Зан такондиҳандаи ҷомеа!

 

 

ЗАН, чароғи пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст.

 

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рўзгори беҳтаре ҳаст

Агарчи аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

 

Зан, Модар ноёбтарин гавҳари олам, манбаи муҳаббати беинтиҳо, ҳимматбаландтарин шахси насли башар аст. Ба туфайли меҳри бепоён ва меҳрубониву навозишҳои гарми дастони модар мо фалсафаи ҳастиро дарк кардем ва шинохтем оламу одамро. Занону бонувон бо неруи фитрии созанда ва отифии худ зиннатбахши рўзу рўзгори башарият буда, ҳеч самтеро аз ҳаёту рўзгори инсонӣ бидуни мавқеи устувори занону бонувон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Махсусан, дар ҷомеаи мутамаддини мо – тоҷикон ин неруи инсонсоз мақому манзалати шоиста дошта, дар ҳар бахши фаъолият ҳузури густурдаву фаъол доранд. Сабру таҳаммули Модар танҳо ба худаш хос буда, дигареро имкони баромадан аз уҳдааш намедиҳад. Мо дар оғӯши модар бо хаёлу орзуҳои рангини кӯдакӣ ба камол мерасему аз Ӯ сабақи самимияту одамгарӣ меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини зиндагии мост. Инсон баъди раҳоӣ аз оғӯши гарми модар муҳаббати ӯро хубтару бештар эҳсос мекунад. Зеро баҳри фарзанд мисли канори модар ҷаннатосо макони дигаре нест. Модар дар ҳама замону ҳолат пайваста ба ёди фарзанд аст. Оромиву хушгуфтории фарзандро дида, аз шодӣ ҷои нишаст намеёбад.

Воқеан ҳам зани тоҷик бо хислати таҳаммулпазирӣ, иффату порсоӣ, садоқату меҳрубонӣ, созандагиву заҳмати софдилона ҳамчу зан-модар худро дар ҷомеа муаррифӣ намудааст. Имрӯзҳо бонувон, дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ кору фаъолият намуда, барои пешрафту пешбурди кишвари маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо мақому мартабаи занон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле баланд гардидааст.  Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: Ҷомеа замоне ба авҷи камол мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад.

Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон-сарвари дурандешу ғамхори миллати тоҷик дар  самти баргузории барномаҳои давлатӣ, оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа барои занони тоҷик дастгирии беандоза зоҳир мекунанд. Қайд намудан бамаврид аст, ки зан дар оила соҳиби мақому мавқеи намоён аст. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми баланди занон дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат муҳим арзёбӣ карданд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъолтар бошанд.

Зиндагӣ зебост, аммо зеби ин дунё зан аст,
Машъали оинадору шамъи маҳфилҳо зан аст.

 

Нусратуллозода Идигул,

Муовини сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ.