Таҷлили рӯзи «Асои сафед» дар Китобхонаи миллӣ

Асои сафедШахсони имконияташон маҳдуд дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҷаҳонии «Асои сафед»-ро ҷашн гирифтанд. Маҳфилро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ифтитоҳ намуда, нобиноёнро ба идашон табрик намуд.

Салима Раҷабзода аз ҷумла иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии нобиноён, ҳамасола 15 октябр дар сартосари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол чун дар тамоми олам Рӯзи “Асои сафед” ҷашн гирифта мешавад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини шароити мусоиди кору зиндагии ин қишри ниёзманди дар солимгардонӣ, таъмин бо ҷойи кор, маълумот, омодагии касбӣ, фароҳамсозии муҳити хуби фароғатӣ ва дастгирии моддиву маънавии онҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд, ки “Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”, таъкид намуд Салима Раҷабзода.

Асои сафедСипас Салима Раҷабзода аз тавоноиҳои ашхоси имконияташон маҳдуд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ шуғл меварзанд, аз фаъолияти пурсамар онҳо дар ташкилоту корхонаҳо, саҳми фаъолонаашон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, хидматҳои софдилонаашон ба манфиати халқу Ватан ёдовар шуд.

Асои сафедДар ин маҳфил зикр гардид, ки Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муассисаи бонуфузи фарҳангии ҷумҳурӣ бо доштани махзани гаронмояи адабиёти илмӣ-соҳавӣ ва бадеиву тарбиявӣ ҳамарӯза ба муштариёни зиёд, ки аксари онҳоро донишҷӯёну мактаббачагон ташкил медиҳанд, хидмат мерасонад. Ҳамчунин чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ доир намуда, дар самти таҳкими ғояҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, ҳувийяти миллӣ ва эҷоди ҷомеаи мутамаддин дар кишвари азизамон саҳм мегузорад. Бо ташаббуси Пешвои миллат дар сохтори Китобхона аз соли таъсисёбияш (2012) шуъбаи махсуси хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд фаъолият менамояд. Сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, ғамхории падарона ва таъкидҳои пайвастаи эшон ҷиҳати дастгирии ҳаматарафаи ин қишри ҷомеа меҳвари асосии фаъолияти моро дар ин самт ташкил медиҳад.

Асои сафедСарпарастони маҳфили имрӯзи шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд Назокат Ашӯрова, Оламбӣ Ашӯрова ва муовини раиси Шӯрои Бонувони Тоҷикистон Саодат Набиева буданд.

Назокат Ашӯрова ва Оламбӣ Ашӯрова бо туҳфаҳои хотиравӣ хотири ашхоси дорои нуқсонҳои ҷисмониро шод намуданд. Саодат Набиева ба нобиноён ва маълулони дигар дастархони идона орост.

Муовини сарвари Китобхонаи миллӣ ба сарпаарстони доимии шуъба ба нишони эҳтиром ба Назокат Ашурова, Оламбӣ Ашурова ва Саодат Набиева туҳфаҳои зебо баҳри ҳамкориҳои судмандашон бо ин шуъба эҳдо намуд.

Асои сафедДар маҳфил таъкид гардид, ки шуъба бо ташкилоту ҷамъиятҳои гуногун, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият», Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, Гурўҳи ҷавонони «Авангард», Бошандагони маркази минтақавии хизматрасонӣ ба нафақахўрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон, Ташкилоти «Пешрафт», Маҳфили волонтёрони “Эко+”, Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории амиқ ба роҳ монда, масъулин мунтазам баҳри такмили фаъолияти шуъба ва муосиркунонии раванди хизматрасонӣ саъю талош менамоянд.

Маҳфил аз қисмати фарҳангӣ иборат буд ва овозхонони саршиноси кишвар инчунин хонандагони шуъбаи зикршуда бо сурудҳои шӯху саҳнаҳои зебо онро рангу бӯи дигар бахшианд.

Дар поёни нишаст  сарпарастон ба шахсони имконияташон маҳдуд туҳфаҳо тақдим карданд.

Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ низ ба сарпарастон барои ин маҳфили хотирмон ва фароҳам овардани як фурсати хубе, ки қалбҳоро аз фараҳу шодӣ лабрез кард, изҳори сипосу қадрдонӣ намуд.

Раҳима Аъзам