Баҳс атрофи ҳикояи “Зӯр”- и Сироҷиддин Икромӣ дар маҳфили “Фурӯғ”

Мавзуи имрӯзи барномаи “Фурӯғ”-и шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамкории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” баргузор мешавад, ҳикояи “Зӯр”-и нависанда Сироҷиддин Икромӣ буд.

Дар барнома хонандагони синфҳои 3-11 ширкати фаъол доштанд ва қисме аз ин шогирдон аз минтақаҳои дурдаст, бивижа ноҳияи Рӯшон маҳз барои ширкат дар маҳфили“Фурӯғ” ташриф оварданд.

Хонандагони мактабҳои гуногуни кишвар аз ноҳияи Ёвон, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Ҳисор, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри  Кӯлоб ва пойтахт барои таҳкими дониш ва малакаи суханварӣ дар маҳфили “Фурӯғ”-и дар  Китобхонаи миллӣ ширкат варзиданд.

Тилло ва Шоҳтемур Худододовҳо, ки аз ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал ба Китобхонаи миллӣ омаданд, ширкатдорони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошанд ва аз нарасидани китобҳо дар мактаб ва ноҳияашон суҳбат намуданд.

Тилло Худододов хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи рақами 34 дар бахши адабиёти кӯдакон дар озмун қувваозмоӣ мекунад ва ҳадафи ширкаташ дар барномаи “Фурӯғ” такмили донишу маҳорат аст. Вай гуфт, ки ҳама китобҳое, ки барои мутолиаи онҳо ҷиҳати ширкат дар озмун зарур аст, дар мактабамон вуҷуд надорад. Интернет ҳам дар деҳаи мо мавҷуд нест, компютер низ надоштем,-афзуд ҳамсуҳбатамон, вале падарам, ки омӯзгор аст, барои ман шароит муҳайё намуд ва копютер харид, то ақалан китобҳои электрониро хонда, ба сабқати ҷумҳуриявӣ омодагии хуб бубинам, таъкид намуд ин наврас.

Барандаи барномаи “Фурӯғ” нависандаи маъруфи кӯдакон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ Азизи Азиз бо бачаҳо атрофи ҳикояи “Зӯр” суҳбат намуда, аввал далели дар нохунак омадани номи ҳикоя “Зур”-ро пурсид ва аз бачаҳо хост, ки онро шарҳ бидиҳанд.

Ҳамин тавр ширкатдорони маҳфил доир ба ҳикояи мавриди назар андешаву таасуроташонро баён намуданд. Ва ба суолҳои эҳтимолии ҳаками озмун Азизи Азиз посухҳои муҳкам ва боэътимод доданд.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.