Катрмер Этенн Марк: Шарқшиноси фаронсавие, ки “Муқаддима”-и Ибни Халдунро дар Аврупо нашр кард

Этьенн-Марк Катрмер
Катрмер Этенн Марк 12 июли  соли 1782 дар Порис таваллуд шуда, 19 сентябри соли 1857 дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Шарқшинос, муаррих, забоншинос ва адабиётшиноси фаронсавӣ. Профессори адабиёти юнонии Донишгоҳи ш. Руан (аз 1809), узви Академияи катибашиносӣ (аз 1815), профессори забонҳои сомии Коллеҷ де Франс (аз 1819) ва  ва забонҳои форсии Мактаби миллии забонҳои зиндаи шарқӣ (ҳоло Институти миллии забон ва тамаддунҳои шарқӣ).

Катрмер тавассути нашри интиқодии осори таърихии донишмандони асримиёнагии Шарқ – Ибни Халдун (“Prolegomenes dEbn – Khaldoun: texte arabe publie, d’apres les manscrits de la Bibliothegue imperial, par M/Quatremere’, vol. 1-3, 1858) Рашидуддини Фазлуллоҳ, Мақризӣ маъруф гардид.

Муаллифи чанд рисола оид ба таърих, ҷуғрофиё ва адабиёти кишварҳои Шарқ, махсусан Миср. Ў бори аввал матни комили  “Муқаддима”-и Ибни Халдунро дар Аврупо нашр кард.

Бозчоп аз: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – 2020, Душанбе. – Ҷ.9. – С. 638.

Муаллиф:  Пирумшоев, Ҳ.

Таҳияи Муҳаббат Киром

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ