Ташрифи беш аз 100 нафар аз Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз 112 нафар хонандагону омӯзгорон ва директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе ба Китобхонаимиллӣ  ташриф оварданд.

Тавре Иброҳим Иброҳимов – муовини директори литсейи номбаршуда зимни суҳбат ба мо гуфт,мақсад аз боздиди онҳо аз ин кохи маърифат ошноӣ пайдо намудани бачаҳо бо китоб, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар интихоби китоб ва пайдо намудани маълумот доир ба китобхонаҳои пойтахт аст.

– Дар муассисаи мо ин кор ба ҳукми анъана даромада аст. Ҳар сол мо толибилмонро ба Китобхонаи миллӣ меорем, то аз наздик бо китобҳо дӯст шаванд, меҳр бибанданд ва аҳли мутолиа шаванд. Ин талабагон аз синфи 2 боло ҳастанд. Соли гузашта низ мо шогирдонамонро бо роҳбарии устодони литсей оварда будем.

Қарор додем, ки ба Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ низ биравем. Барои ҷалби бештари хонандагонамон ҳамокрии хуб бо нашриётҳо, бавижа нашриёти давлатии “Адиб” ба роҳ мондаем. Мо дар ҳамкорӣ бо Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони нашриётҳоро ба муассиса даъват намуда, намоиши китобҳоро баргузор менамоем.

Директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе Асҳобиддини Шералӣ низ бо 2 муовинаш шуъбаҳои Китобхонаи миллиро тамошо намуд.

Нахуст намояндагони ин литсей шуъаби адабиёти кӯдакон ва наврасонро тамошо карда, аз навгониҳои китобҳо ва таҷҳизоти он бохабар шуданд. Ҳамзамон доир ба маҳфилҳое, ки шуъбаи номбурда баргузор менамояд, огоҳии бештар дарёфт намуданд. Хатсайри баъдии ин шогирдон шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконоташон маҳдуд буд. Аз дидани муссавараи таърихиву арзишманд ва ифтихорофари Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзодаи Шариф, ки овозаи Китобхонаи миллиро ба дуриҳо бурдааст, дар ҳайрат монданд.

Роҳбаладон, ки дар оғоз доир ба таърихи китобхона ба наврасон хабар доданд, дар идома низ доир ба ҳар шуъбаву сохтори китобхона ба кӯдакон иттилои заруриро мерасонданд.

Таасуроти онҳо аз дидани толорҳои озодаву барҳавои Китобхонаи миллӣ як олам арзиш дорад.

Масъулони Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе зикр намуданд, ки шогирдонашонро ташвиқ хоҳанд кард, ки аъзои Китобхона шаванд ва аз шароити хубе, ки ҳоло диданд, баҳра баранд.

Умед мебандем, ки мисли ин муассиса садҳо сохтору муассисаҳои дигари кишвар ба дидани кони илму дониш-Китобхонаи миллӣ мешитобанд ва хазинаи илму донишашонро аз мутолиаи китобҳои бебаҳои ин боргоҳ ғанитар мегардонанд.

Сафи китобхонҳову меҳмонони Китобхонаи миллӣ мудом зиёд гардад!

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита о ҷомеа.