Рӯ ба илм: ДАРАНДАҲО
Дарандаҳо (Carnivora), қатори ширхўрон. Дарандаҳо 250 намуд ва 7 оиларо дар мегиранд. Дар Тоҷикистон 20 намуд дарандаҳо (аз оилаи савсорҳо – 8 , гурбашаклҳо – 6, сагҳо – 4 намуд ва хирсу кафтор – 1- намудӣ) вомехўранд. Дарозии баданашон аз 13 см (миримушон) то 3 м (хирс), вазнашон аз 30 г то 4 т (морж).
Дарандаҳо аз дигар ҷонварон вобаста ба шакл, хусусиятҳои биологӣ, ҳаракат тарзи ҳаёт фарқ мекунанд. Умумияти хоссаи дарандаҳо дар тарзи пайдо намудани хўрок (сайди зинда) ва мавҷудияти дандонҳои пурқуввати тез ва баъзан кунд мебошад. Дар бисёр Дарандаҳо дандонҳои чоруми назди курсии боло ва дандонҳои якуми курсии поин муқобили ҳам ҷойгир шудаанд. Онҳо нисбат ба дандонҳои дигар калонтар буда, барои кандани гўшт ва хоидани устухон мувофиқанд. Дандонҳои хирс зич ҷой гирифтаанд.
Косахонаи сари данрандаҳо гуногуншакл аст, масъалан, косахонаи сари гурба гирд мебошад. Дусту пои дарандаҳо аз 4–5 ангушт иборат буда, чанголи тез дорад. Думи баъзе дарандаҳо дарози серпашм аст; думи дарандаҳои дигар хеле кўтоҳ буда, дар зери пашмҳои дароз наменамояд. Гўшҳои дарандаҳо калони тез (рўбоҳ, корсак ва ғайраҳо), кўтоҳи гирдашакл (гурба) ё тамоман ноаён (калон) мебошад.
Мўинаи дарандаҳо дароз, кўтоҳ, дурушт ва зич, бисёр вақт ду ва серангаи хол-хол буда, рах доранд. Дар минтақаҳои шимолӣ мўинаи баъзе дарандаҳо ҷонварони гўштхўр (ғизояшон ҳайвоноти дигар аст), баъзан ҳамахўр ё рустанихўр мебошанд.
Дарандаҳо аз ҳашаротхўрҳои сода пайдо шудаанд. Онҳо ба ҳама шароити зист мутобиқ гаштаанд. Дарандаҳо аз ноҳияҳои тропикӣ то Арктика дучор меоянд (фақат дар Австралия як намуди дарандаҳо – динго мавҷуд аст).
Дарандаҳо бештар дар рўи замин зиндагӣ мекунанд. Баъзе аз онҳо обхокӣ буда, гурўҳи дигар барои зиндагӣ дар болои дарахтон мутобиқ гаштаанд. Бачаҳои дарандаҳо нобино ва заиф таваллуд мешаванд. Дарандаҳо бегоҳӣ ва шабона фаъоланд.
Дарандаҳо узвҳои шомма, сомае ва босираи нағз инкишофёфта доранд ва байни ҳамдигар тариқи бўйгузорӣ (бўйнишона), садоҳои махсус ва имову ишора муносибат мекунанд. Дарандаҳо ҳайвоноти ҳушёр ва зирак мебошанд. Мағзи сари онҳо аз ҷўяку чинҳо иборат аст. Бисёр дарандаҳо зуд ром ва дастомўз мешаванд.
Тибқи маълумоти ҳафриётӣ дарандаҳои аввалин креодонтҳо буданд. Қатори дарандаҳо, маъмулан, ба ду зерқатор – Arctjidea ва AeIuroidea ҷудо карда мешавад. Ба зерқатори аввал оилаи сагҳо, хирсҳо, енот ва савсорҳо мансубанд. Зерқатори дигарӣ оилаи виверраҳо, кафторҳо ва гурбашаклҳоро муттаҳид месозад.
Саршумори баъзе ҳайвоноти даранда дар Тоҷикистон дар даҳсолаи охир хеле кам шудааст. Таъсири номатлуби инсон ба табиат ва бераҳмона нест кардани ҳайвоноти ваҳшӣ боиси нест шудани бабрӣ тўронӣ гашт. Аскари дарандаҳо ҷонварони манфиатнок мебошанд. Онҳо ҳайвоноти бемору камқувват ва ҳояндаҳои зараррасонро нест мекунанд. Мўинаи бисёр дарандаҳо пурбаҳост.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017. – С. 273 – 275.
Таҳияи Раҳмонова М.
Корманди Шуъбаи библиографияи миллӣ.