Китоби нав. Муҳаммад Ғоиб: “Хандаи талх”
Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик китоби нав Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоибро бо номи “Хандаи талх” ба теъдоди 1000 нусха аз чоп баровард.
Китоби «Хандаи талх»-и Муҳаммад Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатӣ, ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмиллалии ба номи Чингиз Айтматов аз ғазалиёту рубоиёт ва дубайтиҳову драмаҳои манзум мураттаб гардида, хонандаи соҳибзавқро ба сайри олами рангини эҷод мебарад.
Маънию бозёфтҳои шоир, ки ба тасвири лаҳзаҳои ғаму шодӣ, фироқу васл, барору нобарӣ ва ба ҳамин монад либоси ҳусн бахшида, аз он башорат медиҳанд, ки мухотабаш аз мағзи вуҷуди оҳани мақсуд фӯлод мебарорад.
Ин шеър аз ҳамин китоб:
Об гашта, табъравшан шишаҳоро мекунам,
Поктар ойинаи андешаҳоро мекунам.
Майли сарсабзӣ, ки дорам, то расам бар мақсадам,
Арраҳоро кунду бедам тешаҳоро мекунам.
То бигирам пеши роҳи бодҳо, борон шавам,
Аз хатарҳо ҳифз боғу бешаҳоро мекунам.
Бар аду ғолиб намегардад ба танҳоӣ касе,
Ҷамъмтар бар лашкарам ҳампешаҳоро мекунам.
Баҳри чӣ аз домани хокам бидорам сахттар?
Чун дарахти пир фикри решаҳоро мекунам.
Хонандагони азиз метавонанд “Хандаи талх”-и Муҳаммад Ғоибро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарҳод Салим, мутахассиси пешбари шуъбаи мукаммалгардонии фонд.