваста ташаббусҳои хурду калонро ба худ мегирад ва дар ҷомеа онҳоро ҳамеша пиёда месозад.
Наҷибтарин ташаббуси Китобхонаи миллӣ ин роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» мебошад. Ба ин далел, ки вақте мо Китобхонаи миллиро ба сифати бузургтарин маркази фарҳангии кишвар ва соҳиби махзани гаронарзишу дорои адабиёти илмӣ, адабӣ, сиёсӣ ва фалсафиву дигар анвои чопӣ медонем, бояд чунин иқдомҳои шоиста пайваставу вораста аз ҷониби ин боргоҳи илму фарҳанг дар амал татбиқ гардад. Ин ташаббус бори дигар раванди робитаи қавии Китобхонаи миллӣ ва ҷомеа дар самти ҷалби ҷавонону наврасон ва кулли шаҳрвандони кишвар ба мутолиаи китоб шаҳодат медиҳад. Воқеан агар риштаи алоқа байни китобхонаҳо ва ҷомеа набошад, муҳол аст ҳадс бизанем, ки мо як ҷомеаи маданӣ ва пешрафта сохта тавонистаем.
Инак, дар тўли фаъолияти беш аз 90 солаи худ Китобхонаи миллӣ бори аввал бо чунин иқдоми созанда баҳри баланд бардоштани маърифати ҷавонони кишвар ва ҷалби онҳо ба китобу китобхона ва мутолиаи китоб гоми устувор гузошта, масъулияти баргузории як озмуни барои ҷомеаи Тоҷикистон, махсусан ҷавонону наврасони он ниҳоятан муҳимро ба уҳда мегирад.
Воқеан Китобхонаи миллӣ бояд дар саргаҳи тарғиби китобу китобдорӣ ва равобити қавӣ бо ҷомеа бошад.
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 12 декабри соли 2023 оид ба баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ташаббускор ва сарпарастии Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” Китобхонаи миллӣ мебошад.
Ин масъулияти ниҳоятан баландро ба назар гирифта, роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, бевосита директори он профессор Файзализода Ҷумхон Хол як ҳайати комилу босалоҳиятро, ки аз сардорони бахшу шуъба ва марказҳои дорои таҷрибаи бой ва донишманди Муассиса иборат мебошанд, барои таҳрезӣ ва татбиқи нақшаву барномаҳои Озмун ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” – даври якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ва даври дуюм дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, сафарбар намуданд. Ҳайат дар навбати худ вазифадор гардид, ки барои таъмин намудани довталабони озмун ба шакли электронии адабиёт чораҳои фаврӣ андешида, ҳамкориро бо вазорату идораҳои масъул ҷиҳати ирсолу дастрас гардонидани осори комили Пешвои миллат корро ҷоннок гардонад.
Аз рўзҳои аввали баргузории Озмун ҳайати корӣ ҳамкориро бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои масъул ба роҳ монд.
Китобхонаи миллӣ дар доираи имконияти худ, дар як фурсати ниҳоят кутоҳ тамоми осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёти дар бораи ўро ба шакли электронӣ баргардонида, аввалан дар сомонаи Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон бо кушодани равзанаи махсус ва баъдан дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна ба кулли донишҷўён ва довталабони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дастрас гардониданд. Айни замон, дар сомонаи Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон равзанаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо осори пурғановат ва пурарзиш бо теъдоди зиёда аз 400 адабиёти илмӣ, сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангиву адабӣ барои хоҳишмандон ва дўстдорони китоб ба шакли электронӣ ва бо сифати баланд гузошта шудааст ва хонанда метавонад аз онҳо тариқи ройгон истифода барад.
Дар ҷараёни тарғиб ва ташвиқи Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” миёни ҷомеа Китобхонаи миллӣ дар ВАО-и кишвар хеле фаъол буд. Дар шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Душанбе”, “Илм ва табиат”, “Сайёҳӣ”, ҳамзамон сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ дар шабакаи байналмилалии интернет, сомонаҳои расмии АМИТ “Ховар”, “Ҷумҳурият” ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба Озмун ва тарзи баргузории он садҳо мақолаву хабар ва гузоришҳо интишор гардиданд. Дар радиоиҳои “Тоҷикистон”, “Фарҳанг”, “Овози тоҷик” ва дигарон кормандони Китобхонаи атрофи қоидаи баргузории Озмун маълумот доданд.
Агар мо ба натиҷаи даври дувуми озмун назар андозем сараввал бояд аз иштироки довталабон ва муассисаи таълимии онҳо ба чанд рақам тавваҷуҳ намоем. Дар умум, аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва се вилоят кишвар 114 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ иштироки фаъол доштанд, ки шумораи умумии довталабони онҳо 260 нафар буд. Яъне, довталабони 21 донишгоҳ – 16 донишгоҳ аз шаҳри Душанбе, 3 донишгоҳ аз Вилояти Хатлон, 1 донишгоҳ аз Вилояти Суғд ва 1 донишгоҳ аз ВМКБ буданд. Аз донишкадаҳои ҷумҳурӣ бошад – 4 донишкада аз шаҳри Душанбе, 1 донишкада аз Вилояти Суғд ва 1 донишкада аз ноҳияҳои тобеи марказ буданд. Агар ба иштироки довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ назар андозем, дар умум донишҷўёни 70 коллеҷ, аз ҷумла 11 коллеҷ аз шаҳри Душанбе, 24 коллеҷ аз Вилояти Хатлон, 20 коллеҷ аз Вилояти Суғд, 14 коллеҷ аз ноҳияҳои тобеи марказ ва 1 коллеҷ аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар даври дувуми озмун роҳ ёфтанд.
Китобхонаи миллӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани даври дувуми Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” се толорро омода сохт. Дар толори мазкур тамоми таълифоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёт дар бораи ў ба намоиш гузошта шуд.
Аз рўзҳои аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” рамз (логотип)-и он бо сабку усул ва назару андешаи кормандони Китобхонаи миллӣ таҳрезиву омода ва барои комиссияи ҷумҳуриявӣ манзур гардид. Комиссияи ҷумҳуриявии Озмун дар навбати худ тамоми паҳлуҳои нигориш, рамзбандӣ ва хусусиятҳои ҷобаҷогузории расмиёти онро назора карда, андешаҳои худро иброз доштанд. Баъд аз қабули рамз тамоми ҳуҷҷатгузорӣ, таҳияи варақаҳои таблиғотӣ, инъикоси видеоролику пахши хабару гузоришҳои омодашуда дар ВАО ва дигар корҳои расмӣ бо аксандозии нишони Озмун таҳияву тадвин ва пахш гардиданд. Бояд эътироф кард, ки яке аз зеботарин ва пурҷилотарин рамз (логотип) барои озмунҳои ҷумҳуриявӣ ин нишони Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” мебошад. Ин андеша дар рафти баргузории Озмун аз ҷониби коршиносон, аз ҷумла довталабон, ҳакамон баён гардида, тасдиқи худро ёфтааст. Мавриди зикр аст ки оид ба мазмуну муҳтаво ва сабку усули нигориши рамзи Озмун хоҳишмандон метавонанд ба сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ муроҷиат намоянд.
Даври дувуми ҷамъбастии Озмун бо талоши Китобхонаи миллӣ дар сатҳи ниҳоят баланд ва махсусияти хоси худ доир гардид. Аз ҳайати ҳакамон то довталабон ҳамагӣ мутаваҷҷеҳи сатҳу сифати хидматрасонии дастандаркор – Китобхонаи миллӣ буданд. Роҳнамоӣ, таъмин бо адабиёти зарурӣ, муназзамӣ дар ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар корҳои ташкилӣ бо вежагии худ ҷараён гирифт. Мунаққид ва олими шинохта Ҳафиз Раҳмон дар навиштаи худ пурра дар ин маврид аллакай ибрози андеша кардаасту хоҳишмандон метавонанд ба сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ муроҷиат кунанд.
Акнун чанд нукта дар мавриди махсусияти Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, зарурат ва пиёда сохтани он дар ҷомеа, ҳадафу мақсад ва вазифаҳо барои оянда иброз медорем.
Асоситарини ҳадафи Озмуни мазкур арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва амсоли ин буд, ки дар соли нахуст миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор шуд.
Тибқи хулоса ва нигоҳи мутахассисон аз бурду бохти Озмун ва зарурарати баргузории он, аз ҷумла баъд аз андешаи аъзои ҳакамони даври дувуми Озмун доктори илмҳои филологӣ Шариф Муллоев ва донишманди маъруф Ҳафиз Раҳмон ба ин хулоса расидан мумкин аст, ки иқдоми Китобхонаи миллӣ ниҳоят зарур аст, зеро ин Муассиса дар саргаҳи иқдомот – китоб ва китобхонӣ қарор дорад. Арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва донистани гузаштаи дури худ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва дигар арзишҳои фарҳангӣ метавонад дар ҳар маврид ҷомеаро рушд диҳад ва ҳувиятсозу барои ҳифзи ваҳдату ягонагии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон созгор гардад.
Махсусан вақте мо аз мутолиаи китобҳои Пешвои миллат андеша мекунем, бояд ҳаминро ҳам ба назар гирем, ки он чи аз ҷониби Президенти маҳбуби кишвар таълиф гардидааст, хусусан китобҳо ба таърих, забон, фарҳанг ва ҳувиятсозиву давлтадорӣ бахшида шудааст, меҳвари асосӣ дар осори Пешвои миллат ҳифзи ҳастии миллати тоҷик, ояндаи дурахшони он, шинохти фарзандони баруманд, нишон додани таърихи чандинҳазорсола ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани ин таъриху забону фарҳанг мебошад. Таҳлили амиқи манбаҳои таърихӣ, интихоби махзанҳои гаронарзиши илмӣ ва ба ин минвол баёни нишонрас баёни нишонраси воқеиятҳои гузаштаи миллати тоҷик аз дигар паҳлуҳои нигоштаи Пешвои миллат мебошад, ки омўзиши онҳо ба суди на танҳо донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, балки фарогири кулли ҷомеа – шаҳвандони касбу кори гуногун, хизматчиёни давлатӣ (пеш аз ҳама ҳамин қишр бояд ҷалб шавад), донишҷўён ва ҳатто муҳассилини синни калони макотиби таҳсилоти миёна низ бояд буда бошад.
Устод Ҳафиз Раҳмон дар як мусоҳибаи хеш, ки онро дар фейсбук нашр карда ва пас он ба сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ кўчонида шуд, хулосаи наҷиб баровардан мумкин аст. Дар ин суҳбат ҳангоми пурсуҷўйи довталаб Ҳафиз Раҳмон аз ояндаи иштирокчӣ пурсон мешавад, ў ин ҳангом мегўяд, ки дар коллеҷи тиббӣ таҳсил дорад, вале мехоҳад дар оянда як сиёсатмадор бошад. Устод Ҳафиз Раҳмон сабаб мепурсад ва довталаб низ бо як эҳсоси баланд ва виқори ба худ хос ҷавоб медиҳад, ки вақте асарҳои Пешвои миллатро мутолиа кардааст, ба ин натиҷа расидааст. Дар сурате, ки Озмун ва мутолиаи асарҳои Пешвои миллат иштирокчиро таҳррик медиҳад ва ў ояндаи худро дар заминаи ин асарҳо интихоб менамояд, мо бояд ба дастандаркорони ин Озмун аҳсан бихонем ва ояндаи чунин барномаҳоро тўлонитар ба арзишҳои фарҳангӣ ва миллии худ созгор идома бидиҳем. Аз ин нуктаи назар ва дигар пешниҳодҳои ироашуда, ки ҳайати ҳакамон бо роҳбарии Ҳафиз Раҳмон дар рўзи ҷамъбасти Озмун пешниҳод кардааст, натиҷагирӣ мебояд:
– аввалан вақти баргузории Озмун аз ду ба се давр гузаронида шавад;
– дувум категория ё ба қавли дигар номинатсия барои иштирокчиён мушаххас карда шавад, масалан гурўҳи якум миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёни касбӣ ва олии касбӣ, гурўҳи дувум миёни хизматчиёни давлатӣ ва гурўхи севум миёни шаҳрвандони касбу кори гуногун;
– севум маблағи барои ҷойҳои якуму дуюму сеюм зиёд карда шуда, барои ҷойҳои ифтихорӣ низ маблағи муайян пешбинӣ карда шавад;
– чаҳорум, Китобхонаи миллӣ ба сифати ташаббускор ҳама даври баргузории озмунро бевосита назорат бурда, кулли китобхонаҳои кишварро то ҳадди имкон бо адабиёти барои Озмун пешбинишуда таъмин ва тамоми онро ба шакли электронии асарҳои Пешвои миллат муҷаҳҳаз гардонад.
Зафари Гулмурод, сардори шуъбаи котиботи КМ.
Орумбекова Мавзуна, сардори шуъбаи менеҷмент ва маркетинги КМ.