Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома) 28
Нўфарн рўзи дигар ба Искиҷкат баргашт. Вай таҳдиди худро фаромўш накарда буд. Дар сарои пеши саисхона ба саисҳо ва дигар хизматгоронаш фармуд, ки Вирканро либос аз танаш баркананд, ба сутун банданд ва бизананд. Онҳо рафиқони Виркан буданд, аммо аз фармони хоҷа чора набуд, шаш нафар хоҳам- нахоҳам ба сўи ў қадам заданд.
Ҳарчанд имою ишораҳояшон ба Виркан ин маъниро мефаҳмонд, ки «Ҳеҷ гап не, ба мо таслим шав, мо ҳамин тавр ба намуд чўб мефурорему сахт намезанем», лекин паҳлавон сутунбанд шуданро ба худ ор медонист. Ў якеро лагаде заду ғалтонд, саиси дуввум ҳам аз зарбаи мушти ў замингир шуд. Бо вуҷуди ин онҳо аз ваҷоҳати хоҷа ваҳмида ба Виркан ҳамлаовар шуданд. Виркан дастколаро бардошта ниҳеб кард:
– Ҳар кадомат аз ҷонат сер шуда бошӣ, наздик биё!
Ниҳебаш ҷиддӣ буд, бо Виркан «ҳазл карда намешуд», онҳо инро медонистанд. Оне, ки аз зарби мушт замингир шуда буд, базўр хеста ба пои Нўфарн ғалтид, дигарон низ ҳамчунин карданд ва гириста ба зорӣ даромаданд:
– Хоки поятон мешавем, хоҷа, ба мо раҳм кунед, вай моро мекушад: ба ҷои вай моро занонед.
– Тарсуҳои нобакор!- ба сари онҳо дод зад Нўфарн.- Шаш кас аз як кас тарсидед! Дар вуҷудатон як зарра мардӣ нест, ҷомаи занон пўшед!
Вай дар ҳолати ночории ғазаболуд истод- истоду баъд сўи Виркан:
– Ҳоло биист, ман адаби туро дигаргун хоҳам дод!- гўён ба аломати азму ҷазм ришашро қабза карду аз сарой бадар рафт.
Ба нокомӣ анҷомидани додхоҳии назди бозаргонон Вирканро сахт маъюс карда бошад ҳам, вай ба худ қарор дода буд, ки дертар, ғазаби хоҷа пасанда, ки шуд, аз вай барои рафтан ба Самарқанд иҷозат мепурсад, аммо акнун баъди воқеаи саисхона дари чунин хоҳишро ҳам аз ҳар тараф баста медид.
Аз мобайн як ҳафта гузашт, хоҷа ба Виркан кордор нашуд,- шояд дар байни шуғлҳои худ ба Виркан «дигаргуна адаб додан»-ро фаромўш карда ё ки ба ин кор фурсат наёфта буд.
Виркан бошад кўшиш мекард, ки ба чашми хоҷа камтар намудор шавад.
Рўзе аз рўзҳо ба ҳавлии берунии Нўфарн пирамарде ворид шуд. Дар танаш чакмани сурхи фарсудаву дарида, дар пояш мўкии кўҳна, вай хастаҳол менамуд. Виркан падарашро базўр шинохт. Падару писар якдигарро оғўш карда гиристанд.
– Падарҷонам, худат омадӣ. Мебоист ман ба дидани ту мерафтам, лекин чӣ кунам, ки хоҷа рухсатам намедиҳад, охир ман асирам, падарҷон. Наниро, набераатро мебинӣ? Онҳо сиҳат саломатанд?
– Шукр, писарам, ҳар ду саломатанд, ба ту дуруди пазмонию муштоқӣ мефиристанд. Ҳамдеҳаи мо бо ту дар бозори Бухоро вохўрда будааст, ба ман хабари туро овард, ман пагоҳии дигар баромада ба ин сў равон шудам.
Бечора падарам, писари бехирадат ба сари ту ҳамин қадар ғаму кулфат овард. Лаънат ба рўзе, ки хаёли паҳлавонӣ кардам, панди туро нагирифтам, сухани Наниро гўш накардам ва ба ин асорати нангин афтодам. Ту гуноҳи маро бахшидӣ ё не, падарҷон?
– Бахшидам, писарам. Охир, ҷавон будӣ, ҳанўз рўзгорнодида, неку бад наёзмуда будӣ. Ман ҳам дар синни ту дар сарам чи савдоҳое, дар дилам чи ҳавою ҳавасҳое ки надоштам. Лекин навмед машав, дилшикаста машав, писарам. Ҳар як роҳро поёне, ҳар шаберо саҳаре ҳаст, бошад, ки асирии ту ҳам ба поён ояд. Аз омадани ман мақсад танҳо дидор нест, мақсадам озодии туст.
– Ту мехоҳӣ маро озод кунӣ? – бо ҳайрату ҳаяҷон пурсид Виркан.
– Оре, – гуфт Ревахшиён,- бо ҳамин ният омадам. Дар хона ҳар чӣ фурўхтанӣ буд фурўхтам, ба вағн назр кардам, аз мағупати бузург дуо гирифтам.
– Падарҷон!
– Баҳои туро овардам, ба хоҷаат медиҳам, шояд ба озод кардани ту розӣ шавад.
– Чорсад дирам?
– Оре.
– Аз куҷо ёфтӣ, падар?
Ревахшиён пул овардани паҳлавони Суғдро нақл кард, гуфт: «Ёдхишетак одами покдил аст, хайрхоҳи туст». Ревахшиён бо умеде, ки шояд рўзе писарашро харида гирифтан муяссар шавад, ба мўҳтоҷию маҳрумиҳои сахт тоқат карда, он пулро сарф накарда ду сол боз нигоҳ дошта омада буд.
Виркан дар ҳоле, ки боз ба чашмонаш об омада буд, ду дасти пирамардро гирифта бўсид:
– Падарҷонам, дили ту бошишгоҳи худоён аст, чашмаи меҳру сафост. Агар дуямон ба умедамон расему ман озод шавам, дар дунё ба ту бандавор хизмат мекунам.
– Озодии ту барои ман саодати ҳар ду дунёст, дигар ба ман ҳеҷ чиз даркор нест. Агар озодии туро надида бимирам, саодати он дунё ҳам ба ман даркор нест: ман дар дами ҷон канданам аз худоҳо, аз Зардушт рў мегардонам ва муртади дўзахӣ мемирам.
– Ин тавр магў, падар.
– Модом ки худоҳо ба подоши ибодати шастсолаам ба ман асорати писари ягонаамро медода бошанд, аз онҳо даргузаштанам равост.
Ревахшиён аз ҳисси хорӣ лабонаш меларзиданд, дар кунҷи чашмони хастаи камнураш ду қатра ашк ҳалқа зад. Виркан ба ҳоли падараш он қадар дилаш сўхт, ки мехост дод гўяд, фарёд кашад, сарашро ба дару девор занад, зеро барои ба ин ҳол расидани пирамард худашро гунаҳкор медонист.
Вай падарашро дар бошишгоҳи худ ҷой дод.
Нўфарн ба куҷое рафта буд, бегоҳирўзӣ баргашт.
Виркан ва хизматгорони дигар дар дами дарвозаи кўшк аз вай истиқбол карданд ва ёрӣ дода ўро аз асп фуроварданд.
Ревахшиён дар як канор ду даст ба пеш гирифта истода буд.
Виркан ба хоҷа ўро нишон дода:
– Падарам ба хизмат омадаанд,- гуфт.
Ревахшиён ба Нўфарн таъзим кард. Хоҷа истода бо қароҳат сўи ў нигарист ва тааҷҷубомез пурсид:
– Ба хизмат?
– Оре, хоҷа арзи бандагӣ дорам,- гуфт Ревахшиён.
– Чӣ арз?- Нўфарн ду даст бар пушт ва чашмонашро нимпўш кард,ки одатан арзи аҳли ҳоҷатро дар ҳамин ҳолат мешунид.
– Зиндагониат дароз бод, хоҷа,- ба арзи муддао шурўъ кард Ревахшиён,- ба карами ту умедвор омадам. Д усол нахўрдам, напўшидам, бо сад риёзату машаққат чорсад дирам баҳои писарамро андўхтам ва ба ту овардам. Пири нотавонам, бекасам, ба ман раҳм кун, хоҷа, ба аёлу кўдаки ин ҷавон раҳм кун, ки аз ин зиндаҷудоӣ дилрешанд, ятим, бепаноҳ, бесару сомон мондаанд. Сарнавишти шум буд ё наҳси рўзгор, ки писари озодам асир афтод. Ту бо караму ҳиммати худ аз марг наҷоташ додӣ, бар ман ва ў миннати беҳад ниҳодӣ, мо туро дар ду дунё сипосгузорем. Акнун чӣ мешавад, ки бо ҳамон караму ҳиммат ба вай озодӣ бахшӣ. Фарзанди ягонаамро ба ман боз бидеҳ, хоҷа,- Ревахшиён дар ин ҷо худро бохт, донаҳои ашки шўр ба ришаш шориданд,- асои пириамро бозбидеҳ, ба беваи ҷавони шўрбахт ва кўдаки ятим шавҳару падарашонро боз бидеҳ. Худоён давлататро даҳчанду садчанд зиёда кунанд, ба раҳму шафқати ту умедвор омадам. Аз ман ин пасандози бечорагиамро бигиру Вирканамро раҳо кун, хоҷаи азиз.
Нўфарн ҳамоно ду даст бар пушт фурсате ба замин нигоҳ карда хомўш истод, ғуломон ва хизматгоронаш ба вай чашм дўхта буданд, гўё ба забони нигоҳ илтиҷо мекарданд, ки: рад накун! Розӣ шав!
Ниҳоят хоҷа сар боло карда ба гуфтор омад:
– Хуб, ман розиам, писаратро озод мекунам, аммо…- Нўфарн суханашро қатъ карда ба ҳозирон нигарист ва табассуми шодии дар чеҳраи Ревахшиён, Виркан ва хизматгорон барқзадро дида дудил гашт: шарти озодии ғуломро ҳозир гўям ё баъд? Қарор дод, ки ҳозир гўяду монад. «Савдо савдост, ман чаро дар фикри суд набошам ва зиёни худ хоҳам?- ба дил гузаронд ў ва гуфт:- Аммо ту он чорсад дирамро, ки писарат ба он харида шуда буд, қарз бишмор ва писаратро гарави қарз. Лекин ман ба касе ҳасана намедиҳам. Ба фоидаи ҳармоҳа се дар сад то панҷ дар сад медиҳам. Аз ту фоидаи ақал, яъне се дар сад мегирам. Чаро? Чунки агар он пул ба дастам мебуд, ман бо вай тиҷорат мекардам, чорсад дирам дар ин муддат чор ҳазор дирам мешуд. Ту пули маро бо фоидааш бидеҳ ва гараватро, ки писарат бошад, аз ман биситон. Сухан тамом.
Нўфарн инро гуфта ба дарвоза даромаду рафт.
29
Вай бовар дошт, ки пирамард чорсад дирамро бо фоидаи беш аз дусолааш дода наметавонаду аз талабаш дармегузарад.
Ревахшиёни дармондаву ҳайрон бо ду даст миёнашро гирифта ба суфаи паҳлўи дарвоза фурў нишаст ва пушт ба девор дода чашмонашро пўшид. Вай дар ин лаҳза ба каси якбора дардгирифтае монандӣ дошт. Виркан дар паҳлўи ў ҷой гирифт. Ҳар ду хомўш, ғарқи хаёлоти андўҳбори худ буданд. Хизматгорони хоҷа ҳар яке аз паси кори худ рафтанд.
Фурсате ба хомўшӣ гузашт, падару писар гўё маҷоли сухан гуфтан надоштанд. Сипас Виркан бархоста даст дар бағали Ревахшиён кард ва:
– Биё, падар, ба ҳуҷра меравем,- гўён ўро гирифта бурд. Вай кунҷаки каҳдонро, ки ҷои хобаш буд, ҳуҷра номид. Он кунҷакро вай аз коҳ холӣ карда аз бўрё тавора кашида буд. Порае намад, пўстаки буз, обдастаи сафолин ва як косаи чўбин анҷоми «ҳуҷра»-ро ташкил мекарданд. Ғуломон ва хизматгорни дигар ҳам дар анборҳо, ҳезумхонаҳо ва ҳатто оғилҳо барои худашон ҳамин гуна «Ҳуҷраҳо» сохта дукасӣ- секасӣ ҷойгир шуда буданд.
Падару писари ғамзада шаб ҳама шаб дар кунҷаки тори лаҳадмонанди каҳдон фоидаи се дар сади «қарз»- ашонро ҳисоб мекарданд. Дар бисту панҷ моҳу нуздаҳ рўзи гузашта фоидаи қарз сесаду чанд дирам баромад, ки бо иловаи тани қарз ҳафтсаду чанд мешуд. Ин миқдори пулро Ревахшиёну Виркан дар умрашон ҳаргиз ба даст надоштанд.
Ревахшиён зуд ба Самарқанд ба деҳаи худ баргаштанӣ шуд.
– Заминро мефурўшам,- гуфт ў.-Ба иҷора дода будам, ба худи иҷорадор мефурўшам, ў дер боз онро харидорӣ мекунад. Ним ҷуфт замин ақаллан ба сесад- сесаду панҷоҳ дирам меравад.
Пирамард шитоб мекард, зеро ҳар як рўзи таъхираш ба қарз меафзуд.
Вай рафт ва баъди ду ҳафта боз дар Искиҷкат ҳозир гардид. Заминашро фурўхта сесаду шаст дирам ба даст оварда буд. Дар сурате,ки ў Вирканро аз ғуломӣ озод мекард, аз даст рафтани замин чи аҳамияте дошт? Падар тайёр буд, ки озодии писарашро ба ҷон бихарад.
Нўфарн ночор Вирканро раҳо кард.
Падару писар ба Ревдоди Самарқанд баргаштанд.
Виркан аз дари ҳавлӣ даромада хўрҷинро аз китфаш афканду нанишаста ба манзили Наниманча шитофт.
Зан шавҳари баногоҳ аз дар намудоршудаашро дида, бехудона ба сўяш тохт, вале ба вай нарасида яке истод, калавид, афтиданӣ буд, Виркан давон рафту ўро дар бағал гирифта аз ғалтидан нигоҳ дошт. Зан нимбеҳуш буд, ҳам Виркан ва ҳам модари Наниманча тарсиданд: мабодо ки шодимарг шавад. Ўро саросема ба рўяш об пошида ба ҳуш оварданд.
– Агарчи мемурдам ҳам, беормон мерафтам, чунки туро дидам, Виркан, озод дидам,- мегуфт ў ба шавҳараш,- зиндаю саломат дидам, ба муродам расидам.
Виркан Шеркавичи дусоларо ба синааш пахш карда дасту почакҳояшро мебўсиду мегирист…
(Идома дорад)
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.