Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ

Шуъбаи автоматикунониШуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣиттилоотӣ моҳи апрели соли 2012 таъсис ёфта, бо воситаҳои муосири технологияи иттилоотии раванди китобдорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шуъба ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҷустуҷў ва дастрасии муштариён ба маҷмўи иттилооти китобдорӣ машғул буда, барномаҳои иттилоотии амалкунандаро таъмин менамояд ва истифодаба­ран­дагонро бо шабакаи ИНТЕРНЕТ мепайвандад.

  • Шуъба дар панҷ самт фаъолият мекунад (барномасозӣ, техникӣ ва техологияи иттилоотӣ, нусхабардорӣ, бақайдгирии хонандагон ва хидматрасонии истифодабарандагон дар толори электронӣ).
  • Баланд бардоштани сифати хадамоти китобдорӣ ба истифодаба­ран­да­гон тавассути ҷорӣ кардани технологияи муосири иттилоотӣ.
  • Таъмини фаъолияти самараноки низоми автоматикунонидашудаи китоб­­до­рӣ-иттилоотии (минбаъд НАКИ) ва ҷойҳои кории автоматикардашудаи (минбаъд ҶКА), «Мукаммалгардонӣ», «Маъму­рият», «Истифода­барандагон», «Ки­тоб­диҳӣ», «Феҳрист­ни­гор» ва ғайра.
  • Таъмини ғунҷоиши оқилонаи нигоҳдории иттилоотӣ, идораи мар­кази ҳисоб­ба­рорӣ ва коркарди иттилоот;
  • Такмили донишу малакаҳои компютерии кормандони Китобхона ва ҷалби он­ҳо барои кор дар барномаи «ALЕPH» ва дигар системаҳои итти­ло­отии амал­кунанда.
  • Вусъати ҳамкориҳо бо китобхонаҳо, муассисаҳои илмӣ – техникӣ, итти­ло­отӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ҷорӣ намудани техно­логияи муосири итти­ло­отӣ.
  • Бартараф намудани норасоиҳои кори варианти нави «ALЕPH» бо низоми амалкунандаи он;
  • Ташкил намудани сомонаи махсуси Китобхона ва мукаммал кардани он бо ма­во­ди тоза;
  • Ташкили пойгоҳи ягонаи маълумот (бойгонии) барои маводи электронии Китобхона;
  • Вусъати нусхабардории фонди умумии Китобхонаи миллӣ (аз ҷумла, нусхабардории китобҳои фарсуда, зиёд дархостшаванда, як нусха ва камшумор)
  • Таъмини почтаи электронии кормандони китобхонаи миллӣ;
  • Ташкили хидматрасонии пулакӣ барои исти­фода­барандагони Китобхона (нусхабардорӣ);
  • Ташкили веббарномаи китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон;
  • Расонидани ёрии амалию методӣ ба дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои татбиқ, истифодабарии НАИК «ALЕPH» ва дигар барномаҳои соҳавӣ;
  • Баргузории чорабиниҳо оид ба боло бурдани сатҳи дониши кормандони Китобхона;
  • Иштирок дар бунёди пойгоҳҳои маълумотии низомҳои автоматикунонидашудаи китобдорӣ-иттилоотии кишвар.
  • Таҳияи барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои гуногун оид ба дурнамои рушди автоматикунонии равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ.

Сардори шуъба: Бобохонов Якубҷон

Тел: +992372210620
Email: info@kmt.tj