Табиатшиносӣ. Кафтор

КафторМатлаби зер бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” нашр мешавад.

КАФТОР (Hyaena), парвона, сиёҳгўш, сияҳгўш, мурдахўр, гўршикоф, гургмонак, дулта, забуъ, ҷонварест даранда. Бино ба таснифоти ҳайвонот ба оилаи кафториҳо (Hyaenidae) мансуб аст.

Дар Тоҷикистон танҳо Кафтори роҳ-роҳ (Hyaena hyaena) дучор меояд. Кафтор тана ва думи кўтоҳ, гардани ғафс, сари калон, гўшҳои дароз (то 13 см), пойҳои нисбатан борику заиф (пойҳои пеш назар ба пойҳои қафо дарозтар), пашми дурушти хокистарранг ё сиёҳтоби роҳ-роҳ ё хол-хол дорад.

Ҷонвари шабгард аст. Бештар лошаҳои калон, баъзан сангпуштҳои даштӣ, малах, меваи санҷид, кавар ва баргу пояи рустаниҳои хўшадорро мехўрад.

Кафтор дар 3-4 солагӣ болиғ мешавад. Мавсими ҷуфтшавиаш – ноябр – феврал. Давраии ҳамлаш беш аз 3 моҳ идома меёбад. Кафтори модина 1–4 (бештар 3) бачаи нобино мезояд.

Кафтор дар Тоҷикистон камшумор аст. Дар гузашта дар қисмҳои Ҷанубу Ғарбӣ ва Шимолии ҷумҳурӣ хеле зиёд ба мушоҳида мерасид. Соли 1950 дар туғайзори соҳили дарёи Вахш лонаи Кафторрро бо 4 баччааш ёфтанд. Ҳоло Кафтор дар водии дарёҳои Кофарниҳон, Ёхсу ва Сурхоб комилан нест шудааст.

Кафтор дар баландиҳои 300-900 (гоҳо 1200) метр аз соҳили баҳр зиндагӣ мекунад. Дар буттаву туғайзори анбўҳи соҳили дарёҳо сукунат дорад. Бештар доманакўҳҳои набототашон биёбонӣ ва нимбиёбонӣ, инчунин дараҳои кўҳсорро меписанданд. Дар бораи саршумори воқеии Кафтор дар ҷумҳурӣ маълумоти аниқ нест.

Сабабҳои асосии ба ҳадди нестӣ расидани Кафтор дар Тоҷикистон корам намудани маҳалли зист, хосса туғайзоррҳо норасоии ғизо, шикори ғайриқонунӣ ва амсоли онҳо мебошанд.

Кафтор дар шароити сунъӣ низ афзоиш меёбад. Кафтор ба рўйхатти сурхи Иттифоқи байналмилалии ҳифзӣ табиат ва замимаи 3-и Конвенсия «Дар бораи савдои байналмилалии намудҳои флора ва фаунаи ваҳшӣ, ки зери хатари нестӣ қарор доранд» (CITES) дохил карда шудааст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 661.
Муаллиф: Навид. М.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова.
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.